Дар Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ китоби «Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро»-и Е.К. Мейендорф ба чоп омода мешавад

Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо донишмандон китоби «Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро»-и Егор Казимирович Мейендорфро тарҷума ва ба чоп омода намуд.   «Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро»-ро Е. К. Мейендорф аслан ба забони фаронсавӣ таълиф намудааст ва онро баъдан Е. К. Бетгер ба забони русӣ тарҷума кардааст. Кормандони Маркази «Тоҷикшиносӣ» низ аз рӯйи тарҷумаи Е.К. Бетгер кор гирифта, бо баъзе тавзеҳот онро таҳия менамоянд.

Ин асари нодир зери назари профессор Файзализода Ҷумахон Хол таҳия гардида, муҳаррири масъул он дотсент Аҳмадзода Зулфия Кабир мебошад. Тақриз ва муқаддимаи асар аз ҷониби муаррихи шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳайдаршо Пирумшоев навишта шудааст.

Китоб аз се қисм, нуздаҳ боб, хотима ва феҳрист иборат аст.

Арзиши баланди илмии китоби Е.К. Мейёндорф «Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро» дар он зоҳир мегардад, ки муаллиф аввалин шуда тоҷиконро ба хонандагони Аврупо ва Русия возеҳан муаррифӣ намудааст.

Бояд таъкид намуд, ки арзишмандии китоби Е. К. Мейендорф дар он зоҳир мегардад, ки маълумотҳои қаблии дар таърихнигории Русия доир ба хонигариҳои Осиёи Миёна, хосатан Бухоро ҷой доштаро бештар тақвият бахшидааст. Дар ин таълифот вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Аморати Бухоро ва аз ҳама муҳим дар таърихнигории Аврупо ва Русия бори нахуст ва нисбатан мушаххас мақоми тоҷикон дар минтақа хеле барҷастаю воқеъбинона нишон дода шудааст, ки барои рушди минбаъда ва пешрафти илмҳои муосир кумак хоҳад намуд.

Гуфтанист, ки Егор Казимирович Мейендорф (1795-1863) донишманди асил ва яке аз шахсиятҳои маъруфи замони худ ба ҳисоб меравад. Ӯ таҳсилоти ибтидоиро дар хона гирифта, забонҳои русӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ инчунин, илмҳои дақиқро хуб медонист.

Мейендорф соли 1826 дар шаҳри Париж китоби «Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро»-ро ба забони фаронсавӣ интишор намуд. Ӯ китоби худро ба таҳлили вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Аморати Бухоро бахшидааст. Ба андешаи ӯ кишоварзӣ сарчашмаи муҳимтарини даромади аҳолии Бухоро маҳсуб мешавад. Маълумот ва хулосаҳои Мейендорф дар хусуси ҳолати савдои дохилӣ ва рушду такомули ҳунармандӣ арзиши баланди илмӣ доранд. Инчунин Мейендорф савдои берунаи Бухороро бо мамолики дигар таҳлил менамояд. Ӯ дар бобати ояндаи такомули муносибатҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва Русия низ таваққуф менамояд. Таҳлили амиқи низоми сиёсии аморати Бухороро низ зикр намудааст.

Китоби «Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро»-и Е.К. Мейендорф дар таърихи омӯзиши Осиёи Марказӣ, бахусус Аморати Бухоро арзиши баланди илмӣ ва таърихӣ дорад. Асари номбурда дар ховаршиносии русӣ тадқиқоти нахустин ва доманадор доир ба вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии хонигарии Бухоро ба шумор меравад.

Фирдавс Шоев, Сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ».