Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 1 – уми май

як-рузСоли 1672 дар Милстон (Англия) навсанда, мақоланавис, намоишноманавис, шоир ва сиёсатмадори англис Ҷозеф Аддисон ба дунё омад. Ӯро поягузори журналистикаи англис меноманд.

Аддисон Ҷозеф, дар Милстон (Уилтшир) дар оилаи коҳин таваллуд шуда ба воя расидааст. Баъди хатми дабистон ба  Донишгоҳи Оксфорд дохил шуда, аввал бакалавр ва баъд магистр шуд. Соли 1698 бошад ба аспирантураи Коллеҷи Модлин дохил шуд ва дар натиҷа Аддисон ҳамчун олим ва шоир шўҳрат пайдо кард.

Соли 1699, дар омодагӣ ба хидмати дипломатӣ, ӯ барои сафар ба қитъа ба маблағи 200 фунт ионати  шоҳона гирифт ва аз соли 1699 то соли 1703 дар Аврупо сафар кард.

Соли 1704 ба Англия баргашта, дар асоси фармони ҳукумат ба шарафи ғалаба дар ҷанги Бленхайм достони «Маъракат»-ро эҷод мекунад.  Чанд сол баъд ба вазифаи ёвари котиби давлатии ИМА таъин гардид ва «Саёҳат дар Италия»-ро нашр кард.

Дар соли 1707 операи Эдисон «Розамунд» ба саҳна гузошта шуд, вале он муваффақият пайдо накард. Аммо фоҷиаи классикии «Катон»-и Эдисон,  ки соли 1713 ба саҳна гузошта шуд ва  бо сабаби истинодҳои сиёсиаш муваффақияти бузург пайдо намуд.

17 июни соли  1719 дар синни 47-солагӣ  дар Лондон аз олам гузашт.

Соли 1797 шоир ва ҳуқуқшиноси олмонӣ Иоҳан Батист Алксингер вафот кард. Вай 24 январи соли 1755 дар шаҳри Вена дар хонаводаи ҳуқуқшинос зода шуда буд.

Дар донишгоҳи Йен фанни ҳуқуқ омӯхт ва дараҷаи илмии доктори илми ҳуқуқро ҳам соҳиб шуд.

Дар як сафари Берлин бо нависандаи олмонӣ Фридрих Николаи шинос шуд ва ин дӯстие буд, ки то охири умр идома дошт.

Гвидо-ГезеллеСоли 1830 дар Брюггеи Белгия шоир, адабиётшинос, фолклоршиноси фламандӣ, узви Академияи подшоҳии фламандии забон ва адабиёт Гвидо Гезелле таваллуд шуд. Вай писари боғбони шаҳрӣ ва деҳқонзан буд.

15 забонро медонист ва яке аз донандагони хуби матнҳои қадимии олмонӣ буд.  Шеъраш инқилобе дар адабиёти фламандӣ барпо кард. Ин замоне буд, ки романтизм дар ин адабиёт ҳукм меронд.

Муаллифи китобҳое чун «Dichtoefningen» (1858), «Kerkhofblommen» (1858) ва «Gedichten, Gesangen en Gebeden» (1861) мебошад.

Танқиди адабии замон Гезеллеро барои хароб кардани қолабҳои анъанавии шеъри муосир танқид кард. Баъди ин муддати 30 соли оянда ӯ аслан чизе нанавишт. Танҳо соли 1880, вақте ки дар Нидерландия ҷунбиши  «De Nieuwe Gids» арзи вуҷуд кард ва дар Фландрия (Белгия) гурӯҳи «Van Nu en Straks» (1893) пайдо шуд, Гезелле доҳии адабиёт ва навовар эълон гардид. Шеърҳояшро бо забони нидерландӣ, вале бо лаҳҷаи фланмандии худ менавишт.

Солҳои 1893 ва 1897 ду маҷмуаи шеърҳои ӯ бо номҳои  «Tijdkrans» ва «Rijmsnoer» чоп шуд.

Александр-ВатСоли 1900 шоир, насрнавис ва тарҷумони лаҳистонӣ  Александр Ват дида ба олам кушод. Ӯро яке аз созандагони футуризми лаҳистонӣ меноманд.

