Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» оғоз шуд

Имрӯз, 2 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд ва қарор аст он то  15 декабр идома ёбад.

Дар суҳбат бо мо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов зикр намуд, ки Китобхонаи миллӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмун тадбирҳои муҳимро анҷом додаст.

«Озмун аз рӯйи панҷ номина: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ,  адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон,  эҷоди назму наср баргузор мегардад ва барои баргузорӣ 4 толори бузургу барҳаво омода карда шудааст» гуфт Г. Маҳмудов.

Ба гуфтаи муовини директори Китобхонаи миллӣ ҳар як номина бо адабиёти зарурӣ таъмин мебошад ва иштирокчиёни озмунро роҳбаладони махсус роҳнамоӣ мекунанд. Рафти баргузории озмун дар толорҳои алоҳида тавассути мониторҳои бузург  пурра ба таври мустақим намоиш дода мешавад.

Тавре Эҳсони Хушбахт сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм изҳор дошт, тибқи ҷадвали баргузории озмун рӯзҳои 2-5-уми декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 6-7-уми декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7-уми декабр аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, 8-10-уми декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун вобаста ба номанатсияҳои озмунӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳамзамон, озмун барои довталабони номинатсияи назму наср рӯҳои 11-12-уми декабр ва барои довталабони Шоҳҷоиза рӯзи 13-уми декабр доир мегардад.

 Эҳсони  Хушбахт ҳамчуни н гуфт, ки ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 510 нафар довталабон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои иштирок ва ҳунарнамоӣ менамоянд. Дар даври якум, ки дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид, 305495 нафар, дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 23045 нафар ва дар даври сеюм, ки дар марказҳои вилоятҳо баргузор гардид, 2981 нафар иштирок намудаанд.

Имсол барои баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад, ки нисбат ба  солҳои якум ва дуюм се маротиба зиёд мебошад.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов изҳор дошт, ки омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ мегарданд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

Шуъбаи матбуоти даврӣ