Дардманд – тоторе, ки форсӣ омӯхт

Дардманд – шоири тотор 23 ноябри соли 1859 дар деҳаи Хергани уезди Стерлитамак, губернияи Оренбург ба дунё омадааст. Дардманд – тахаллус ва ному насабаш Зокир Рамиев мебошад. Шоир дар мадраса таҳсил карда, китоби «Шарҳи қавоид» ва забонҳои арабиву форсиро аз худ намуд. Забону адабиёти русиро мустақилона омўхт.

Пас аз хатми мадраса (соли 1880) барои идомаи таҳсил ба Туркия сафар кард. Дар он ҷо забону адабиёти туркиро омўхт. Фаъолияти эҷодии Дардманд пас аз бозгашт ба ватан шурўъ гардид. Шеърҳои нахустини ў «Аз номаи ба марҳум Сибғатулло ҳоҷӣ – шоир ва карғалӣ» (1884) ва «Рўзҳои гузашта» (соли навиштан номаълум) мебошанд, ки дар рўзномаи «Тарҷумон» чоп шудаанд. Дардманд дар Туркия, сипас дар Петербург кори табъу нашрро омўхт. Ҳамроҳи бародараш 21 феврали соли 1906 дар шаҳри Оренбург нашри рўзномаи «Вақт» ва аз 10 январи соли 1908 нашри маҷаллаи «Шўро»-ро ба роҳ монд.

 Устод Садриддин Айнӣ аз ин нашрияҳо ёдоварӣ карда гуфтааст, ки дар онҳо аз вазъи иҷтимоӣ ва адабу фарҳанги тоҷикон маводи ҷолиб ба табъ расидааст.

Давраи пурмаҳсули эҷодиёти Дардманд давраи Инқилоби якуми рус – 1905-1906 ва 1908-1910 ба шумор меравад. Дар ин солҳо шеърҳои ў «Муроҷиат ба қалам», « Буттабед», «Гули баҳорӣ», «Ба шоир», «Эй муҳаррир», «Шаби зимистон», «Сафина», «Ҳаёт», «Мо», «Қиссаи муҳаббат», «Умед танҳо ба Худо», «Забон гўши мамлакат аст» ва ғайра дар нашрияҳои таъсискардааш ба табъ расиданд.

Дардманд дар шеърҳояш ба мавзўъҳои иҷтимоию сиёсӣ, вазъи забони модарӣ, пок нигоҳ доштани он, риояи меъёрҳо дар гуфтору тарзи навишт таваҷҷуҳ намудааст. Барои бачаҳо низ шеъру ҳикояҳо, аз қабили «Алла», «Бачаҳо», «Бачаҳо, биёед ба мактаб меравем», «Ҳикояҳои хурд барои бачаҳо» ва ғайра дорад.

Аз эҷодиёти Дардманд бармеояд, ки ў аз осори Фирдавсӣ, Низомӣ, Алишери Навоӣ, Фузулӣ ва дигарон огоҳ буд ва аз онҳо илҳом гирифтааст. Ба эҷодиёти шоирони бузурги рус А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Аз эҷодиёти онҳо ва шоирони дигари рус шеърҳои бисёреро бо маҳорати баланди шоирӣ ба тоторӣ баргардон кардааст. Аз адабиёти турк низ тарҷумаҳо дорад.

Дардманд дар шаҳри Орск соли 1921 аз дунё рафтаас.

Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 319.

Муаллиф: М. Зайниддинов

Таҳияи Ҳусния Назарова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.