Ват дар хонаводаи яҳудӣ ба дунё омадаву тарбияи яҳудӣ гирифтааст. Дар бахши филологии Донишгоҳи Варшава таҳсил кардааст.

Аввалин навиштаҳояш соли 1020 чоп шуданд. Бо Владимир Маяковский  дидор доштааст. Насри русро ба лаҳистонӣ тарҷума кардааст.

Аз охири солҳои 1920 бо марксистони чапгаро пайвастааст. Соли 1931 боздошт ва се моҳро дар зиндон гузарондааст.

Соли 1940 бошад аз ҷониби кормандони НКВД дар шаҳри Лвов боздошт шуд, тобистон соли 1941 озод шуд. Баъдан бо ҳамсараш Паулина ва писараш ба Қазиқистон бадарға шуд.  Он ҷо низ боздошт карданд ва боз озод шуд.

Соли 1946 бо ҳамсар ва писараш ба Лаҳистон баргашт.

Соли 1967 даст ба худкушӣ зад.

Соли 1909 год дар Монемваси шоир ва тарҷумони юнонӣ Яннис Ритсос зода шуд. Вай барандаи ҷоизаи Байналмилалии ленинии “Барои таҳкими сулҳ миёни халқҳо” (1977) буд.

Осип-МандельштамСоли 1919 дар шаҳри Киев  Осип Манделштам бо ҳамсари ояндаи худ Надежда Хазина шинос шуд. Шоир, нависанда, эссенавис, тарҷумон ва мунаққиди адабӣ Осип Манделштам 14 январи соли 1891 дар Варшава таваллуд шуд.

 Манделштам аз бемории домана тарки олам кард. Ӯро аз бузургтарин шоирони аввали садаи бистуми рус меноманд. Аз қурбониёни режими истолинӣ буд.

Моҳи ноябри соли 1933 шеъри зиддисталинии «Мы живём, под собою не чуя страны»ро навишт, ки дар кутоҳмуддат ҳазорон нафар онро хонданд. Ин шеъре буд, ки сурудани он дар он замон аз ҷасорати беҳамтои муаллифаш дарак медод. Ҳатто Борис Пастернак онро худкушӣ номида буд.

Шаби 16 ба 17-уми майи соли 1934 бо хабари махфии як хабарчини махфӣ аз доираҳои адабӣ боздошт шуд. 26-уми моҳи майи ҳамон сол ба муҳлати 3 сол ба Чердин (кишвари Перм) бадарға карданд. Қиссаи бадарға шудани шоири маъруф ва талошҳои Бухарину Пастернак ва муколамаи онҳо бо Сталин худ як достони ҷолибест. Билохира, Сталин Пастернакро бовар кунонд, ки парвандаи Манделштам бозбинӣ мешавад. Аммо ин парванда аслан дигар бозбинӣ нашуд. Шоир се соли бадарғаро пушти сар гузошт ва баъди ҷавоб шудан, дубора бо туҳматномаҳои дигар боздошт гардид ва ин бор ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Дар зиндон ҷон бохт. Қабраш то ҳанӯз маълум нест. Соли 1987 сафед шуд.

Соли 1923 дар шаҳри Ню-Йорк нависандаи англис Ҷозеф Ҳеллер ба дунё омад.

Соли 2005 нависандаи Шӯравии рус Сергей Венедиктович Сартаков вафот кард. вай барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ашур-СафарСоли 1928 дар деҳаи Работингаки ноҳияи Маскав (ҳозира Мир Саййидалии Ҳамадонӣ) Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар ба дунё омад.  Баъди мактаби миёна Донишкадаи муаллимтайёркунии Кӯлобро ба фарҷом расонда, муддате дар макотиби минтақа омӯзгорӣ кардааст. Соли 1958 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм карда, дар вазифаҳои нозири калони шуъбаи маориф, ходими адабии рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб», мухбири радиои ҷумҳурӣ дар навоҳии Кӯлоб, мудири шуъбаи маънавиёти рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб», директори Хонаи пешоҳангон, директори Бунгоҳи табиатшиносони ҷавони вилояти Кӯлоб иҷрои вазифа намудааст. Ҳамзамон, аз фаъолияти омӯзгорӣ дур нашуда, ба толибъилмон беш аз 50 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Натиҷаи ҳамин хидматҳост, ки сазовори унвони фахрии «Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ» гардонида шудааст.

