Оё китобхонаи салтанатии Бухороро Ибни Сино оташ зада буд? Посухи академик Бертелс

Ибни-СиноИбни Сино нахустин панҷ соли зиндагиашро дар русто ба сар бурд ва сипас хонаводааш  ба Бухоро омад. Дар ин хонавода ба омӯзиши  динҳо арзиши бузург  мениҳоданд. Ибни Синои навҷавон дар даҳсолагӣ,  гузашта аз омӯхтани бахшҳое аз Қуръон, ки мебоист ба ногузир ҳаммонанди дигарон онро аз бар бидонад, тавонист ба гунаи  бунёдӣ бо адабиёт ошно шавад ва аз ҳамсояи баққол дониши душвори “ҳисоби ҳиндиро” биёмӯзад.Ӯ бо ёрии донишмандони маҳаллӣ улуми дақиқ, ҳуқуқ ва илоҳиётро  ҳам омӯхт. Аммо фалсафа дар миёни ҳамаи донишҳояш аз ҳар чизе бештар ӯро ба худ мекашид. Ӯ бо роҳнамоии омӯзгори “овора” Абӯабдуллоҳи Нотилӣ рафта-рафта “Исоғуч”-и Порфирияро ҳам омӯхт.

Пас аз он омӯзиши асарҳои мантиқ, ҳандасаи Иғлудис, Алмуҷаст (мақолаи наҳв) ва рисолаи бузурги ахтаршиносии Батламюс дар пеш буд. Аммо Нотилӣ ба Гурганҷ рафт, риштаи дарс бурида шуд ва Ибни Сино, ки намехост беҳуда вақткушӣ кунад, ба омӯхтани пизишкӣ пардохт  ва омӯзишгараш Ҳасан ибни Нуҳулқамарӣ буд. Ин дониш барои ибни Синои ҷавон бисёр осон менамуд ва ба гуфтаи худаш дар ҳаждаҳсолагӣ он чиро, ки мебоист биёмӯзад, медонист.

Наметавон гумоне  дошт бар ин ки Ибни Сино дар ҳамон  ҷавонӣ  овозаи бузургу густарда ҳамчун пизишк дошт. Гувоҳи ин гуфта он аст ки ӯро барои дармони бемории маргбори Амир Нуҳи дуввум  фаро  хонда буданд. Аз он ҷо ки Нуҳ дар соли 997-и милодӣ аз ҷаҳон рафтааст, метавон пиндошт, ки Сино ба ростӣ дар шонздаҳсолагӣ ҳамчун пизишк овоза бароварда будааст. Ба ҳар ҳол пизишки ҷавон тавонист Амирро дармон кунад ва ба подоши он аз ҳаққи баҳрагирӣ аз китобхонаи вижаи фармонраво бархӯрдор шавад. Дар бахше аз зиндагиномаи Ибни Сино, ки  барҷой мондааст, аз ин китобхона сухан меравад. Ин китобхона дар чанд хона (толор) ҷой дошт ва дар ҳар хона нусхаҳои хатии донишҳои вижа буд. Дар миёни хона болои миз  сандуқчае буд, ки феҳрести китобҳои  толор дарунаш буд. Ба сухани дигар, китобхона дорои гунаи феҳристи  мавзӯӣ будааст. Баҳрагирӣ аз ин китобхона, ки менамояд аз беҳтарин асарҳои падид омада то он рӯзгор бархӯрдор буда, барои донишманди ҷавон неъмате бузург буд. Аммо менамояд, ки  баҳрагирии ӯ аз ин  китобхона  дер напоид, зеро оташсӯзии бузурге, ки дар арки Бухоро рух  дод,  ҳамаи ин ганҷинаро ба коми хеш фӯру бурд.

Бархе аз муаллифони ховарӣ мегӯянд, ки ин оташсӯзӣ кори дасти Ибни Сино будааст. Гӯё, ӯ пас аз омӯхтани ҳамаи китобҳои он ҷо мехостааст, ки дар дониш мавқеияте инҳисорӣ дошта бошад, китобхонаро оташ задааст. Ниёзе ба ин сухан нест, ки туҳмате аст навҷавонмардона. Ибни Сино ниёзе ба ин шеваҳои  палидӣ надошт ва чунон сахт китобҳоро гиромӣ медошт, ки наметавонистааст ба чунин пастие даст барад. Пури Сино пас аз он ки пизишке барҷаста шуд, ба омӯхтани дониши Юнони бостон оғозид. Аммо фаро  гирифтани фалсафа барояш ба осонии пизишкӣ набуд. Худи вай мегӯяд пас аз ба даст овардани нусхаи хатии тарҷумаи арабии метофизики Арасту, чиҳил бор онро хонда, аз бар карда, аммо  боз ҳам аз он сар дарнаёвардааст. Андак – андак мерафт навмед шавад, ки ба тасодуф тафсири Форобӣ бар ин китоб ба дасташ афтод. Ин нусхаро ба пешниҳоди китобфурӯше, ки дар яке аз бозорҳои Бухоро  ба доду ситад мепардохт, харида буд. Китоби Форобӣ ҳамаи душвориҳо ва норасоиҳоеро аз миён бурд, Ибни Сино бо хондани он китоб тавонист озодона  аз ҳар асари фалсафӣ баҳра гирад. Шароити зиндагӣ дар Бухоро имкон намедод, ки ин донишманд, осуда ба кораш бипардозад. Аз рӯзгори Нуҳи дувум дар қаламрави Сомониён ҷанги хонагӣ оғоз шуда буд. Амирони сомонӣ чанд бор ночор шуда буданд, ки бо фирор аз Бухоро ҷони хешро бираҳонанд. Дар соли 999-и  милодӣ фармонравоии онон поён ёфт. Ва пойтахти ба дасти Насри Қарахонӣ афтод. Метавон  андешид, ки Ибни Сино чашм ба роҳи суқути пойтахт нанишаста, чанде пеш аз он ки Қарахониён ба он ҷо  дароянд, ба Хоразм  назди Хорамшоҳ-Алӣ ибни Маъмун рафта бошад.

Аз китоби Евгений Бертелс “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” иқтибос шуд. Ин китобро соли 2015 аз силсилаи “Тоҷнома” Китобхонаи миллӣ чоп кардааст.

Гунаи электронии китоби мазкур, ки басо хонданиву ҷолиб аст, ин ҷост: «Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ»

Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА,
мутахассиси пешбари Маркази таҳсилот
ва инноватсияҳои китобдорӣ.