«Гулнор ва ойина» ба Китобхонаи миллӣ расид  

Ин китоби рўзноманигор ва адиби маъруфи Афғонистон Раҳнавард Зарёбро Сипеҳри Кароматуллоҳ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа намуд. «Гулнор ва ойина» аввалин китоби адиби шинохта аст, ки дар Тоҷикистон нашр мешавад ва онро Сипеҳри Кароматуллоҳ аз форсӣ баргардон намудааст.

Китоб роману достонҳои кутоҳи нависандаи забардастро дар бар гирифта, бо кумаки молии Атомуҳаммади Нур ба нашр расид.

Муҳаммадаъзам Раҳнавард Зарёб нависандаи достонҳои кўтоҳ, рўзноманигор ва муҳақиқи адабии маъруфи Афғонистон дар нимаи дуввуми асри 20 ва ду даҳаи асри 21 буд.

Ў 25-уми августи соли 1944 дар хонаводаи як зиёии тоҷик дар маҳаллаи Рикохони Кобул ба дунё омад. Падарш аз Ғазнӣ ва модараш аз Балх буданд. Зарёб пас аз лисаи машҳури Ҳабибияи Кобул риштаи рўзноманигории Донишгоҳи Кобулро хатм кард. Сипас, тариқи бурсияи таҳсилӣ ба Бритониё рафт ва аз Донишгоҳи Велси Ҷанубӣ гувоҳиномаи коршиноси аршадро гирифт.

Пас аз бозгашт дар авоили даҳаи 1970 Зарёб дар Кобул ба рўзноманигорӣ машғул шуда, дар рўзномаву маҷаллаҳои маъруф «Жвандун», «Ислоҳ», «Анис», «Ariana» ва «The Kabul new times» (инглисӣ) дар вазифаҳои поёниву раҳбарӣ фаъолият намуд. Баъд дар вазорати иттилооту фарҳанги Афғонистон кор кард ва як муддат раиси Иттиҳодияи нависандагони Афғонистон (1989-1991) буд.

Зарёб соли 1992 ба Русия ва сипас ба Фаронса ҳиҷрат намуда, соли 2001 дубора ба Кобул баргашт. Як замон мушовири вазорати иттилооту фарҳанги Афғонистон буд, ки баъдтар истеъфо дод. Аз соли 2015 дар телелвизиони «Тулуъ» сардабир буд.

Ў 10-уми декабри соли 2021 аз маризии «вируси корона» вафот кард.

Ҳамсараш Спажмай Рауф Зарёб низ адиби маъруфест. Се фарзанди духтар доранд ба номҳои Нигин, Шабнам ва Паранд.

Зарёб аз классикони зиндаи адабиёти тоҷику форс ба шумор меомад. Аз ў ин китобҳо ба чоп расидаанд: маҷмўаи достонҳои кўтоҳ – «Шаҳри тилисмшуда», «Марде, ки сояаш таркаш кард», «Дузди асп», «Ва борон меборид», «Саг ва туфанг», «Морҳои зери дарахтони санҷид», «Ҳазёнҳои даври ғурбат»; филмномаи «Ахтари масхара»; тарҷумаҳо-«Пероҳанҳо» (чанд достон аз чанд нависандаи ҷаҳон); маҷмўаи мақолаҳои пажўҳишӣ –«Ҳошияҳо», «Гунги хобида», «Поёни кори се рўинтан», «Чиҳо, ки навиштем» ва ғайра; романҳо «Гулнор ва ойина», «Чор гирди қулло гаштам», «Шўрише, ки одамизодагакон ва ҷонваракон барпо карданд», «Қаландарнома», «Кока Шашпур ва духтари шоҳи париён», «Дарвеши панҷум», «Сиккае, ки Сулаймон ёфт»; романҳои нотамом –«Себ ва Аристотолис», «Розҳои дояи пир», «Ва саранҷом оқои сарҳархез бедор мешавад» ва «Зани бадахшонӣ».

Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.