Фаъолияти эҷодии Ашӯр Сафар аз ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта оғоз ёфта, бо маҷмӯаи ашъори «Ибтидои роҳ» (1964) ба дунёи шеъру шоирӣ ворид омадааст ва ба гунаи мушоҳиди ҳассоси неку бади зиндагӣ рангомезиҳои сарнавишти инсонро дар шеъру таронаҳояш воқеъбинонаю шарикона ба қалам овардааст.

Шеъру қиссаҳои Ашӯр Сафар ҷанбаи пурқуввати лирикиву иҷтимоӣ дошта, дар маҷмӯаҳои «Ибтидои роҳ» (1964), «Илҳом» (1970), «Хандаи гулҳо» (1973), «Фарзанди аср» (1976) интишор ёфтаанд.

Беҳтарин намунаҳои эҷоди шоир дар китоби «Самари умр» (1980) ҷойгузин шуда, бо номи «Плоди жизни» («Советский писатель», Маскав, 1984) пешкаши хонандагони русизабон ҳам гардидааст.

Хонандагони хурдсол шеъру афсона ва чистонҳои бисёри шоирро, ки дар китобҳои «Дастёри додо» (1979), «Гулгардонӣ» (1989) ва «Э мойнӣ, мойнӣ» (1994) гирд омадаанд, азёд медонанду мехонанд.

Шеърҳои ҳаҷвии шоир аз намунаҳои беҳтарини ҳаҷвиёти адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд, ки маҷмӯаи «Гапи подор» (1987) гувоҳи даъвост.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Гули Маҳтоб» (1983), «Базми садоқат» (1984), «Раиси Миралӣ» (1984), «Холи фатир» (1987), «Цветок луны» (ба забони русӣ, 1987), «Арзи меҳр» (ба ҳуруфи арабӣ, 1993), «Достони нотамом» (1993), «Китоби нохонда» (1995), «Рӯзи сиёҳ» (1994), «Андешаи зиндагӣ» (1997), «Хӯшаи нур» (1998), «Мунтахабот» (2003), «Борони ҳидоят» (2008) аст.

Маҷмӯаи «Арзи меҳр» (1994)-аш сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардида, «Гулчини ашъор» (1997)-аш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидааст.

Шоири халқии Тоҷикистон (1991).

Дар Кӯлоб Китобхона-осорхона, хиёбон, нимпайкара ва дар Душанбе кӯчае номи ӯро доранд.

Бобо Ҳоҷӣ Соли 1928 дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ шоир, тарҷумон ва очеркнависи тоҷик  Бобо Ҳоҷӣ таваллуд шуд. Вай соли 1951 шуъбаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъули рӯзномаҳо ва маҷаллаи «Машъал», муҳаррири калони радиои тоҷик, муҳаррири калон ва мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон»-у «Маориф» будааст. Солҳои охир дар нашриёти «Адиб» кор мекард. Алҳол нафақагир аст.

Шеърҳои аввалинаш аз соли 1949 ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳо барои бачагон «Раҳмат ба Ватан» (1958), «Бузи айнакдор» (1961), «Шукуфаҳои чаман» (1965), «Гурбаи гелосбон» (1971), «Садарайҳон» (1980) ва ғ. мебошад.

Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Насими баҳорон» (1956), «Изҳори муҳаббат» (1962), «Гули Хуршед» (1974), «Нони ҳалол» (1978), «Осиёи чашма» (1984), «Паймона» (1986), «Дурри ятим» (1988), «Ашки булбул» (1990), «Пешдаргирон» (1998) ва ғ. чоп шудаанд. Чанд китоби очеркаш ҳам ба табъ расидааст.

Шеърҳои ба русӣ тарҷумашудааш дар китобҳои «Признание в любвы» (1970) ва «Честный хлеб» (1987) интишор ёфтаанд.

