“Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ”

Номи китобест, ки бо талоши “Маркази исломшиносӣ”-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр шудааст. Эмомалӣ Насриддинзода, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар сарсухан ба ин китоб навиштааст:

Имрӯзҳо, вақте кишвари азизамон 30  соли истиқлоли худро паси сар карда истодааст, зарурати омӯзиши ҳамаҷониба ва арзёбии паҳлӯҳои гуногуни истиқлолияти давлатӣ ва роҳу воситаҳои эҳёи арзишҳои миллӣ ба миён омад. Масъалаи омӯзиши таъсири ҷанбаҳои мухталифи омӯзаҳои дини ислом дар доираи рушди фарҳанги миллӣ ва фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои муҳим ва меҳварӣ ба шумор меравад.

            Тағйироти вазъ дар равандҳои идеологӣ-сиёсӣ ва шиддат гирифтани чолишу хатарҳои нав дар ҷаҳони муосир, ба хусус кишварҳои мусулмонӣ, неруи  идеологии исломро ба омили  тавоно ва абзори таъсиргузор ба равандҳои сиёсию фарҳангӣ  табдил додааст. Хатар ва чолишҳои  навин дар замони муосир аз  ниҳодҳои дахлдори илмӣ- таҳлилӣ тақозо менамояд, ки ба хотири  нигаҳдории пояҳои устувори фарҳанги миллӣ ва таъмини сулҳу суботи бардавом хулосаҳои асосноки илмӣ ва посухҳои саривақтӣ пешниҳод намоянд, зеро то сарчашмаи ҳар як баҳсу  низои динӣ таҳкиқ карда нашавад, берун овардани он аз шуури  ҷамъиятӣ ғайриимкон мегардад.

Созмон додани  фазои солими тафаккуру  ҷаҳонбинии дунявӣ, пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва беҳтар намудани сармояи инсонӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ ба истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма, баргузор намудани ҳамоишҳои илми- амалӣ ва назариявӣ- методологӣ, нашри маҳсулоти чопии зарурӣ, мақолаҳои илмию таҳлилӣ, вокунишҳои саривақтии тахассусӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар сатҳҳои  гуногун пайванди ногусастанӣ дорад.

            Гурӯх ва афроди алоҳида дар ҳама давру замон аз дин барои  расидан ба манфиатҳои ғаразноки худ сӯиистифода карда, бо ҳамин амал арзишҳои маънавию ахлоқии динро коҳиш медоданд. Дар натиҷаи чунин рафторҳои саҳлангорона  мафкураи динӣ аз  рисолати аслии худ дур рафта, баъзан  барои аз байн бурдани  давлатдории миллӣ истифода бурда мешуд. Ҳол он ки таъиноти асли ин дин эътиқоди инсони комилу солеҳ чунин нест ва буда ҳам наметавонад. Боварҳои динӣ ҳамчун паҳнои озодии эътиқод, шакли шуури ҷамъиятӣ  ва навъе аз ҳуқуқи инсон аст, ки бо таълимоти хосаи ахлоқӣ ва эътиқодиаш таърихан ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ баромад карддаст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз нисбат ба дин муносибати махсуси фарҳангӣ дорад ва ба рушди он ҳамчун як рукни фарҳанги миллӣ ва василаи тарбияи маънавӣ- ахлоқии тамоми ҷомеа таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир менамояд. Барои таъмини фазои болидаруҳӣ ва рушди бемайлони иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ неруҳои созандаи дорои дидгоҳ ва андешаи солим бояд имкониятҳои илмӣ ва  зеҳниашонро  баҳри идроки дурусти тамоми паҳлӯҳои ҳаёти сиёсӣ,  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар сафарбар намоянд.

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати  давлатӣ дар соҳаи  дин ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иҷрои лоиҳаи Барномаи илмӣ-таҳқиқотиро дар мавзӯи  “Инъикоси хусусиятҳои сиёсӣ- идеологии исломи муосир дар фазои  иттилоотӣ ва таъсири он ба ташаккули шуури ҳуқуқӣ-динӣ ва анъанаву маросим дар ҷомеаи Тоҷикистон” (барои  солҳои 2019-2022) идома дода истодааст.

Дар доираи лоиҳаи мазкур таҳлилу баррасии мавзӯъҳои марбут ба масъалаҳои исломшиносию диншиносӣ дар ҷомеаи  шаҳрвандии кишвар, ба мисли равандҳои сиёсӣ ва идеологии исломи муосир ва таъсири он ба вазъияти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, анъанаҳои динӣ-ҳуқуқӣ ва масъалаи ҳуқуқи миллӣ дар шароити давлати дунявӣ, таҳияи захираҳои иттилоотӣ ва ташхиси диншиносӣ, хусусиятҳои мардумӣ – фарҳангии маросимҳои динӣ ва танзими иҷтимоии онҳо дар ҷомеаи муосир ва муаррифии маъхазҳои хаттӣ оид ба дини ислом ва мазҳаби ханафии мовароуннаҳрӣ ба нақша гирифта шудааст.

Маводи пешниҳодгардидаи илмӣ ва таҳлилии Марказ барои  шинохти равандҳои нави мафкуравию сиёсӣ дар исломи муосир ва ошкор кардани моҳияту хусусиятҳои онҳо, муайян намудани нақши равандҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва таъсири он ба вазъи динию сиёсии кишвар, таъйини асосҳои илмии сиёсати давлати дунявӣ нисбат ба дин ва иттиҳодияҳои динӣ, тақвияти равандҳои созандаву  бунёдӣ дар пойдории давлатдории миллии дунявӣ ва дигар масоили  мубрами идеологӣ муфид ва арзишманданд.

Итминон дорем, ки маҷмӯаи мазкур барои олимону  коршиносони соҳаи диншиносӣ, ба хусус исломшиносон, файласуфон, Ҳуқуқшиносон, шарқшиносон, сиёсатшиносон, фарҳангшиносон ва умуман барои доираи васеи хонандагон дар роҳи фаҳм ва дарки  арзишҳои миллии даврони истиқлолият ба манфиати кор хоҳад буд.

Китоби “Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Таҳияи Малика Абдуллоева, Мутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.