Дархости хонанда. Як китоби электронӣ аз Никколо Макиавелли

Никколо Макиавелли, файласуф, шоир, муаррих ва намоишноманависи итолёвӣ 3 майи соли 1469 дар Флоренсия-шаҳре воқеъ дар соҳили дарёи Арнои Италия таваллуд шуда, 21 июни соли 1527 дар 58-солагӣ тарки олам кардааст. Зиндагии худро сарфи сиёсат ва меҳанпарастӣ кард. Аммо зумрае аз таҳлилгароне, ки осори ӯро мутолиа кардаву зиндагиномаи ӯро омӯхтаанд, мегӯянд бархе аз ҳамзамононаш ӯро ба ҳимоят аз ҳукумати золиму ситамкор муттаҳам кардаанд.  Иллати он навиштани китобе бо номи “Шаҳриёр” (Principe) аст, ки барои ҳимояи хонаводаи ҳокимони Флоренсия иншо карда буд.

“Шаҳриёр” машҳуртарин китоби Макиавелли аст. Он соли 1513 милодӣ ба ришати таҳрир даромад, вале то соли 1532 ба чоп нарасид. Баъди итмоми китоб онро муаллиф ба ҳокимони вақти дудмони Медичи (хонадони сармоягузор ва сиёсатмадое, ки нимаи аввали қарни понздаҳум дар ҷумҳурии Флоренсия зуҳур карданд) пешниҳод намуд.  Ҳадаф дарёфти ҳақе барои пешбурди зиндагонӣ буд.

Хонандаи мо Шаҳзод Ғаниҷонов китоберо аз Никколо  Макиавелли дархост намуд ва дар бойгонии Китобхонаи миллӣ аз ин адиб танҳо ҳамин китоби “Шаҳриёр” (Государь) пайдо шуд, ки бо забони русӣ аст.

Онро ин ҷо мегузорем: Никколо Макиавелли – Шаҳриёр