Иддае аз офаридаҳояш ба забони халқҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд. Соли 1987 нашриёти «Маориф»-и Ашқобод китоби шеърҳои «Чаманҳои Помир»-и ӯро ба забони туркманӣ чоп кардааст.

Осори алоҳидаи Н. Некрасов, С. Есенин, Абай, Л. Украинка, Зулфия, А. Сурков, Г. Абашидзе, С. Михалков, М. Исаковский, қиссаҳои А. Загребалний «Водии хобҳои дароз», Ш. Бейшеналиев «Баррачаи шохдор», В. Гавф «Муки майдаҳак»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Тарҷумаи эпоси ҳиндии «Рамаяна» низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон (1988). Бо чанд нишону ифтихорномаи ҳукуматӣ қадр карда шудааст. Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

12 апрели соли 2016 аз олам даргузашт.

Соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷекат мунаққид, адабиётшинос, мақоланависи шинохтаи тоҷик Юсуф Акбарзода таваллуд шуд.

Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро ба итмом расонда, корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ шудааст. Солҳои 1963-1964 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1966-1968 муҳаққиқи коромӯзи Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳони ба номи Максим Горкийи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, солҳои 1976-1979 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кардааст.

Баъдан фаъолияташро дар пажӯҳишгоҳи мазкур идома бахшидааст. Аз апрели 1991 то майи 1994 ходими калони илмӣ, аз соли 1995 ходими пешбари илмии Кумитаи истилоҳоти АИ ҷумҳурӣ будааст. Ҳамзамон, аз марти 2000, ноиби раис, аз сентябри 2006 то майи 2010 раиси Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ, аз июли 2008 то барҳам хӯрданаш (2012) раиси Бунёди Оли Сомон будааст.

Сармуҳаррири маҷаллаи илмии Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ «Варорӯд» (2004) буда, дар авроқи он силсилаи осори устодони донишкадаи мазкур ва навиштаҷоти баъзе журналистони ҷумҳурӣ таҳти таҳрири ӯ мунташир гардидаанд.

Соли 1973 дар мавзӯи «Достони лирикӣ дар назми имрӯзаи тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Беш аз 600 мақолаи илмӣ, илмии оммавӣ, публитсистӣ, тақризу китобиёти ӯ роҷеъ ба вазъи кунунии назму наср, адабиёти кӯдак, забони давлатӣ ва истилоҳот, ҳусни калом, забони васоити таълим ва қонун, масъалаҳои одобу ахлоқи ҷомеа, эҳсоси ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва ғ. дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои илмӣ ба табъ расондаст.

Дар бораи Юсуф Акбарзода бештар ин ҷо бихонед: ЮСУФ АКБАРЗОДА

Бозор_СобирСоли 2018 дар ИМА шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Бозор Собир аз олам гузашт.  Вай 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод  ба ҷаҳон омада буд.

Маҷмӯаи нахустини осораш бо номи “Пайванд” соли 1972 рӯи чоп дидааст. Баъдан офаридаҳояш дар маҷмӯаҳои «Оташбарг» (1974), «Гули хор» (1978), «Каменная кладка» (Маскав, 1979), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Оташбарг» (ба ҳуруфи форсӣ; 1984), «Бо чамидан, бо чашидан…» (1987), «Листья огня» («Оташбарг»; 1990), «Чашми сафедор» (1992), «Гулчини ашъори устод Бозор Собир» (ба ҳуруфи форсӣ; Теҳрон, 1993), «Симхор» (Маскав, 1995), «Аз «Гули хор» то «Симхор» (Маскав, 1997), «Хонавода пароканда шуд» (чаҳор мақола; Маскав, 2000), «Чорчашм» (2001), «Шоиру шеъре агар ҳаст…» (2006), «Хуни қалам» (2010), «Бист шеърак барои Ардашерак» (2010), «Лолаи сиёҳ» (2013), «Хӯша-хӯша аз ҳар гӯша барои Анӯша» (2013), «Боғи момаи ангур» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1988).

Барои хидматҳояш дар ривоҷу равнақи адабиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа соли 2013 бо ордени «Ситораи Президент» мушарраф гардонида шудааст.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