Даргузашти Директори Муассисаи нашриявии “Ирфон” Қурбон Ғуломзода

Қурбон-ҒуломзодаҚурбон Ғуломзода-Директори муассисаи нашриявии “Ирфон”, китобдору китобшиноси варзида, пажӯҳишгари тавонои соҳаи китобшиносӣ бар асари беморӣ аз олам даргузашт.

ҚУРБОН ҒУЛОМЗОДА (Қурбон Ғуломович Авғонов то соли 2015) — Директори Муассисаи нашриявии “Ирфон”, китобдор ва библиографи тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

Аълочии фарҳанг, матбуот ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муаллифи бештар 130 асару мақолаҳои илмӣ дар соҳаи китобдорӣ ва библиографишиносӣ буда,  дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006–2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011–2013» ширкати фаъол доштааст.

Консепсияи «Хадамоти китобдории кӯдакону наврасон тавассути китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Консепсияи «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар», рисолаҳои илмии «Библотечное образование в Республике Таджикистан» ва «Самтҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар Тоҷикистон», «Дарсномаи «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо»-ро таълиф ва ба нашр расондааст. Дар чандин ҳамоиш ва конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дар  Амрико, Эрон, Чин ва кишварҳои узви ИДМ баргузор шудааст, ширкат ва суханронӣ кардааст.

Қурбон Ғуломзода «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»,

«Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дорандаи «Нишони сухан» – и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Федератсияи сулҳ ва ваҳдат Созмони байналхалқии ҷамъиятии мақоми машваратӣ дар назди ЭКОСОС СММ ва мақоми иштирокчии Шурои Аврупо мебошад.

Ёди дӯст, ҳамкор ва ҳамкасб, олими шинохтаву варзидаи соҳаи китобдорӣ Қурбон Ғуломзода гиромӣ бод!