Чаро Зебуниссо аслан издивоҷ накард?
Посухи ин суол имрӯз ҳам мушкил аст, чун сарчашмаҳои адабӣ дар ин бора фикру мулоҳизоти гуногун баён доштаву аз ҷониби худи шоираи маъруф дар ин бора ишораи дақиқе нашудааст. Дар чандин мақолаҳое, ки дар Тоҷикистон ҳам чоп шудаанд, муаллифон атрофи ин масъала мулоҳизаҳои мухталиф доштаанд.
Мақолае, ки ҳоло мехонед, ба қалами А.Мухтор мутааллиқ буд, соли 1983 дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” (№7) бо номи “Шоири мумтоз” чоп шудааст.
ШОИРИ МУМТОЗ
Яке аз шоираҳои бузург ва номбаровардаи адабиёти классики форсу тоҷик Зебуниссо мебошад. Дар матбуоти имрӯзаи мо доир ба ҷараёни ҳаёт ва эҷодиёти ин шоира фикрҳои гуногун пайдо шудаанд. Мақсади ин мақола ба ин баҳс шарикӣ кардан нест. Мо мехоҳем диққати адабиётшиносони тоҷикро ба сарчашмаи таърихӣ ҷалб намуда, ба фикрронии тозаи онҳо кӯмаке расонем.
Иқтибоси мо доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоира аз асарест, ки ба қалами муаррихи нимаи авали асри XIX Муҳаммад Ҳакимхон тааллуқ дорад.
Ҳакимхон дар асараш «Мунтахаб-ат-таварих» доир ба фарзандони Аврангеб (1958-1707) ва барои чӣ шавҳар нокарда, ба танҳоӣ ҳаёт ба сар бурдани шоира Зебуниссо чунин маълумот овардааст: «Аврангзебро як писар буд – Баҳодуршоҳ ном ва се духтар буд: Фахриниссо, Хайриниссо ва Зебуниссо». Ҳар кадоми ин мастураҳо дар пардаи исмат нишаста, қаду болои худро ба зевари фазл ороста буданд.
Зебуниссо кӯчактарин духтари Аврангзеб буд. Дар миёни нисо, хусусан дар ботини духтарони подшоҳон аз бинои олам то ба ин вақт дар боби табъ мисли ӯ нагузаштааст. Магар, духтари Фатхалишоҳи (1797-1834) эронӣ, ки Парисултон ном дошта, лақабаш Зиёуссалтана буд.
Ӯро (Зебуниссоро) ба писари Ҳакими Сангарзлон (?), ки Хусравхон ном дошт, дода буданд…
Шеъри Зебуниссо бисёр аст. Мо аз он ҷумла чандеро дар қалам овардем. Гӯянд: сабаби машқи ӯ аввал ин буд, ки Хайринисоро ба яке шаҳзодаҳои ҳамон аср зифоф (тӯи арӯсӣ) воқеъ шуда буд. Баъд аз инқазои муддати ҳамл овони вазъи ҳамл шуд. Ин хабарро Зебуниссо шунида ба сари Хайриниссо омада дид, ки гоҳо худро медонад ва гоҳо намедонад. Ба чандин машаққат ва заҳмат баъд ва гоҳо соате фарзанде дар вуҷуд омад.
Зебуниссо ин ҳолро мушоҳида намуд, дар ҳамон ҷо аҳд намуд, ки аз дунё беҷуфт гузарад…
Гӯянд: рӯзе Аврангзеб подшоҳ ба сайри гули наргис баромада, вақти бозгашт иттифоқан як даста наргис ба сари худ халонида буд, ба ҳарам дохил шуд. Тамоми мастураҳои ҳарам дар пеши ӯ ҳозир буданд. Чун чашми ӯ (Аврангзеб) ва Зебуниссо уфтод, гуфт: «Эй нури чашм, ҳоло ба хотири мо як мисраъ расидааст, дигарро шумо тазмин кунед». Ва ин мисраъро хонд.
Ин на наргис, ки ту дидӣ ба сари афсари мо,
Зебуниссо ба муҷарради шунидани ин мисраъ аз падари бузургвор, замини хидмат бӯса дод, аз ҷои худ сипандосо бархост, било таваққуф ин мисраъ бархонд:
Ба тамошои ту берун шуда чашм аз сари мо.
Аз ин тазмин шоҳ бисёр хурсандӣ намуду гуфт: «Як мисраи дигар ҳам ба хотир омад, тазмини ин бисёр машаққат намуд. Инро ҳам мебояд тазмин кунед». Аврангзеб (шеърро) бархонд:
Дари аблақ касе кам дида мавҷуд.
Зебуниссо… чун сарви озод аз ҷои худ бархост ва гуфт:
Магар чашми бутони сурмаолуд.
Аз ин шеър ӯ (Аврангзеб) таҳсинҳо намуд. Гӯянд: ҳафт доман ҷавоҳир (ба Зебуниссо) бахшид.
Ин ду рубоӣ низ азони вай аст:
Эй обшор навҳаргар аз баҳри чистӣ?
Чин дар ҷабин фиканда зи андӯҳи кистӣ?
Дардат чӣ дард буд, ки ҳар шаб, тамоми рӯз,
Сарро ба санг мезадиву мегиристӣ?
Макун рӯ пок бо рӯпок, ин рӯ пок мебинам,
Аз ин рӯ пок бар афлок ман дил чок мебинам.
Чу ҷавҳар рӯи худро пок бо рӯпок месозад,
Гули рашшокро намнок рӯ бар хок мебинам.
Маълумоти дар «мунтахаб-ат-таварих» гирд овардаи Ҳакимхон ҷолиби диққат буда, барои фикррониҳои тозаи адабиётшиносони тоҷик маълумоти иловагӣ дода метавонад. Ҳоло мо, ҳамчун хонандаи ин сарчашмаи таърихӣ, мехоҳем ба баъзе лаҳзаҳои шарҳи ҳолии Зебуниссо фикрронӣ намоем.
Муҳаммад Ҳакимхон Зебуниссоро духтари хурдии Аврангзеб номидааст. Вале баъзеҳо ӯро фарзанди нахустини подшоҳ донистаанд. (Ниг.Ғаффоров.Зебуниссо ва муаллифони «Девони Махфӣ» Садои Шарқ, № 4,1966).
Муҳаммад Ҳакимхон навиштааст, ки Зебуниссо ба писари ҳокими Сангарзлон (Т) Хусравхон номзад буд. Вале ӯ фарзанд таваллуд кардани хоҳараш Хайриниссоро дида, аз ихтиёр кардан даст мекашад. Дар адабиёти мавҷуда, аз ҷумла дар мақолаи А. Ғаффоров гуфта шудааст, ки Зебуниссо хостгорони зиёде дошт. Дар ҷавонӣ ӯ ба писари амаки худ Сулаймоншукӯҳ номзад шудааст. Лекин баъди аз тарафи Аврангзеб кушта шудани бародараш Дорошукӯҳ ва дере нагузашта вафот кардани Сулаймоншукӯҳ Зебуниссо ба таври қатъи қарор додаст, ки тамоми умр шавҳар накунад («Садои Шарқ, № 4, 1966, с. 136»). Дар бораи сабаби шавҳар накардани шоира мо бо фикри тартибдиҳандаи девони ӯ А. Сидқӣ розӣ шуда наметавонем. Ӯ навиштааст: «… мувофиқи урфу одатҳои дарбори шоҳони Ҳиндустон духтароне, ки аз хонадони подшоҳӣ буданд, ба шавҳар кардан ҳуқуқ надоштанд. Зебуниссо аз ҳуқуқи охирини занони давраи худ (яъне шавҳар кардан – А,М.) низ маҳрум буд». Дар ҳеч як мамлакат ва барои ҳамаи давру замони феодалӣ ин одат хос набуд. Чунин одат риштаи силсилаи подшоҳонро решакан карданаш мумкин буд.
Нақли Ҳакимхонро доир ба об афтода нобуд шудани баёзи шоира Нурҷаҳонбегим дар дигар сарчашмаҳо ба Зебуниссо нисбат додаанд (ниг. «Садои Шарқ», №4, 1966, с.137). Ҳалли фарқияти масъалаҳои дахлкардаи Ҳакимхонро бо дигар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ба заммаи адабиётшиносон вогузор намуда, ҳоло мехоҳем диққати хонандагонро ба ду китоби қаламӣ ҷалб намоем, ки ҳар дуи он бо номи «Девони Махфӣ» дар фонди музеи миллии шаҳри Деҳлӣ маҳфуз аст.
Дастнависи аввал зери рақами 5573(2080) иборат аз 76 саҳифа ноқис мебошад. Дар ин китоб шеърҳо бо радифи «те» ба охир расидаанд. Оғози ин девон:
Эй абри раҳматат хуррам гули бӯстони мо,
Гуфтугӯи ҳарфи ишқат матлаи девони мо.
Девони дигари Маҳфӣ (зери рақами 611047) низ бо ҳамин байт оғоз ёфта, аз 140 варақ иборат мебошад. Дастхат унвони хуб дошта, то саҳифаи 6 то гулҳои заррин оро дода шудааст. Ғайр аз ин то варақаи 14 тахаллуси шоира бо ранги қирмизӣ ва матни шеър бо ранги сиёҳ навишта шудааст. Як чанд шеъри баъдина бе тахаллуси шоира омадаст. Яъне ҷое, ки мебояд тахаллус бошад, котиб холӣ гузаштааст (шояд ранги қирмизӣ тамом шуда бошад). Ин тартиб чалакорӣ дар матни баъзе шеърҳо низ мушоҳида мешавад. Илова бар он кирм ба қоғази китоб осеб расонида, хондани хати котиби начандон хушхатро мушкилтар гардонидааст.
Дар охири девон (колофон) чунин қайд ҷолиби диққат аст. «тамом шуд куллиёти Зебуниссо, мутахаллус ба Махфӣ, ба таърихи бисту ҳафтуми майи санаи 1831 исавӣ».
Шеърҳои зерин намудаанд аз ҳамин девони Махфӣ:
То дод навид аз қадамат абр чаманро,
Бикшод бо побӯсии ту ғунча даҳанро.
Гар дур шавад парда зи рухсораи ҳуснат,
Юсуф накунад бори дигар ҳасбватанро,
Бемор, туро нест илоҷе ба ҷуз аз васл
Охир ту макун ковиши ин доғи куҳанро.
Гар дар раҳи ту сурма оҳуи хито шуд(?)
З-он нисбати зулфи ту кунад мушки Хутанро
Мақбули азизон шуда абёти ту, Махфӣ,
Бозам ту диҳӣ дод дар ин арса суханро.
**** **** ****
Ба сина гар ғаматро ҷо набошад,
Ба олам ҳамчу ман танҳо набошад.
Чароғи зиндагонӣ аз ту равшан,
Чунин шамъе ба маҳфилҳо набошад.
Биё, дар чашми ман чун нур ҷо кун,
Ки бе ту мардумакро ҷо набошад.
Ба дарди ишқ, эй шӯхи ҷаҳонсӯз,
Касеро ақлу по барҷо набошад.
Зи бас нолам зи дарди ҳаҷр Махфӣ,
Чу ман мурғе ба гулшанҳо набошад.
Намунаи шеърҳои Манфӣ ҳангоми муқоиса бо шеърҳои дигар шоираҳо ва мероси маълуми Зебуниссо ба тадқиқотчиёни мо барои муайян намудани ҳақиқати ҳол шояд кӯмаке расонанд.
А.МУХТОР
Аз маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» соли 1983, №7.
Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА,
мутахассиси шуъбаи маркетинг ва
менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.