Чанд сатре ба зодрӯзи Мастона Эргашева

Мастона ЭргашеваИмрӯз зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева аст. Сарояндаи маҳбуб 70 сол пеш дар чунин рӯзе ба дунё омадааст. Ба ин муносибат Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷо бо Вазорати фарҳанг, Маркази байналмиллалии таҳқиқоти мусиқии мардумони Ховар (Борбад) ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябр дар толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таҳти унвони “Нақш ва ҷойгоҳи зан дар ташаккул ва пешрафти фарҳанги бадеӣ: анъана ва имрӯз” ҳамоише баргузор мекунанд.

Дар остонаи 70-солагии ҳунарманди шинохта бо номҳои “Мастона месрояд” ва “Нақш ва ҷойгоҳи зан дар ташаккул ва пешрафти фарҳанги бадеӣ: анъана ва имрӯз ду китоб ба чоп расид, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ҳунарманд бахшида шуда, дуюмӣ маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ мебошад, ки Аскаралӣ Раҷабов гирдоварӣ кардааст.

Дар «Донишномаи Шашмақом», ки соли 2009 чоп шудааст, дар бораи Мастона Эргашева мехонем:

Ҳунарманди  халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (1999), хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1974), Устоди консерваторияи миллии Тоҷикистон, донанда, иҷрокунандаи мақомҳо  ва мусиқии мардумии муосири тоҷик.

Мастона Эргашева  фаъолияти эҷодию иҷроияшро дар театри  академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ (1974-1975)  ба сифати актриса  оғоз намуда, сониян роҳбарии бадеии Қасри  фарҳанги ш. Исфараро (1975-1976) ба уҳда доштааст.

Аз соли 1978 ҳамчун узви дастаи «Шашмақом» ба номи  Ф. Шаҳобов ҳунарнамоӣ намуда, дар иҷрои шохаҳои овозии  мақомҳо ва сабти он  бо ҳамовозии сарояндагон саҳми хоса дорад. Маҳорати  хуби Мастона Эргашева дар иҷрои таронаҳои «Нимчўпонӣ» (ғазали А.Бедил), «Наврўзи  Сабо» (ғазали Ҳофиз), «Уфари савти камол» (ғазали Нозим) ва ғайра бараъло эҳсос  шуда, дар иҷрои шоҳаҳои дигари «Шашмақом» ифодаҳои рангомези сарояндагиро ба харҷ додааст.

Мастона  Эргашева чун оҳангсоз-таронасоз мусаннифи   сурудҳои «Зинда бод коргар», «Таронаи замон» (шеъри Ф.Ансорӣ), «Ташаккур» (шеъри Б.Фаррух), «Ба модарам» (шеъри Г.Сулаймонова), «Шаҳри ман» (шеъри О.Аминзода) ва ғайра  буда, дар иҷрои асарҳои оҳангсозони тоҷик З. Шаҳидӣ, Ш.Сайфиддинов, Д. Дӯстмуҳаммадов, Х. Абдуллоев, Қ.Яҳёев, А. Мўсоев ва ҳамчунин суруду таронаҳои мардумӣ маҳорат, завқи нафиси иҷроияшро намоиш додаст.

Мастона  Эргашева  иштирокдори  чандин ҷашнвора, Симпозиумҳои  байналмилалии мусиқӣ  (Самарқанд, 1978, 1983, 1987), (Эрон 1999),  (Исфара 2003), (Душанбе 2006) буда, шохаҳои  ҷудогонаи «Шашмақом»-ро  бо сабки хоси сарояндагӣ, лаҳни муассир манзури ҳаводорони созу навои дилнишин гардонидааст.

Мастона Эргашева бо барномаи хосаи консертӣ дар ҳайати ҳунарварони тоҷик дар  ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои  хориҷии Шарқу Ғарб (Полша-1973),  (Югославия-1975),  (Афғонистон-1984, 1987),  (Кипр-1984), (Булғория-1988), (Эрон-1999) ва ғайра  ҳунарнамоӣ кардааст.  Ў дар сабти  нави «Шашмақом»-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хазинаи тиллоии радиои  кишвар маҳорати баланди сарояндагиашро ба харҷ дода, асрори ниҳонии мақомҳоро имрўз ба ромишгарони ҷавон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон меомўзонад.

Мастона Эргашева барои хидматҳои шоистааш дар тарғибу рушди мусиқии устодона ва муосири тоҷик ба дарёфти унвону ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

Таҳияи Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар
.