Лаҳзае бо бачаҳо.  Ғанӣ Ҷўразода. “Панди бобо» (Ҳикоя)

Бобои Самандар баъди наҳорӣ асои пурнақшу нигори зебояшро гирифта, аз хона баромад ва оҳиста- оҳиста қадамзанон то роҳи калони сермошин рафт. Баъд атрофи биноҳои чорошёнаро давр зада омаду ба хараки назди даромадгоҳи хона нишаст. Ҳамин хараки дарози тахтагинро чанд сол пештар худаш сохтааст ва қариб ҳар рўз ҳамин ҷо дам мегираду аз тамошои манзараҳои атроф лаззат мебарад. Бобо бо кўдакон сўҳбат карданро дўст медорад. Барои он ки қариб панҷоҳ сол омўзгори мактаб буд ва умри худро ҳамроҳи кўдакон гузаронидааст. Дар як дам гирди ўро бачаҳо печонида гирифтанд.

            Дар маҳаллаи Зарбед, ки бобои Самандар зиндагӣ мекунад, кўдакон бисёранд. Аз саҳари барвақт то дери шаб пои кўдакон аз ин ҷо канда намешавад. Садои тохту тоз, доду фиғон, хандаю  гиря доимо баланд аст. Ягон соати хомўшию оромӣ нест. Як гурўҳ бачаҳо саҳарӣ ба мактаб раванд, гурўҳи дигар баъди пешин мераванд ва шўру мағали онҳоро хурдтараконе, ки мактаб намераванд, давом медиҳанд.

            Аҷаб аст, ки бобои Самандар аз ин мағалҳо безобита намешавад, балки бозию шодии кўдаконро дида, ба завқ меояд ва дар чеҳрааш табассум пайдо мешавад. Гоҳ бачаҳо аз ҳад зиёд шўхию бетартибӣ карда, якдигарро мераҷонанд ва кўдакон ранҷида ба бобо шикоят мекунанд. Бобо ба насиҳатгўӣ медарояд.

    – Рустам, ҷони бобо, ҷанг накун.

    – Соҳиб, дашном нате, айб аст.

    – Сўҳробҷон буҷули Амина гардонта те. Ин корат хуб нест.

    – Нисо, аз худат хурдҳоро наранҷон. Ранҷонидани онҳо гуноҳ аст.

            Бачаҳо насиҳати бобои Самандарро шунида, каме ором мешунид, вале ин дер давом намекард. Суханони ўро зуд фаромўш менамуданд, он аз ин гўшашон медаромаду аз гўши дигарашон мебаромад.

            Ана, холо бобои Самандар дар харак нишаста буд, ки бачаҳо боз барои шикоят назди ў омаданд.

       –Бобо, Нисоро ҷанг кунед, аз мўям накашад.

      – Ту ҳам аз мўяш сахт кашида, азобаш те, –бо қиёфаи ҷиддӣ гуфт бобо.

            Бобоҷон, ба Рустам гап занед, ки ҳақорат накунад.

          –Ту ҳам ҳақорат кун, – оромона ҷавоб дод бобо.

          –Бобо Амин  мана зад.

          –Ту ҳам зан, сахт зан,- гуфт бобо.

 Духтари ҳамсоя Шифо, ки аз дигарон калонтар буд, маслиҳати боборо шунида, баъд табассумкунон пурсид:

         –Бобо, шумо ба бачаҳо рост гуфтед ё дурўғ?

        – Ба онҳо доим рост мегуфтам, –хандид бобо, – аммо фоидае намебахшид. Ин дафъа дурўғ гуфтам, лекин дурўғи фоиданок. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки дурўғи пандомез – беҳ аз рости фитнангез. Канӣ онҳо худашон як фикр карда бинанд –чӣ, ман рост гуфтам ё дурўғ.

            Шифо тозон ба назди бачаҳо рафт:

            –Бачаҳо бобо дурўғ гуфтанд.

            –Дурўғ? –Ҳама ба тааҷуб ба Шифо нигаристанд.

            – Ҳа дурўғ.

            – Барои чӣ?

            Дар як дам бачаҳо ба гирди Шифо ҷамъ омаданд. Онҳо суханони боборо муҳокима мекарданд.

Аз китоби Ғанӣ Ҷӯразода “Панди бобо”. Душанбе, “Адиб”, 2014

Таҳияи  Фирўза Раҳимова.