Дар боғи пушти Китобхонаи миллӣ

afiz-rahmonУстод Ҳофиз Раҳмон ҳар боре ба Китобхонаи миллӣ оянд, ҳатман як кашфиёте мекунанд. Мушоҳидакоранд ва чизеро мебинанд, ки дигарон намебинанд. Ин боғе, ки устод васфаш кардаанд, дар воқеъ зебосту диданист ва аз ҳамин расм ҳам ин сифаташ пайдост.

Барои сабзу хуррам нигоҳ доштани ин боғ, ки намедонам боғбони ҳамешагӣ дорад ё на, кулли кормандонаш саҳм мегиранд. Бахусус, дар ин гармо, ки агар каме бетаваҷҷуҳӣ шавад, боғ мехушкад, кормандон дар қитъаҳои барояшон ҷудошуда ҳамарӯза чун навбатдорон аз субҳ машғули кор мешаванду, об мемонанду, аз хасу хасрубаву бодовардаҳо тоза мекунанд.

Аммо дар ин навиштаи кутоҳ дари сад боғи дигари нокушодаро ҳам боз карданд ва акнун боғбоне бояд, то ин боғҳоро ҳам шодоб кунад.

ДАР БОҒИ ПУШТИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ…

(Боз дар бораи китобу китобхонӣ…)

Ба Китобхонаи миллӣ рафтаму ду-се соат банд шудам. Баъди фориғ шудан аз корҳо ҳавасам омаду ба чанд толори ин китобхона сар задам. Ҳама ҷо ором, толорҳо салқин, мардум машғули кор… Дар толори рисолаҳои илмӣ ду-се чизи лозимро пайдо карда, табъам хуш шуд. Чанд рафи китобҳои тозанашрро давр задам…

Дар берун ҳаво ончунон гарм, ки нафаси кас мегардад… Оҳиста-оҳиста аз паҳлуи ошхонаи китобхона гузашта, ба боғчае сабзу хуррам ворид шудам. Дар паси Китобхонаи миллӣ, аз паҳлуи рости муҷассамаи Исмоили Сомонӣ. Миёни дарахтони сабз қадам задам ва ногаҳ назарам ба бонуе уфтод, ки таги ниҳоли арча ба хондани китоб машғул буд. Дар қаламрави ин боғча як хонум бо китоб буду халос…

Шамолаки нарме мевазид ва гӯё бо ин амалаш гармии тоқатфарсоро навъе ҷуброн мекард… Гӯиё мегуфт: ҳар азиятеро роҳате ҳаст, ҳар шаберо саҳаре, ҳар бунбастеро роҳи ҳал… Банда ҳам барои худ ҷойе интихоб кардаму соате бо андешаҳои худ нишастам…

Андеша кардам, ки чаро мардум аз ин гуна боғҳои зебо барои хондани китоб истифода намекунанд… Худи Китобхонаи миллӣ аз ҳар ҷиҳат ҷойи роҳат, боғи паҳлуяш ҳам… Беҳтарин макони китобхонӣ, барои онҳое, ки даруни хона ё биное худро нороҳат эҳсос мекунанд…

Дар намоишҳои телевизионҳои хориҷӣ ҳар замоне, ки сухан аз илму донишу таҳқиқ биравад, манзараҳои зеборо нишон медиҳанд: мардум дар сабзазору таги дарахтон нишаста, китоб мехонанд, аз китоб зеҳнҳояшонро пурмағз ва аз тамошои сабзаву хуррамиҳо чашмонашонро табобат мекунанд.

Бале, табобат… Куҷое хонда будам, ки тамошои оби равону сабзаи хуррам рӯшаноии чашмро афзун мекунад… Ва беҳтаринаш – дидори дӯст… Магар аз китоб дида дӯсти беҳтаре ҳаст? Беҳтарин дӯст метавонад ду-се соат вақташро сарфи шунидани гуфторат кунад, сипас меравад ба роҳи худ, аммо китоб ҳамеша бо туст, садоқаташ доимист…

Тӯли як моҳи ахир танҳо як маротиба дар автобус дида будам, ки пиразане китоб мехонд, аммо тоҷик набуд, аз миллати дигар буд… Дар боғҳо ҳам надидаам боре, ки касе машғули китоб хондан бошад… Ё шояд бошаду ман надидаам… Агар бошад ҳам, гумонам, хеле кам аст…

Дар бисёре аз филмҳои хориҷӣ манзарае ҳаст, ки шояд кам касон аҳаммият дода бошанд. Мебинӣ, ки қаҳрамони филм ё ягон персонажи дигар ҳатман зери рӯшноии чароғаки паҳлуи кат китоб мехонад ва сипас чароғро хомӯш карда курпаро ба сар мекунад… Ин манзара дар аксар филмҳо ҳаст, агар дида бошед. Банда сирри инро аз як коргардони хориҷӣ (дар кудом озмун буд ё тадбири дигар) пурсида будам. Он кас посух дода буданд, ки “ба филм чунин лаҳза, яъне як лаҳзаи кутоҳи китобхонӣ пеш аз хоб махсус ворид карда мешавад, то ки мардум донанд: бе китоб ҳатто зиндагии афсонавӣ маъно надорад ва дигар ин ки ин як қарзи мо, ҳунармандон, дар назди ҷомеа аст…”.

