Далелҳои ҷолиб дар бораи китобҳо

Аз рӯи бозёфтҳои археологӣ, аввалин китобҳо, ки зиёда аз ду ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадаанд, аз чӯб ва мум сохта шуда буданд. Бо вуҷуди ин, як китоби боз ҳам қадимитар – дастнависи Присс вуҷуд дорад, ки мансуб ба солҳои 1991—1783 то милод мебошад ва дар папирус навишта шудааст.

  • Дар маҷмӯъ, дар рӯи замин тақрибан 130 миллион китоб мавҷуд аст.  Ба ин шумора ҳама намуди асарҳо дохил мешаванд, на шумораи нусхаҳои китоб.
  • «Кодекси Лестер»-и Леонардо да Винчи яке аз китобҳои гаронарзиштарин дар ҷаҳон аст. Он дар музояда ба Билл Гейтс ба маблағи 24 миллион доллар фурӯхта шуд.  Аҷибаш он аст, ин китобро бояд дар оина нигоҳ карда, баъдан онро дар тасвири оина хонӣ.
  • «Афсонаҳои ҳазору як шаб»-ро бисёриҳо хондаанд, вале кам одамон  медонанд, ки дар нусхаи аслии ин афсонаҳо Аловуддин на араб, балки чинӣ будааст.
  • Китоби Л. Кэррол «Алиса дар олами мӯъҷизаҳо»-ро ба далели ҳайвонҳои гўянда дар Чин мамнӯъ кардаанд.
  • Дар китобхонаи машҳури Ҳарвард чаҳор китоб вуҷуд дорад, ки онҳо дар рӯи пергамент аз пӯсти инсон навишта шудаанд.
  • Дар «Саёҳати Гулливер» баъзе қонунҳои механикаи осмонӣ, аз ҷумла андозаи моҳвораҳои Миррих ва хусусияти гардиши онҳо дар атрофи сайёраи мо дар сад сол пеш аз кашфи ситорашиносон тасвир шудаанд, ки ин далел хеле пурасрор аст.
  • Дар китобҳои Шекспир калимаи «муҳаббат», аз калимаи «нафрат» тақрибан даҳ маротиба бештар вомехӯрад.

  • Китоби пурасрортарини ҷаҳон дастнависи Войнич мебошад. Ин дастнависи асримиёнагӣ, ки зоҳиран баъзе рустаниҳоро тасвир мекунад, то ҳол рамзкушоӣ нашудааст. Он ба забони нофаҳмо навишта шудааст ва рустаниҳои тасвиршудаи он дар рўи замин вуҷуд надоранд. Дар бораи пайдоиши ин дастнавис то ҳол баҳсҳо идома доранд ва андешаҳо бобати он гуногунанд.
  • Дар тамоми муддати мавҷудияти матбаа дар ҷаҳон кариб ду миллиард китоб нашр шудааст.
  • Аввалин романи адабӣ,  повести жопонӣ дар бораи Гэндзи маҳсуб мешавад, ки беш аз ҳазор сол пеш навишта шудааст.
  • Машҳуртарин китоб дар ҷаҳон Инҷил аст. Ҷойи дуюмро маҷмӯаи иқтибосҳои Мао Тсзэдун (бо сабаби маъруфият дар Чин) ва ҷойи саввумро «Арбоби ҳалқаҳо” (анг. The Lord of the Rings) мегиранд. “Арбоби ҳалқаҳо” як романи тахайюлии ҳамосавист.
  • Сермаҳсултарин нависандаи ҷаҳон адиби инглис Барбара Картленд буд, ки ба ҳисоби миёна ҳар моҳ ду романи нав нашр мекард. Ӯ дар тӯли умри худ беш аз 700 унвон китоб навиштааст. Бояд гуфт, ки Барбара Картленд барои романҳои ошиқонааш бештар машҳур аст.

Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова
сармутахассиси шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ.