Чаро  мо бояд Президентро дӯст дорем?

Ҳамасола 16-уми ноябр ба хотири арҷ гузоштан ба хидматҳои бузургу бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллату давлати тоҷик ва сипос ба арзишҳои давлатӣ, милливу шаҳрвандӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.

Дар ҳамин рӯзи муборак Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қасами вафодорӣ ба халқу Ватан ёд карданд ва воқеан, Пешвои муаззами миллат ба савганди ёдкардаи хеш содиқ монданд ва миллати тоҷикро аз парокандагиву бесарусомонӣ, сарзамини Тоҷикистон ва миллати тоҷикро аз хатари нестшавӣ раҳоӣ бахшиданд.

Фаъолияти сиёсӣ ва сиёсати сулҳофарини Президенти фарзонаву тавоно Эмомалӣ Раҳмон мактаби омӯзиш барои ҷаҳониён гардидааст. Эътирофу эътибори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсии ҷаҳон иртиботи ногусастанӣ ба сиёсати сулҳофариниву ваҳдатсароӣ дорад. Ин марди шуҷоъ ва барҷаста бо паси сар кардани рӯзҳои сангин ва фоҷиабор тавонистанд сулҳу оромиро дар саросари кишвар барқарор кунанд, миллати парокандаро ба ҳам оранд ва шарораи умеду эътимод ба ояндаро дар дили ҳар сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол барафрӯзанд.

Президенти муаззами мо дар роҳи расидан ба оромиву суботи кишвар, расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиставу пурсаодат барои халқ на танҳо тамоми маҳорат, ақлу заковат ва донишу истеъдоди хешро сарф кардаанд, балки дар ҳассостарин лаҳзаҳо ҳастии худро дареғ надоштаанд.

Дар бобати хизматҳои шоистаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин шахсияти бузург ва сиёсатмадори камназири ҷаҳонӣ рӯзҳову, моҳҳову, солҳо ҳам сухан кунем кам аст. Гарчанде мақолаву китобҳои зиёде аз ҷониби муаллифони ватаниву хориҷӣ ба нашр расидаву филмҳои ҳуҷҷатии зиёде рӯйи навор омадааст, ҳанӯз нақши сиёсии ин абармарди арсаи сиёсат аз ҷониби коршиносони сиёсӣ мавриди таҳлилу баррасиии ҳамаҷониба қарор нагирифтааст.

Пас, барои арҷ гузоштан ба хидматҳои бузургу бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллату давлати тоҷик мо низ кӯшиш ба харҷ диҳем, то барои ватани худ ва миллати худ, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва сиёсати пешгирифтаи ў софдилона хизмат намоем, ба ин оромиву субот, сулҳу ваҳдат ва осоиштагиву хотирҷамъӣ шукргузорӣ намоем.

 

Раҳмонова Бунафша