Чорумин рӯзи озмун. Малика 300 китоби электронӣ мутолиа кардааст!

Малика-ҲасановаЧорумин рӯзи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Бо мақсади бохабар шудан аз рафти озмун бо довталабон суҳбат намудем. Миёни иштирокдорон ҳастанд касоне, ки аз як хонавода 3 то 4 нафар зинаҳои ибтидоиро гузаштаву то марҳилаи ниҳоӣ расидаанд.  Аз суҳат бо онҳо маълум мешавад, ки яке барои ҷоиза, дигаре барои обрў, сеюмӣ барои роҳхат гирифтан ба донишгоҳҳо қувваозмоӣ менамоянд.

Малика Ҳасанова яке аз хонандагони фаъоли Китобхонаи миллӣ аст, ки аз шаҳри Кўлоб омадааст ва дуввумин нафар дар номинои адабиёти муосир ва гурӯҳи синфҳои 5 то 11 мебошад. Ӯ хонанадаи синфи 10-и мактаби рақами 51-и шаҳри Кўлоб аз рўи номинои адабиёти бачагона соли чорум аст, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегирад. Беш аз 500 китоб ,200 ҳикояро мутолиа намуда, 700 мисраъ шеър, 300 чистон, зарбулмасалу мақол, латифа, 300 афсона  аз бар кардааст. Мақсадаш аз ширкат дар озмун баланд бардоштани донишу малака ва ба донишгоҳ шомил шудан аст.

Тибқи рўйхати 4 номино китоб хондааст.  Ва аз 500 китоби мутолиа кардаааш китоби устод Айнӣ «Ёддоштҳо» ва аз адабиёти ҷаҳон «Сайёҳати Гуливер» ва «Шоҳзода ва гадо”-ро тавися медиҳад, ки мардум бихонанд.

Аз хонаводаи Малика се нафар ў,апааш ва хоҳараш иштирок доранд. Малика аъзои Китобхонаи миллӣ, китобхонаи мактаб ва китобхонаи шаҳри Кўлоб аст. Ҳамчунни дар озмунҳои библиомарафон «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб», «Мавлавихонӣ» ва «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасон» ширкат кардааст

Ў гуфт агар  имсол ҳам муваффақ нашавад, соли дигар низ муборизашро идома медиҳад.

Графикаи вақти Малика чунин аст: Саҳар дарсҳои мактаби миёна, дарсҳои иловагӣ, кору бори хона ва баъд мутолиаи китоб.

Мусоҳиби мо ҳамроҳи падараш, ки омўзгори Донишгоҳи шаҳри Кўлоб аст, омадаст. Падару модари ў омўзгоранд ва мутолиаи китобро дар замираш аз синни хурдӣ парвардаанд.

Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа