Забондонӣ – роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон

ЗабондонӣНависандаи олмонӣ Иоҳан Волфанг фон Гёте таъкид намудааст, ки: “Шахсе, ки ду забони хориҷиро медонад, вай арзиши ду инсонро дорад”. Воқеан, забономӯзӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дар муваффақ шудан ва дурахшон намудани ояндаи ҳар яки мо метавонад мусоидат намояд. Ҳамчунин, забономӯзӣ роҳи моро ба тамоми дунё боз мекунад ва имкониятҳои фарохро пешрӯямон мегузорад. Вақте ки мо забонҳои хориҷиро аз худ мекунем, метавонем, ба давлатҳои мухталиф сафар кунем, таҳсил намоем ва мутахассиси варзидаи соҳаи хеш гардем. Ҳамчунин, вақте мо як забонро аз худ мекунем, ба ин восита таъриху фарҳанги миллатамонро метавонем ба дигарон муаррифӣ созем.

Маҳз муҳиммияти воло ва аҳамияти рӯзмарра доштани забономӯзист, ки дар кишвари мо дар самти мазкур чораҳои зарури пешбинӣ ва амалӣ шуда истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин масъала бевосита таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷавонону наврасонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ пайваста роҳнамоӣ месозанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид месозанд, ки дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор аст.

Забономӯзӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ тақозои замон буда, ҳар як фарди огоҳ ва бедордил барои васеъ намудани имконоти худ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагиаш бо омӯхтани забонҳои хориҷӣ бояд рӯ орад. Хосса омӯзиши забонҳои русию англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ айни ҳол эътибори аввлиндараҷа дошта, омӯзиши ин забонҳо бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо дарназардошти муҳиммияти хосса доштани азхудкунии забонҳои хориҷӣ таъкид намуданд, ки: “Ман борҳо гуфтаам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як шахс ва дар навбати аввал, ҷавонон бояд ғайр аз забони давлатӣ ду забони хориҷиро дар сатҳи забони модарӣ донанд, зеро ин тақозои замони муосир мебошад. Илова бар ин, ҳар як донишҷӯ, сарфи назар аз ихтисоси интихоб кардаи худ, бояд забонҳои хориҷиро омӯзад ва донад. Замоне мерасад, ки ҳангоми интихоб кардан ва ба вазифа таъин намудани кадрҳо, яъне аъзои Ҳукумат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумати мамлакат ва вакилони мардумӣ, хулоса, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи талаботи асосӣ мегардад”.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ин раванд аз ҳар як сокини сайёра талаб мекунад, ки забонҳои хориҷиро донад. Чун донистани забонҳои хориҷӣ ягона воситаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии он ба шумор меравад. Ба таъкиди Пешвои миллат: “Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд”.

Воқеан, донистани забонҳои хориҷӣ ба мо имкон медиҳад, ки фарҳанги худро муаррифӣ созем, анъанаҳои дигар мамоликро омӯзем, тиҷоратамонро ривоҷ диҳем, дар муносибат бо шарикони хориҷӣ пешгом бошем, малакаи баргузории гуфтушуниди худро боло барем, дар ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ кор кунем, дар ҷалби сармояи хориҷӣ саҳм гузорем, дар барномаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзем ва амсоли ин.

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз худ намудан ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат имрӯз ҳар шаҳрванди кишвар имкон дорад, ки забондонии худро равнақ дода, дар муддати кутоҳ як-ду забони хориҷиро аз худ намояд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси роҳбарияти муассиса курсҳои пайвастаи омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, чинӣ ва куриёӣ ба роҳ монда шудааст. Онҳое, ки шавқу завқ ва рағбати забономӯзӣ доранд, метавонанд дар Китобхонаи миллӣ дар муосиртарин шароит дар назди омӯзгорони ботаҷриба ва бомалака забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, чинӣ ва куриёиро аз худ кунанд. Моро зарур аст, ки бо истифода аз ин  шароитҳо дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ кӯшиши бештар намоем.

Шаҳодатхон ДАВЛАТОВА Шаҳодатхон ДАВЛАТОВА.