Дар Китобхонаи миллӣ китоби «Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав (феҳристи адабиёт)» муаррифӣ шуд

Роғун – бузургтарин сарбанди асри навНимаи дуюми рӯзи 10-уми ноябр дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи адабиёти “Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав”, ки аз ҷониби кормандони  Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буд, рӯамоӣ гардид.  Дар чорабинӣ намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Неругоҳи барқии обии «Роғун», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ташкилоту муассисаҳои тахассусӣ,  донишгоҳу донишкадаҳо иштирок намуданд.

Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода бо суханони муқаддимотӣ маросими рӯнамоиро ҳусни оғоз бахшид. Сарвари Китобхонаи миллӣ аз заҳамоти ҳамкоронаш дар бахши Медиатекаи Президенти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт ин китоб ҳосили ранҷи шабонарӯзии чанд тан аз кормандони ин шуъба аст ва арзиши онро дорад, ки барои ҷомеа муаррифӣ шавад.

Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав

Профессор Ҷумахон Файзализода ҳозиринро бо фаъолияти яке аз шуъбаҳои муҳими Китобхонаи миллӣ-Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос кард ва гуфт самтҳои асосии фаъолияти медиатека мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, коркарди илмӣ, ҳифз ва нигаҳдории маҷмӯаи пурраи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Профессор Файзализода дар идомаи суханронии худ дар бораи то кадом андоза муҳим будани буёди неругоҳи Роғун изҳори назар намуд ва аз он ба унвони сохтмони аср ёд кард. Ба гуфтаи сарвари Китобхонаи миллӣ ба иқтидори пурра ба кор оғоз кардани неругоҳ Тоҷикистонро ба як кишвари саноатӣ табдил хоҳад дод ва ин як барномаи комилан бунёдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Вай гуфт: Неругоҳи барқии обии  Роғун аз ҷумлаи он дурдонаҳои захиравии хоси Тоҷикистон аст, ки баъди ба истифода додани он Тоҷикистон аз танқисии неруи барқ комилан озод мегардад ва кишварҳои ҳамсояро низ бо барқ таъмин менамояд.

Профессор Файализода аз нақши калидӣ ва муҳими Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин неругоҳ сухан ронд ва таъкид кард, ки агар талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат намебуд, ин марҳилаҳо тай намешуданд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пайшанбезода Муҳиддин аз нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Дар радифи корномаву қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои мондагорашон барои ба даст овардани истиқлоли энергетикии мамлакат мавқеъи махсус дорад. Буҳрони энергетикии мамлакат ва роҳи ҳалли ин мушкилот аз рӯзҳои нахустини интихоб шуданашон зери назорат ва таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дошта, баъдан таъмини истиқлоли энергетикии мамлакат аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон гардид.

Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав

Дар чорабинӣ ҳамчунин доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи умумӣ ва ватании Донишгоҳи славянии Росия ва Тоҷикистон Саидалӣ Муҳиддинов, мушовири директор и генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Неругоҳи барқии обии “Роғун” Саидқул Қурбонов ва мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо суханронӣ намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки феҳристи адабиёти “Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав” аз 8 қисм иборат буда, 1644 номгӯй маводи чопӣ, электронӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, эстонӣ, молдовӣ, латишӣ ва қирғизӣ интишорётаро фаро гирифтааст.

Роғун – бузургтарин сарбанди асри навКитоб аз ҷониби Оинамо Имомназарова ва Сайзароб Надирзода мураттаб  ва зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода омодаи чоп шудааст.

Муҳаррири масъул
Гадобек Маҳмудов,
муҳаррирон
Нуқра Аҳмадова ва
Бунафша  Раҳмонова
мебошанд.