Дар толори озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” кадом китобҳоро метавон мутолиа кард?

медиатекаРӯзҳои 15, 16 ва 17-уми апрел дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ “Рӯзҳои Дарҳои боз” эълон карда шуд ва ҳамзамон дари толори озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба рӯи хонандагон боз гардид ва фаъолияти худро оғоз намуд. Ҳадаф аз баргузории ин озмун, ин арҷ гузоштан ба таърихи бой ва пурғановати миллати тоҷик, инчунин бархурдор шудан ва омухтани шоҳкориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар “Рӯзҳои Дарҳои боз” ба толор зиёда аз 600 нафар хоҳишмандон ташриф оварданд ва аз рафти озмун, дар чанд давр гузаштани он, аз куҷо дастрас намудани китобҳои электронӣ ва ғайра маълумот гирифтанд. Дар толор асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Чеҳраҳои мондагор”, “Саразм – хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик”, “Забони миллат ҳастии миллат” дар ду ҷилд, “Уфуқҳои истиқлол”, “Бист қадами созанда”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Дар бораи дин” ва дигар асарҳои безаволи Сарвари давлат баҳри мутолиаи хонандагон дар рафҳои намоишии китобӣ ҷобаҷогузорӣ ва пешниҳод гардидаанд.

медиаИнчунин, рафи китоб бо номи “Раҳнамои осори Пешвои миллат”, ки дар он “Раҳнамои пажӯҳиши осори Пешвои миллат”, “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” (Китобнома дар ҳашт ҷилд), “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” (Китобнома), “Эмомалӣ Раҳмон (Китобномаи шарҳиҳолӣ)”, “Наврӯз” (Китобнома) ва “Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” пешкаши истифодабарандагон гардидааст. Нашрҳои мазкур ба оммаи васеи хонандагон таъин шуда, мақсад ва ҳадафи асосии ин нашрияҳо доир ба чеҳраҳои шинохта ва маъруф, ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот пешниҳод намудан аст. Ин китобҳо осори маълумотдиҳӣ- библиографӣ буда, дар онҳо тасвири таҳлилии асарҳои Пешвои миллат, тасвири библиографии паёмҳо ва суханрониҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, сафарҳои хориҷию дохилӣ, мулоқотҳо ва мусоҳибаҳо, барқияҳои шодбошӣ ва тасаллият ҷамъоварӣ гардидаанд.

Инчунин, ҳамаи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ) электронӣ гардида, китобҳои электрониро аз сомонаи Китобхонаи миллӣ (kmt.tj ва nlt.tj) дастрас ва мутолиа намудан мумкин аст. Адабиёт доир ба ҳаёт ва фаъолияти Сарвари давлат, ки аз ҷониби шахсони шинохтаи ҷомеа ва илму адаб навишта шудаанд, низ  электронӣ гардида, дастрасии ин китобҳо низ аз сомона имконпазир аст.

Толори озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”  дар ошёнаи дуюми Китобхонаи миллӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза хоҳишмандон ва иштирокчиёни озмунро интизор аст.

Бунафша РАҲМОНОВА,
Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.