Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барандагони ҷоизаҳои адабии соли 2023-ро эълон кард

ittifoci-navisandagonРӯзи 30 июни соли 2023 маҷлиси раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барпо гардид. Дар он масъалаи додани ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ дар бахши наср ва ба номи Мирзо Турсунзода дар бахши назм мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ асарҳои зерин ба дарёфти ҷоизаҳои мазкур мушарраф гардиданд:

БАРОИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Дар бахши наср

  1. «Барфи хунолуд» (маҷмуаи ҳикояҳо ва қисса). Сироҷиддин Икромӣ.
  2. «Дасти боло» (маҷмӯаи ҳикояҳо). Шодӣ Раҷабзод.
  3. Кайфар” (романи таърихӣ). Диловари Мирзо.
  4. Китоби филмномаҳои Шераки Ориён.
  5. Чароғи ҳидоят” (маҷмӯаи қисса ва ҳикоёт). Сипеҳр Абуадуллоҳи Ҳасанзод.
  6. «Шакардара» (маҷмӯаи ҳикоя, шеър, чистон ва афсонаҳо барои бачаҳо) Маҳбуба Неъматзода.

Дар бахши тарҷума

  1. «Метин» (тарҷумаи маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ). Ӯринбой Усмон.

БАРОИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Дар бахши назм: 

  1. «Афсонаи себ» (маҷмӯаи ашъор). Ҳасани Султон.
  2. «Дӯст дор зистан» (маҷмӯаи ашъор). Абдуллоҳи Раҳнамо.
  3.   «Коинот» (маҷмӯаи ашъор). Гулноз.
  4. «Лозар» (маҷмӯаи ашъор). Хушомади Алидод.

 

Дар бахши таҳқиқи илмӣ:

“Ҷустуҷӯҳо дар назму наср ва нақди адабии муосир” (маҷмӯаи мақолаҳои адабиётшиносӣ). Мисбоҳиддини Нарзиқул.

Бознашр аз саҳифаи Ато Мирхоҷа дар Фейсбук