Дар маҳфили навбатии “Фурӯғ” “Саргузашти Собир”-и Сотим Улуғзода мавриди баҳс қарор гирифт

Саргузашти-СобирДар маҳфили “Фурӯғ”-и шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, ки субҳи имрӯз баргузор гардид, хонандагон асари “Саргузашти Собир”-и Сотим Улуғзодаро мавриди баҳс қарор доданд. Бояд гуфт маҳфили зикршуда ҳафтае як маротиба бо ширкати хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар ҳамкорь бо Иттифоқи нависандагон ва Телевизиони кӯдакон ва наврасони “Баҳористон” доир гардида, иштирокдорон атрофи як асар баҳсҳо  меороянд.

Дар маҳфил адиби маъруф Азизи Азиз дар бораи асари “Саргузашти Собир”- ки онро нависанда Сотим Улуғзода бо як маҳорати бисёр хуби нависандагӣ ва бо тасвирҳои бисёр ҷолиб аз ҳаёти худ навиштааст, ба хонандагон нақл кард. Ҳамчунин атрофи асарҳои ёддоштӣ ва мавқеи онҳо дар адабиёт сухан карда бо хонандагон атрофи ин навъ асарҳо  суолу ҷавоб намуд.

Саргузашти-СобирҲар як сухани ин китоб рост аст, дуруғ надорад”- гуфта шуд дар маҳфил, чун ин асар зиндагиномаи худи адиби маъруф аст. Ҳамин аст, ки дар адабиёти мо то имрӯз қиммати худро аз даст надода, баръакс миёни хонандагон маъруфияти хосро соҳиб гаштааст.

Хонандагон дар идомаи маҳфил лаҳзаҳои ҷолиби асарро нақл карда, байни ҳам табодули назар намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар соли ҷорӣ низ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

Саргузашти-СобирҶиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории Озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2024 ба Низомномаи Озмун тағйироту навгониҳо ворид карда шуданд.

Номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон ба номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз фаъолтарин бахшҳои Озмун ба шумор рафта, довталабон асосан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ба ин хотир, ҷиҳати бештар ҳавасманд намудани кӯдакону наврасон номинатсияи мазкур ба 3 гурӯҳ ҷудо мешавад:

— гурӯҳи якум хонандагони синфҳои 1-4;

— гурӯҳи дуюм хонандагони синфҳои 5-8;

— гурӯҳи сеюм хонандагони синфҳои 9-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти ибтидои касбӣ.

Бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолии кӯдакону наврасон барои дарёфти Шоҳҷоиза, ки хондан ва аз бар намудани 70 дарсади осори назмию насрӣ аз рӯйи 4 номинатсия ба онҳо душвор буд, Шоҳҷоиза аз як адад ба чор адад зиёд карда шуд.

Шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар расид. Яъне дар маымуъ дар озмуни имсола аз 130 –олиб ном бурда хощад шуд.

Саргузашти-СобирТибқи дастури Пешвои миллат соли ҷорӣ низ барои иштирокчиёни даври чумҳуриявии Озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он, довталабони даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун ба гурӯҳҳои тащсилашон ройгон қабул карда мешаванд.

Бо дарназардошти тағйироти воридгардида маблағи умумии мукофоти Озмун 4 570 000 (чор миллиону панҷсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медищад, ки ин нисбат ба соли гузашта 695 000 (шашсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ зиёд пешбинӣ гардидааст.

Барномаи “Фурӯғ”-ро метавонед, рӯзҳои наздик аз тариқи телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” тамошо кунед.

Наргис НАЗАРЗОДА