«Дар суҳбати адиб» бо Темур Зулфиқоров

8-уми апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили адабии «Дар суҳбати адиб» бо ширкати шоир, нависанда ва драматурги маъруф Темур Зулфиқоров баргузор гардид.

Маҳфилро шуъбаи хизматрасонии библиографӣ доир намуд, ки дар он ҳамсари Темур Зулфиқоров мутриб, наққош Ирина Дмитревна Ванн, профессор  Саидалӣ  Муҳиддинов иштироку суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳаводорони нависанда ва драматург бо адиби дўстдоштаашон суолу ҷавоб намуданд. Маҳфил дар сатҳи баланд доир шуда, дар поёни он ҳамсари Темур Зулфиқоров бо иҷрои чанд суруд бар матни шавҳараш хотири ҳозиринро шод намуд.

 Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар Душанбе дида ба олам кушодааст. Падараш – Қосим Зулфиқоров котиби аввали ҳизби коммунист дар Шаҳринав буд. Аммо соли 1937, вақте Темур ҳамагӣ як сол дошт, падари ӯ бо туҳмати тройка чун душмани халқ ба қатл расид.

Модараш – профессор Людмила Успенская – муҳаққиқи гӯишҳои водии Ҳисор ва яке аз муаллифони “Луғати тоҷикӣ-русӣ”-и чопи соли 1954 буд.
Соли 1954 Темур Зулфиқоров ба риштаи фалсафаи Донишгоҳи Ленинград дохил шуд, вале ду сол баъд фалсафаро тарк кард ва таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав идома дод.

Муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла:

Рояли сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад”, “Мурғи сиёҳ”, “Саробҳои ишқ”, “Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тило” мебошад.

 Бино ба иқрори худаш 30 китоби ӯ дар саросари олам ба теъдоди беш аз 1 миллион нусха бо маъруфтарин забонҳои олам тарҷумаву чоп шудаанд.

  Дорандаи ҷоизаҳои Ясная поляна (2004), Бунин (2017)  ва Коллетс (Англия) ва чандин ҷоизаҳои муътабари дунёст.

Темур Зулфиқоров дар соҳаи театру синамо низ фаъолияти сермаҳсул намуда, муаллифи бештар аз 20 филмҳои бадеиву мустанад аст, ки  барои беҳтарин сенария соли 1991 ба ҷоизаи «Хартли-Мерилл» (Ҳолливуд)  сарфароз гардид.

 Чизе, ки Темур Зулфиқоровро дар миёни доираҳои адабӣ ба унвони нависандаи халлоқ ва навпардоз матраҳ намуд, румонҳои ӯ аз зиндагӣ ва осори Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний, Александр Пушкин, Камолиддин Беҳзод ва дигар шахсиятҳо буд, ки бо сабки вижа нигошта шудааст.

Раҳима Азам, шуъбаи тарғиб ва баргузории фарҳангӣ.