Дар Душанбе “Дуру наздики омир соҳиб” –и Муҳаммад Фаҳими Даштӣ рӯнамоӣ шуд

Дуру-наздики-омир-соҳибИмрӯз маҳфили рӯнамоии китоби “Дуру наздики омир соҳиб” хотироте аз будан дар канори Аҳмадшоҳ Масъуд, ки навиштаи шаҳид Муҳаммад Фаҳим Даштӣ мебошад, дар бинои “Кохи афсарон”  баргузор гардид. Дар кори ин маҳфил намояндагон аз Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, зумрае аз донишмандон, коршиносон ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ширкат карданд.

Дар оғози маҳфил Аҳмад Валӣ Масъуд- Раиси умумии бунёди шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд  суханронӣ намуда, иброз дошт, ки  шахсияти Аҳмадшоҳ Масъуд барои ҷомеаи имрӯзи мо воқеан шоистаи таҳсин ва некуист, ки тавониста ҳамчун Қаҳрамони миллии Афғонистон эътироф гардад.

Қосимшоҳ Искандаров – Раиси Анҷумани дӯстӣ ва муносибатҳои фарҳангии Афғонистону Тоҷикистон дар ин чорабинӣ баромад намуда, аз баргузории чунин маҳфил изҳори хушнудӣ намуд. Вай гуфт, ки ин гуна маҳофил метавонанд дар беҳтарнамоии муносибатҳои фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар  ва ҳамзамбону ҳамкеш мусоидат намоянд.

Дуру-наздики-омир-соҳибАз рӯзгор ва фаъолияти  Муҳаммад Фаҳими Даштӣ , ки бо шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд,  Қаҳрамони миллии Афғонистон робитаи хуби дӯстию корӣ дошт, Коваи Оҳангар – ҳуқуқшинос ва хабарнигори Афғонистон бо ҳузури онлайнӣ  суханронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки  Даштӣ замони ҳамлаи интиҳорӣ бар ҷони Аҳмадшоҳ Масъуд, роҳбари муқовимати аввал ва Қаҳрамони миллии Афғонистон дар 9 уми сентябри соли 2001 дар ҳамон утоқе, ки инфиҷор рух дод, машғули филмбардорӣ буд, ки дар асари  инфиҷор ҷароҳатҳо ва сӯхтагии шадидеро мутаҳаммил шуд ва баъдан бо ҳамкории анҷумани гузоришгарони бидуни марз барои муолиҷа ба Фаронса  мунтақил гардид. Ҳамчунин қайд гардид, ки Фаҳими Даштӣ  дар моҳи сентябр соли 2021 рӯзе, ки Толибон вориди дараи Панҷшер шуданд,аз дасти ин гурӯҳи террористӣ ба шаҳодат расид.

Аз ӯ се фарзанд – як духтар ба номи Марва ва ду писар бо номҳои Идрис ва Юсуф боқӣ мондаанд. Ҳамсари ӯ Сайёра Даштӣ пас аз шаҳодати шавҳараш бунёди Фаҳими Даштиро таъсис дод, ки роҳбариашро низ ба ӯҳда дорад.

Фахриддин Холбек– хабарнигори тоҷик дар робита ба чопи китоб, ки муҳарририи онро низ ба ӯҳда доштааст, дар бораи китоб нақл кард ва арз намуд, ки идеяи ичопи ин китоби хубу шавқовар ва таърихиву ёддоштӣ  хеле пеш пайдо шуда буд. Вай гуфт Сипеҳри Кароматуллоҳро ҷалб кардем, то китобро аз хати форсӣ ба крилӣ баргардонад ва имрӯз он пешкаши хонанда шуд.

“Дуру наздики омир соҳиб”, яке аз чанд, китоби Муҳаммад Фаҳимӣ Даштӣ, маъруф ба Фаҳими Даштӣ, рӯзноманигор ва нависандаи чирадасти Афғонистон аст, ки хотироти ӯро дар бораи сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд ривоят мекунад. Даштӣ дар ин китоб дидаҳо ва лаҳзаҳои ҳузур дар суҳбатҳои Аҳмадшоҳи Масъудро, бахусус, дар замони ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ дар Кобул(1992-1996) ва ҳам муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байналмилалӣ (1996-2001) бо як салиқаи ба худ хос ба риштаи тасвир кашидааст.  Фахриддин Холбек ҳамчунин гуфт, ки китоб бори аввал дар Тоҷикистон чоп ва барои доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Муҳаммад Ҳусейн Ҷаъфариён, рӯзноманигори эронӣ дар ҷараёни маҳфил аз хотироте бо Фаҳими Даштӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд қисса кард. Аҳмадшоҳ Комилзода дар бораи нашри китоб ва муқаддимаи бисёр ҷоиби он ҳарф зада гуфт, ки ин китоб фақат барои масруф сохтани хонанда нест, он ба хонандааш аз шахсияти кордону корсозии Аҳмадшоҳ ва то куҷоҳо барои ҳифзи диёр рафтан қисса мекунад.Умеди калон дорам, ки ҷомеаи Тоҷикистон ин китобро хеле хуш мепазирад.

Дар қисмати ҷамъбастии маҳфил коршиносон Нуралӣ Давлат,  Жило бани Яъқуб, Абдуллоҳи Раҳнамо, Мирзо Шакурзода ва чанде дигарон вобаста ба мавзуи китоб ва шахсияти Аҳмадшоҳ Масъуд  андешаҳои худро иброз намуданд.

Дар анҷом баҳсу мунозираҳо доир ба китоби “Дуру наздики омир соҳиб”  сурат гирифта, ҳамчунин ба иштирокдорон як нусхаӣ китоби мазкур тақдим карда шуд.

Наргис НАЗАРЗОДА