Нашри китоби нав дар бораи Аҳмад Зоҳир

Нашри китоби нав дар бораи Аҳмад Зоҳир

“Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ”. Чунин ном дорад китоби пажӯҳишгар ва рӯзноманигори  тоҷик Султони Ҳамад, ки ахиран нашр шуд. Ин чорумин китоби пажӯҳишгари тоҷик дар бораи ин хунёгари беҳамто ва ин нобиғаи нотакрори асру замон Аҳмад зоҳир аст. Аввалин китоби Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир соли 2005 бо номи «Аҳмад Зоҳир Султони қалбҳо» чоп шуд ва ҳамин китоб дубора бо иловаву тағйирот соли 2012 ба чоп расид.  Соли 2007 «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» ва соли 2012 «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» интишор ёфт, ки аз ҷониби мухлисони ҳунари Аҳмад Зоҳири нотакрор ба хушӣ пазируфта шуд. Аммо марҳум Султони Ҳамад ба пажӯҳишу кофтуковҳои худ ҳамоно идома медод ва билохира тасмим гирифт китоби нисбатан мукамматареро нашр кунад. Онро омода сохт, вале аҷал имконаш надод шукуфтани гули орзуи худро бубинад. Инак, баъди марги пажӯҳишгар фарзандони марҳум орзуи падарро амалӣ карданд ва китоберо бо беҳтарин сифату ороиш ва бузуртарин ҳаҷм ба нашр расонданд.

Китоб аз панҷ боб иборат буда, боби аввали он хабару мақолаҳо дар бораи «Аҳмад Зоҳир» ном дорад. Дар он маводҳое ҷой дода шудаанд, ки ҳамагӣ дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир маълумоти тоза медиҳад ва ё дар бораи афроде низ сухан меравад, ки рӯзгор ва осори онҳо низ ба Аҳмад Зоҳир робитаи зич дорад. Масалан, мақолаҳо дар бораи Зулфиқори Азиз – овозхони маъруф, шоири фақид – Ҷамшеди Раҳимзод, ки ашъораш моломол аз васфи Аҳмад Зоҳир аст.

Дар ҳамин боб мақолаҳо дар бораи Зоҳир Ҳувайдо – овозхони машҳур ва дӯсти Аҳмад Зоҳир, Шоҳвалӣ Валии Таронасоз – оҳангсози машҳур, Ришод Зоҳир – фарзанди Аҳмад Зоҳир ва боз чанд тани дигар, ки бо зиндагии Аҳмад Зоҳир иртибот доранд, рӯи чоп омадааст.

Ҳамчунин мақолаҳое гирдоварӣ шудаанд, ки то кунун дар ягон нашрияи кишвар чоп нашудаанд ва яке аз инҳо хотираи хеле ҷолиби овозхони варзидаи кишвар Манижа Давлатова мебошад. Манижа ин мақоларо махсус барои китоби нави Султони Ҳамад навиштаву ҷойи дигар онро интишор надодааст.

 Дар боби дуввуми мусоҳибаҳои муаллиф  дар бораи Аҳмад Зоҳир гирдоварӣ шудаанд. Дар ин боб муаллиф касонеро ба хонанда шинос мекунад, ки бо Аҳмад Зоҳир аз наздик ошно буданд. Аз ҷумла, бо Забеҳуллоҳи Амонёр – дӯст ва шогирди Аҳмад Зоҳир, бо Халили Роғиб – шореҳи мусиқии ТВ «Ориёнои Афғонистон», Абдуллоҳи Эътимодӣ, мусиқишинос ва оҳангсоз, Ҷӯрабек Муродов – Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷӯрабек Назрӣ – Ҳунарпеша ва донишманди мумтоз, дӯсти Аҳмад Зоҳир, шоира Меҳриниссо ва дигарон.

 Боби саввуми китоб «Мусоҳибаҳо бо Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир» номгузорӣ шудааст. Дар ин боб мусоҳибаҳое ба нашр расиданд, ки рӯзноманигорони тоҷик, Хуршеди Атоуллоҳ, марҳум Валиҷон Баёнӣ, Зулолаи Нур оиди китобҳо ва умуман дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир саволу ҷавоб кардаанд.

  Боби чаҳоруми китоб «Таҳияи осори дигарон» ном дорад. Дар ин боб маводҳое ба нашр расидаанд, ки муаллифонашон асосан журналистон ва нависандагони Афғонистон ҳастанд. Онҳоро аз рӯзномаҳо, солномаҳо ва китобҳои бо ҳуруфи форсӣ дар Афғонистон чопшуда, инчунин аз наворҳои радио ва телевизиони он кишвар таҳия намуда пешкаши хонандагон гардиданд.

Дар ҳамин китоб бори аввал шакли комили чаҳор мусоҳибае, ки журналистони Афғон бо шодравон Аҳмад Зоҳир дар вақти дар қайди ҳаёт буданаш бо ӯ доир карданд, бо ишора ба нашрия, муаллифи мусоҳиба ва санаи нашр ба табъ мерасад.

Ва ниҳоят боби панҷум «Тақриз ва китобиёт» ном дорад. Дар ин боб тақризҳои ба китобу мақолаҳои дар мавзӯъи Аҳмад Зоҳир навиштаи Султони Ҳамад иншонамудаи профессор, доктори илмҳои филологӣ Олим Хуҷамуродов, Шоири халқии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, устод Назри Яздонӣ, мунақидони адабиётшинос номзадҳои илми филология Раҷабалӣ Худоёрзода, Ҷамолиддин Саидзода ва ғайра, инчунин мақолаҳои тақризии Султони Ҳамад оиди китобҳои дигар муаллифон, ки дар бораи Аҳмад Зоҳир чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз кишвар таълиф гардидаанд, ҷой дода шуданд.

Мутаассифона, дар ин китоб силсила мақолаҳои Султони Ҳамад таҳти унвони «Аҳмад Зоҳир ва сад шоир», ки дар беш аз панҷоҳ шумораи ҳафтаномаи «Рӯзгор», солҳои 2013 – 2014 ба табъ расида буд, канор мондааст. Худи муаллиф дар муқаддима ду сабаби инро нишон додааст: аввалан ҳаҷми китоб намегузошт. Сониян баъди таҳриру такмили силсила мақолаҳо маълум гардид, ки он ба як китоби чанд ҷилдае мубаддал шудааст. Хости Худо бошад, солҳои оянда ба нашр хоҳад расид.

Дар ин китоб хонандаи закӣ маълумоти зиёдеро дар бораи аҳвол ва осори Аҳмад Зоҳир пайдо карда метавонад, ки дар китобҳои аз ин пеш дар бораи Аҳмад Зоҳир ба чоп расондаи муаллиф «Султони қалбҳо», «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ», «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» нахондааст. Баъзе аз ин матлабҳо бори аввал дар ҳамин китоб «Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ» ба нашр мерасанд.

Китоб барои доираи васеъи хонандагон, аз ҷумла мусиқишиносон, оҳангсозон, овозхонон ва алоқамандони мусиқии ноб пешбинӣ шудааст.

Китоби мазкурро аксҳои нодири Аҳмад Зоҳир, пайвандон, алоқамандон, дӯстону мутрибонаш ва муаллифони китобу мақолаҳои дар он истифодашуда боз ҳам ҷолибтар кардааст.