Мутаассифона, дар филмҳои ватании мо чунин лаҳзаҳо нест, лаҳзаҳои хондани китоб ҳаст, аммо ҳадафмандона аст, ғайриихтиёр нест… Мардуми мо чароғро хомӯш мекунанд, то ки бароҳат бихобанд. Ҳоло дар оилаҳои тоҷикӣ расм нашуда, ки паҳлуи ҷойхоб чароғаке барои хондани китоб гузоранд… Шояд дар шаҳрҳои калон аҳён-аҳён бошад, аммо дар деҳот умуман нест. Ҳатто ҷевони махсус барои китоб ҳам нест…

Одатан барои табобати ин ё он дарду ранҷи бадан назди табиб мераванд ва ӯ дорухат медиҳад. Дарди асосии ҷомеаи мо набудани таваҷҷуҳ ба китоб аст, аммо банда дорухат надорам. Боре мақолае дар ин мавзуъ навишта будам бо унвони “Китоб хондан саодат аст ва нахонданаш фоҷиа…”. Мутаассифона, ин мақола дар ягон сохтори масъул баррасӣ нашуд…

Мақолаи дигаре ҳам дар ин мавзуъ навишта будам се сол қабл, бо номи дурударози “Ин китоб 70 сол пеш чоп шудааст, Алекси азиз, вале касе нахонда… (ё сухан аз донистану надонистан, хондану нахондан…)”.

Ин мақола ҳам чор-панҷ пешниҳоди хубе дошт дар масъалаи ҷалб кардани мардум ба китоб ва ислоҳоти маориф дар масъалаи таҳияи китобҳои адабиёт. Афсӯс, ки он бидуни таваҷҷуҳ монд, мисли даҳҳо мақолаи дигаре, ки банда аз дилсӯзӣ ва барои манфиати ин ҷомеа навишта будам… Ҳайҳот…

Як ҷузъи ин мақола ҳамин буд, ки банда ҳангоми ҷустуҷӯи китобе дар китобхонаи донишгоҳ китоби машҳури Марк Фабий Квинтилиан “Дастуруламали суханвар”-ро ёфта будам, ки то кунун дасти касе ба он нарасида будааст… Китобе, ки барои ҳама донишҷӯёни суханомӯз бояд китоби рӯйимизӣ бошад, яке аз сарчашмаҳои маърифати сухан ва тарзи баёни сухан. Исботи он ки касе ба он даст нарасонидааст, саҳифаҳои бо ширеши вақти чоп часпидаи китоб буд… Китобе, ки 70 сол пеш чоп шуда, аммо ба касе лозим нашуда… На ба муаллиме, на ба донишҷӯйе, на ба ҳавасманде… На ба кормандони телевизиону радио, ки гуфторашон подарҳавост, яъне аз муқаддимаи суханашон маълум, ки чӣ хулоса мекунанд…

…Боре ғолиби озмуни “Фурӯғ” дар соли аввал Раънои Хуршед ба банда чизи аҷибе қисса кард. Ҳангоми омода кардани барномае журналисти нохондакитобе аз ӯ суол мекунад: Шумо ин миқдор китобро (беш аз 400 китобро) бо мақсади иштирок дар озмун хондед?… Суоли хандадор. Оё мешавад, ки ин қадар китобро дар як сол хонд? Яъне худи журналист, ки аз китоб бӯйе набурдааст, намедонад, ки барои хондани як китоб чӣ миқдор вақт сарф мешавад… Агар медонист, чунин суоли аблаҳона намедод…

Даҳҳо маротиба аз телевизион дидаам, ки ифтитоҳи кохи варзиш ё майдончаҳо барои варзишро бо дабдабаву ҳамҳама тарғиб мекунанд… Аммо боре надидам, ки китобхонаи деҳа ё ноҳияеро бо чунин шева тарғиб кунанд… Чаро? Чунки дар фаҳму дарки он ки кадом навъи тарбия барои ҷавонон афзалият дорад, доиман ғалат мекунанд. Дар чандин сарчашмаҳои муътамад омадааст, ки тарбияи фикрия сароғози ҳама навъи тарбият аст, баъди он тарбияи ахлоқия аст ва сипас тарбияи бадания…

Тарбияи фикрияро дар китобхонаву мактаб мегиранд, на дар майдончаҳои варзиш. Ин сухани банда ба маънои зид буданам ба бунёди варзишгоҳҳо нест, албатта… Таносубро бояд нигаҳ дошт. Сохтмони хонаро аз бом оғоз намекунанд-ку, аввал таҳкурсӣ месозанд, ана ҳамин таҳкурсӣ китобхона аст…

Ба ин назарам, ки ҳар деҳа бояд китобхонаи замонавӣ дошта бошад, бинои китобхона ончунон зебо бошад, ки таваҷҷуҳи ҳар сокини деҳаро ҷалб карда тавонад. Ҳар рӯз тавассути телевизион (аз ҳама шабакаҳо) барномаҳои махсус аз фаъолияти китобхонаҳо омода ва пахш шавад. Беҳтарин асарҳои бадеӣ шарҳу тафсир шаванд… Аз ҳама беҳтараш як шабакаи махсус бо номи “Китоб ва ҷомеа” таъсис шавад, аз ҳисоби ихтисор кардани яке аз шабакаҳои мавҷуда…

…Инҳо андешаҳое буданд, ки ҳангоми дар боғи паси Китобхонаи миллӣ буданам ба сарам омаданд. Аҷаб боғи зебое… Ва ҳамагӣ як хонуме нишаста дар таги арчаи сабз ва дар дасташ китоб… Ӯ саҳифаи китобашро таҳ карда, аз ҷо мехезаду меравад. Ман мемонаму ин боғи холӣ аз одам… Ман ҳам баъди чанде меравам, андешаҳоям печида мешаванд, боғи зебои сарсабзу хуррам холӣ мемонад, тамоман холӣ…

Ҳафиз РАҲМОН,

01.07.2023.

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук