Китоби нав. Маҷид Салим. “Шоҳуқоб”

Ин китоб бо дастгирии ташкилоти байналхалқии Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии ( НАБУ) Олмон чанде пеш нашр шудааст ва тавре аз номаш пайдост, ҳикоят аз парандае дорад бо ҳамин ном. Хонандагон бо ҳикоя ва қиссаҳои адиби табиатшинос, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим ошноӣ доранд. Ҳикояи нави ў «Шоҳуқоб» дар бораи тарзу ҳаёти рўзгузаронии парандаи хеле нодир шоҳуқоб, ки бо номҳои бургут, аливоҷ дар Тоҷикистон машҳур аст ва парандаи соли 2021 интихоб шудааст, ҳикоят мекунад.

Дар поёни ҳикоя муаллиф ҳамчунин дар бораи ин парандаи басо нодир маълумот додааст ва онро ба хонандаи китобаш ошно намудааст. Аз ҷумла овардааст, ки шоҳуқоб яке аз калонтарин намуди парандагони оилаи лочинҳо ба шумор меравад. Ин парандаи соҳибчанголи пурқувват ва чолок дар баландиҳои зиёд ва гўшаҳои дастнорас вомехўрад.

Сар ва гардани шоҳуқобро парҳои тиллоранг оро медиҳанд ва аз рўйи ин аломат онро аз дигар парандагони соҳибчангол фарқ кардан мумкин аст.

Дар ҳудуди Тоҷикистон шоҳуқоб дар минтақаҳои кўҳӣ ва баландкўҳ вомехўрад. Дарозии бадани шоҳуқоб беш аз 95 см ва дарозии болҳои он то 2,5м ташкил медиҳад. Вазни ҷинсҳои модина то ба 7 кг ва ҷинсҳои нарина то ба 4,6 кг мерасад. Узви биноии шоҳуқоб хеле хуб инкишоф ёфтааст. Вай метавонад тўъмаи худро дар масофаи то 4 км мушоҳида намояд.

Шоҳуқоб метавонад дар баландиҳои зиёд парвоз намояд, ки парандагони дигар чунин қобилиятро надоранд. Суръати парвози он ҳангоми таъқиби тўъмаи то ба 300 км дар як соат мерасад. Шоҳуқоб  парандаи ниҳоят пурқуват мебошад ва онро чун парандаи соҳибчангол барои сайди заргўш, дуғдоғ, мурғи ҳилол ва кабк истифода мебаранд.

    Шоҳуқоб дар ҷойҳои дастнорас лона мегузорад ва он мавзеи лонагузориро  солҳои тўлонӣ истифода мебарад. Дар синни 4-5-солагӣ ба балоғат мерасад. Аввали баҳор ҷинсҳои модина 1-3 тухм мегузоранд. Тухмҳоро асосан ҷинси модина пахш мекунад, вале баъзан онҳоро ҷинси нарина низ иваз менамояд. Шоҳуқобҳои нарина хеле чусту чолок ва шикорчиёни моҳир мебошанд. Онҳо дар давраи пахш кардани тухм ҷинсҳои модинаро бо ғизо таъмин менамоянд. Шоҳуқоб дар давоми ҳаёт танҳо як маротиба ҷинси муносиби худро интихоб намуда, ба он то охири умр вафодор мемонад.

Таркиби ғизои шоҳуқоб хеле  гуногун аст. Ба таркиби ғизои он кабк, кабўтар, мурғи ҳилол, суғур, заргўш, рўбоҳ, сангпушт, фардҳои ҷавон ва заифи ширхўрони сумдори кўҳӣ, аз қабили нахчир, бузи пармашох  ва ғурм дохил мешаванд. Баъзан шоҳуқоб ҳайвоноти калонҷуссаеро сайд мекунад, ки вазни онҳо аз вазни ин паранда хеле зиёд аст. Шоҳуқоб дар табиат 25-30 сол зиндагӣ мекунад.

            Сабаби асосии маҳдуд гардидани саршумори шоҳуқоб дар Тоҷикистон омилҳои ноҳинҷорӣ, таназзули  муҳити сукунат, маҳдуд гардидани саршумори тўъмаи он мебошад. Барои барқарор ва афзун гардонидани саршумори шоҳуқоб муҳити сукунати табиӣ ва мавзеъҳои лонагузории онро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст. Шоҳуқоб аз замонҳои қадим рамзи нерўмандӣ ва пойдории давлату давлатдорӣ буда, боиси парастишу эҳтироми бисёр халқиятҳо гардидааст.

            Шоҳуқоб дар ҳудуди Тоҷикистон паҳншавии васеъ дорад, аммо онро парандаи муқарарӣ ҳисобидан ҷоиз нест. Ин паранда ҳамчун намуди осебпазир ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст ва ба ғамхорию ҳифзи ҳамаҷониба аз тарафи инсон эҳтиёҷ дорад.

Хонандагони гиромӣ Шумо метавонед китоби “Шоҳуқоб”-ро аз толори шуъбаи кудакон ва наврасон барои мутолеъа дасрас намоед.

      Таҳияи  Фирўза Раҳимова.