Чорабинии солинавӣ бо маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

27-уми декабри соли 2021 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъбон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи маъюбон «Меҳрбахш» чорабинии идона бахшида ба  Соли нави мелодӣ баргузор гардид.

 Дар чорабинӣ намояндагони Муассисаи давлатии “Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”, ҳунармандони Театри давлатии “Лухтак” ва маъюбони Мактаб интернати ҷумҳуриявии кўдакони нобинои шаҳри Ҳисор ва дигар намояндагони ҷамъиятҳои маъбони шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Муовини якуми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, афзуд, ки «Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ғамхорӣ нисбат ба маъюбону ятимон яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суҳбатҳои худ пайваста аҳли ҷомеаро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ ба ятимону маъюбон даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии онҳо ҳамеша иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамоянд»

Дар идома, бо барномаи идона ҳунармандони Театри давлатии «Лухтак» бо саҳнаи худ таъби иштирокчиёнро болида намуданд. Ҳамчунин, дар хотима ба тамоми маъюбон ва иштирокдорони ин маҳфил тўҳфаи солинавӣ тақдим гардид.

Масъулони чорабинӣ ба тамоми онҳое, ки дар баргузорӣ ва ҷиҳати таъмини туҳфаҳои солинавӣ барои маъюбон таъмин намудашон изҳори сопос намуда, барои ҳамагӣ бурдбориҳои беназирро орзуманданд.

Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон