Як рӯзи адабиёт дар ттаърихи башар. 2 ноябр

як-рузи-адабиёт-02-11-2023Соли 1808 дар Сен-Совёр-ле-Виконт нависанда,мунаққиди адабӣ, рӯзноманигор ва мақоланависи қарни нуздаҳуми аҳли Фаронса  Жюл Амеде Борбе д’Оревили таваллуд шуд. Михаил Кузмин-адабиётшинос ва бастакори рус дар эҷодиёти ӯ гузариш аз романтизм ба реализмро дидааст ва баъд бори дигар бозгашт ба романтизм ва намодгароиро мушоҳида намудааст. Роману повест ва новеллаҳои Борбе ба таърихи гузашта иртибот доранд, рӯйдодҳои инқилоби Фаронса ва шӯриши шуанҳо дар шимолу ғарби кишварро ҳам ба тасвир кашидааст.

Борберо ба аморализм муттаҳам карданд ва саҳнаҳое дар романаш “Маъшуқаи пир”-ро зери танқид гирифтанд. Ҳамчунин асарҳояш “Кашиши оиладор”, “Касе аз шайтон” хашми роҳибони католикро барангехт. Бесабаб набуд, ки Анатол Франс Барбет д’Оревиллиро католики оштинопазир номид, ки эътиқоди худро ба куфр меолояд.

Амеде Борбе д’Оревили 23 апрели соли 1889 дар синни 80- солагӣ дар Порис даргузашт.

Соли 1846 дар Векшё (шаҳр дар ҷануби Шветсия) дар синни 63-солагӣ шоир, усқуфи аҳли Шветсия Эсайас Тегнер вафот кард. Вай узви академия ва академияи салтанатии Шветсия буд.

Эсайас Тегнер 13 ноябри соли 1782 дар Чюркеруд ба дунё омад. Ӯро барҷастатарин намояндаи романтизми Шветсия меноманд. Муаллифи машҳуртарин асар бо номи “Сага дар бораи Фритоф” мебошад, ки ба бисёр забонҳо тарҷума шудааст.

Эсайас Тегнерро дар тӯли асри 19 падари шеъри муосири Шветсия меномиданд. Ва ҳатто имрӯз ҳам ӯро аввалин шведии муосир медонанд.

Эсайас Тегнер  бобои забоншиноси машҳури Шветсия Эсайас Тегнери хурдӣ ва падарарӯси забоншиноси шинохта Карл Вилгелм Бёттигер мебошад.

Николай-УспенскийСоли 1889 дар шаҳри Москав дар синни 52-солагӣ нависандаи рус Николай Успенский худкушӣ кард.  Вай 31-уми майи соли 1837 дар дехаи Ступинои ноҳияи Ефремовскийи вилояти Тула дар оилаи коҳин   ба дунё омад.  Нависандаи оянда аввал дар семинарияи теологӣ ва баъдан дар Академияи тиббию ҷарроҳии Донишгоҳи Санкт-Петербург таҳсил мекунад, вале онро хатм накардааст.

Фаъолияти адабии Успенский соли 1857, вакте ки ҳикояи «Пиразан» дар маҷаллаи «Писари Ватан» чоп шуд, оғоз меёбад. Баъдтар Николай Успенский бо Некрасов ва Чернышевский шинос мешавад ва корманди маҷаллаи «Современник» мегардад.

Дар соли 1861 Успенский бо маслиҳат ва дастгирии Некрасов ба Порис ва Италия сафар карда, бо ҳаёти Аврупои Ғарбӣ шинос мешавад.

Пас аз низоъ бо Некрасов, Успенский аз «Современник» ҳам меравад. Муддате омӯзгорӣ ҳам кардааст.

Зиндагии хонаводагии хуше надоштааст, баъди вафоти ҳамсараш бо духтарчааш сарсону саргардон дар фақру бенавоӣ мезист. Ба ҳар шуғле даст мезанад, то гурусна намонад. Вале ба навиштан ҳам идома медод. Моҳи октябри соли 1889, замоне, ки майзада ҳам шуда буд, дар хиёбоне бо захмӣ корд худкушӣ мекунад.

Муа-МартинсонСоли 1890 дар Ворднес нависандаи швед Муа Мартинсон, муаллифи асари “Модар ба шавҳар мебарояд” таваллуд шуд.  Moa Martinson тахаллуси ӯ буда, номи аслиаш Хелга Мария Мартинсон мебошад.

Аз соли 1927 асарҳояш чоп мешуданд. Дар осораш таъсири Эмил ЗоляМаксим Горкий ва Мартин Андерсен-Нексё бармалост. Асари дуқисмаи вай “Зан ва дарахти себ” ва “Писарони Салли” аз ҳаёти мушкили заҳматкашон қисса мекунанд.

Вай муаллифи чоргонаи тарҷумаиҳолии “Модар ба шавҳар мебарояд”, “Никоҳ”, “Садбаргҳои шоҳӣ” ва “Ман шоирро вомехӯрам” мебошад.

Аз ҳаёти деҳқонони кишвараш низ як силсила романҳои эҷод кардааст, ки “Роҳ зери ситораҳо”, “Иди ҳаёт” аз ҳамин ҷумла мебошанд.

Муа Мартинсон 5 августи соли 1964 тарки олам кард.

Соли 1911 дар Ираклион (Юнон) шоир  Одисеас Элитис  ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1979 буд.

Одисеас Элитис  муаллифи асарҳое чун: “Хуршеди тавоно”, “Китоби сигналӣ”, “Рӯзномаи апрели диданашаванда” мебошад.

Одисеас Элитис  18 марти соли 1996 дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Афина вафот кард.

Бернард-ШоуСоли 1950 дар Хартфордшир дар синни 94-солагӣ нависанда, намоишноманависи мунаққиди адабӣ, фаъоли сиёсӣ, мубаллиғи ирландитабори сотсиализм Бернард Шоу чашм аз олам пӯшид. Вай 26 июли соли 1856 дар дублин ба дунё омада буд. Шоу аз ҷумлаи касоне буд, ки аз гиёҳхӯр будан ҳисси ифтихор дошт.

Бернард Шоу 60 намоишнома ба мерос гузошт ва дар осораш танзи муосир ва тамсили таърихиро ба кор мебурд. Дар замони худ аз маъруфтарин намоишноманависон буд ва дар соли 1925 барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт шуд.

Аз ӯ ба унвони тавонотарин намоишноманависи британиёӣ баъди Шекспир ва машҳуртарину муваффақтарин рисоланавис баъд аз Ҷонатан Свифт ёд мекунанд.

Шоу ҳамчунин аз маъруфтарин мунаққидони мусиқӣ ва театри насли худ шинохта шудааст.

Бернард Шоу дар умри худ панҷ роман навиштааст, ки дар замони зинда баданаш ҳеч аз ин романҳояш  маъруфият касб накард. Чун мубаллиғи сотсиализм соли 1931 ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад ва шахсан бо Сталин мулоқот кард. Баъди бозгашт зери таъсири бунёди давлати коргару деҳқон мондани худро борҳо иброз дошт. Боре навишт, ки “Сталин дар ҳақиқат сарвари коргару деҳқон аст, Сталин бузургу азим аст ва ҳамаи сарони Ғарб паканаҳоянд”.

Шоу ба ҳадде аз ИҶШС ҷонибдорӣ мекард, ки табъиду фишор ва қатлҳои истолиниро ҳам ҳақ меномид.

Соли 1964 дар шаҳри Москав дар синни 63-солагӣ нависандаи шӯравии рус  Елена Илйина вафот кард. Вай 29 июни соли 1901 дар  Острогожск (шаҳр дар Русия) таваллуд шуда буд.

Елена Илйина муаллифи асарҳое чун «Бемаънигӣ дар чархҳо», «Кӯҳи хирс», «Убури марз», «Мусофири бисту сеюм», «Баландии чаҳорум» ва ғайра буд.

Соли 1975 нависанда, рӯзноманигор ва намоишноманависи тоҷик Самад Ғанӣ аз олам гузашт. Самад Ғанӣ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд дида ба олам кушод. Дар Дорулмуаллимини Самарқанд, курси ходимони молияи Тошканд, мактаби ҳизбӣ ва курси рӯзноманигорони назди КМ КПСС таҳсил ва дар рӯзномаҳои Самарқанду Тошканд кор кардааст.

Самад-ҒанӣМуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», корманди Институти марксизм-ленинизм, муҳаррири моҳномаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст. Муаллифи драмаҳои «Ғалаба» (ҳамроҳи А.Исмоилов, 1935), «Ватандӯстон» (ҳамроҳи Ф.Ниёзӣ, 1937), «Тӯй» (1957), «Виҷдон» (ҳамроҳи С.М.Мителман, 1958) ва ғайра мебошад, ки ҳама саҳнагузорӣ шудаанд.

Асарҳои драмавии муаллифони дигарро ба тоҷикӣ гардондааст, ки дар байни онҳо драмаҳои А.Чехов, М.Иброҳимов, В.Пистоленко, Н.Вирта ва дигарон ҳастанд.

Яке аз ҳаҷвнигорони муваффақи кишвар, муаллифи китобҳои ҳаҷвии «Табассум» (1989), «Гули хандон» (1963), «Мавҷи шӯх» (1966), «Арвоҳ» (1969) ва ғайра мебошад.

Чанде аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳояш ба забони русӣ тарҷума ва дар китобҳояш «Улыбка» (1960) ва «Смех не грех» (1964) чоп шудаанд.

Борҳо вакили мардумии парлумони замон будааст.
Бо 5 орден ва чанд медалу ифтихорнома сарфароз гардидааст.
Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