Чанд гуфтанӣ дар мавриди фаъолияти шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ

 Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто хеле корҳоро ба сомон расонид. Тўли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки дар рушду нумўи соҳаи китобдорӣ нақши бузург гузоштанд.

Бахусус азму талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобу китобдории тоҷик такони бузург бахшиданд. Маврид ба зикр аст, ки пас аз касби истиқлолияти давлатӣ ба соҳаи китобдорӣ таваҷҷўҳи хосса зоҳир гардид. Аз ҷумла, таҳия ва ба тасвиб расидани силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурўшӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баргузории намоишҳои байналмилалии китоб, таҷлили ҳамасолаи «Рўзи китоб» дар мамлакат ва бунёди бинои нави Китобхонаи миллииТоҷикистонро метавон аз муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ кард.

Пас аз Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (с.2003) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» (с. 2003), ҳамчунин ба талаботу ниёзҳои ҷомеаи муосир мувофиқ намудани самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардашуд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани санадҳои мазкур «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми декабри соли 2021 баррасӣ шуд. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур беҳбуд бахшидан ба ҳамаи самтҳои фаъолияти Китобхонаи миллӣ, ба хусус рақамигардонии фонди китобхона, таъсиси бахши таъмир ва тармими ҳуҷатҳо, ташкил намудани курсҳои бозомўзӣ, таъсиси маҷаллаи илмӣ ва автоматикунонии равандҳои хидматрасонӣ, компютеркунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхона, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа ва такмили сатҳи дониши касбии китобдорон мебошад.

 Ҳамзамон, дар даврони соҳибистиқлолӣ анъанаҳои неки китобу китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав, нашри силсилаи асарҳои бадеӣ, адабӣ, илмӣ, таърихӣ, таълимӣ ва амсоли инҳо бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати ҳамаҷониба ёфта, соҳаи китобдорӣ рў ба инкишоф овард.

Яке аз шуъбаҳои хидматрасонӣ, ки дар сохтори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба гурўҳи хонандагони наврас хизмат мерасонад, ин шуъбаи кўдакон ва наврасон ба хисоб меравад. Шуъбаи кўдакон ва наврасон дар асоси «Оиннома»-и Китобхонаи миллӣ моҳи марти соли 2013 ҳамчун бахш дар назди шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён ташкил шудааст ва бо мақсади ҳарчи хубтару беҳтар фароҳам овардани фазои иттилоотиву маънавии кўдакон ва наврасон ба роҳ монда шудааст. Бо фаъолияти дастгири роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи мазкур 1-уми марти соли 2017 ҳамчун шуъбаи мустақил тасдиқ гардид. Ин шуъба ба хонандагон аз синни 7 сола то 17-сола хизмат мерасонад. Асосан фонди адабиёти кўдаконаи шуъба бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, испанӣ ва ғайра мебошад. Фонди шуъба аз 5500 адад адабиёт иборат буда бо забонҳои тоҷикӣ 3377, русӣ 1228, хориҷӣ 140 ва рўзномаю маҷаллаҳои кўдакона 530 ададро ташкил медиҳанд.

Чорабиниҳо ва машварату маҳфилҳои гуногун аз қабили «Ҳамешабаҳор», «Дастони моҳир», «Дар суҳбати адиб», «Беҳтар аз дўст», «Маҳфили адибони наврас», «Ҳаёти солим» ва ғайра баргузор мегардад, ки завқу шавқи хонандагонро зиёд менамояд.

  Инчунин дарсҳои омўзиши ҳарфҳо, маҳфилҳои расмкашиву, дастони моҳир ва дигар машғулиятҳои шавқовар баргузор мегарданд. Ҳамкории шуъба бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ, шабакаҳои телевизони «Баҳористон», «Сафина» ва ғайра хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар толори хониши шуъба 73 ҷойи нишаст барои хонандагон муҳайё гардидааст. Дар 14 адад компютерҳо, ки бо барномаҳои таълимию тарбиявӣ пайваст карда шудаанд, ки ин барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон муҳим арзёбӣ мешавад ва барои ҳар як хонанда 30 дақиқа баъд аз мутолиаи китоб вақт гузошта мешавад. Дар барномаҳо омўзиши забонҳои хориҷӣ, аз қабили забони англисӣ, забони русӣ, ҷамъ ва тарҳ намудани ададҳои математикӣ, рангу бор намудани расмҳо, сохтани бозичаҳо, ёфтани ҳарфҳо, ворид карда шудааст, ки ҳар хонанда метавонад мустақилона истифода баранд ва дониши худро сайқал диҳанд. Инчунин кормандони шуъбаи мазкур ба хонандагони наврас истифода аз технологияи муосири иттилоотиро меомўзонанд. Боиси қайд аст, ки ҳайати кормандони шуъба бо хонандагони наврас тавассути технологияи муосир онлайн конфронсҳо бо кишварҳои ИДМ баргузор менамоянд. Инчунин як қатор фонди шуъба тавассути аксбардорӣ дар шакли электронӣ пешкаши хонандагони наврас гардонида мешавад.

Имрўзҳо ҳайати кормандони шуъба тасмим гирифтанд, ки тавассути сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои хонандагони наврас, ки дар минтақаҳои дурдаст истиқомат менамоянд истифодабарандаи китобҳои электронӣ гарданд. Баҳри пешрафти фаъолияти кор ҳайати кормандони шуъба тасмим гирифтанд, ки машғулиятҳои «Компютер меомўзем»-ро ҷорӣ намоянд, ки дар он тамоми хонандагони наврас аз нозукиҳои истифодабарии технологияи муосири иттилоотӣ, ки ба шароити замона мутобиқ аст, омўзанд.

 Сафарова Сайрон – мутахассиси пешбари шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ.