Маҳфили гиромидошти Мирсаид Миршакар дар Иттифоқи нависандагон

Баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе, 10 майи соли 2022 ба ибтикори Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар Хонаи адибон ба ифтихори 110-умин солгарди таваллуди шоири номдори тоҷик, устод Мирсаид Миршакар маҳфил баргузор шуд.

Мирсаид Миршакар бо ашъори барои бачаҳо сурудааш маҳбуби ҳар хонадони тоҷик аст. Ба гуфтаи Камол Насрулло, ки муҷрии маҳфил буд, дар Тоҷикистон шеъре ки бештари хурду бузурги миллат онро ҳифз кардаанд ва аз ёд мехонанд, “Ман калон мешавам”-и устод Миршакар будааст. Ҳамин тавр “Гумон набаред, ки ман хурд ҳастам” ва даҳҳо шеъру сурудҳои устод Миршакар то ҳоло вирди забони пиру барност.

Ба қавли Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки маҳфили гиромидошти хотираи Мирсаид Миршакарро ифтитоҳ кард, ҳақ бар ҷониби Бозор Собир аст, ки Мирсаид Миршакарро “классики адабиёти бачагонаи тоҷик” ном бурда буд. Низом Қосим аз ин байти устод низ ёд кард, ки ҳама шунидаем:

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,

Зиндагиро орзу ширин намуд.

Чанд нуктаро ёддошт кардам, ки суханронони маҳфил дар бораи вежагиҳои осор ва шахсияти Мирсаид Миршакар гуфтанд: (Пузиш агар дар нигориши маънию муҳтаво иштибоҳе рафта бошад).

 Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон:

– Яке аз хидматҳои устод Миршакар саҳми ӯ дар ташаккули достони адабиёти советии тоҷик аст; Ба хотири ин хидмат Мирсаид Миршакар барои достонҳои “Панҷи ноором” ва “Қишлоқи тиллоӣ” Ҷоизаи давлатии СССР-ро дарёфт кард;

– Соли 1957 Мирсаид Миршакар ба Покистон сафар кард ва дар роҳи бозгашт девони ашъори Муҳаммад Иқболро бо худ овард. Баъд аз муддати кӯтоҳе ашъори Иқбол ба хатти сириллик дар Тоҷикистон чоп шуд;

Устод Миршакар аз маъдуд адибони тоҷик буд, ки форсӣ баладанд, ӯ форсӣ менавишт ва форсӣ мехонд;

-Мирсаид Миршакар шоири советӣ ва ба таъбири Мирзо Турсунзода “Ҳар нафас, ҳар қатра хун, ҳар тори мӯяш куммунист” буд.

Абдураҳмон Абдуманнон, адабиётшиноси тоҷик:

-Устод Мирсаид Миршакар поягузори адабиёти бачагонаи тоҷик аст.

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон:

-Мирсаид Миршакар дар адабиёти мо дар радифи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода ҷойгоҳ дорад;

-Аз ибтидо то охири умри эҷодӣ ба адабиёти бачагона сару кор дошт, ҳоло ҳам достонҳои устод ба дарди мо мехуранд;

-Баъд аз даргузашти Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва Боқӣ Раҳимзода, ду пири адабиёти мо дар ду паҳлӯи Муъмин Қаноат, раиси нави Иттиҳодияи нависандагон буданд, то ин созмони эҷодӣ эътибору ҷойгоҳи худро ҳифз кунад;

-Мирсаид Миршакар шахсияти зиндагӣ ва шоири зиндагисаро буд, мирона мезист ва мирона эҷод мекард.

Академик Маҳмадшо Илолов:

 -Мирсаид Миршакар ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихӣ мақоми хос дорад;

-“Прототип “-и муҳаррири нашрияи маҳаллӣ дар “Вахшстрой”, яке аз қаҳрамонҳои асари Бруно Ясенский “Одам пӯсташро иваз мекунад”, ки ҳаводиси даҳаи 1930 водии Вахшро бозтоб дода, устод Миршакар аст;

– Мирсаид Миршакар шахсияте бузург буд.

Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон:

-Мирсаид Миршакар симои нотакрори адабиёти давраи худ буд;

– Аз шеъру суханаш дарёи хирад ҷорӣ мегашт;

-Баландтарин қуллаи Бадахшонро ба номи ӯ гузоштанд, худи устод Миршакар қуллаи баланду бузурги адабиёти мо буданд.

Дар маҳфили бузургдошти 110-солагии таваллуди Мирсаид Миршакар, овозхонҳои шинохта Лола Азизова ва Улфатмоҳ Мамадамбарова ва бонувони гурӯҳи рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон таронаҳоеро бар ашъори ин шоири маҳбуби тоҷик иҷро карданд.

Мутаассифона, натавонистам то поёни маҳфил бимонам.

Аммо мутмаиънам ки бахши поёнии ҷаласаи гиромидошти ин чеҳраи мондагори адабиёти даврони шӯравии тоҷик ҳам ҷолибу хотирмон гузаштааст.

Суҳроби Зиё