Дарси оила дар Рӯзи оила

Дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ соати тарбиявӣ бахшида ба “Рўзи оила” дар мавзўи “Оила ва ҷомеа” баргузор гардид.

Сараввал маллима дар бораи оилаву оиладорӣ, нақши падару модар дар таҳкими оила ва тарбияи фарзанд, бачаҳо дар оила ва ғайра суҳбат кард.  Вай ҳамчунин гуфт, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.

Оила дар ҳаёти инсон нисбат ба дигар донишгоҳҳои иҷтимоӣ волотарин ва арзишмандтарин мақомро доро мебошад. Вобаста ба обрўю эътибори волидайн ва таъсири онҳо ба насли наврасу ҷавон оила дар инкишофи ҷисмонию маънавии шахс нақши муҳим мебозад.

Дар охир хонандагони фаъоли шуъба: Одилова Мастура, Бобоев Дурандеш, Сафарзода Шукрона, Файзов Имрон, Алиев Ансорӣ, Гулова Сумая ва дигарон  оид ба оила ва ҷомеа фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд ва шеърҳо қироат намуданд,  ки хеле ҷолиби диққат буд.

Фирӯза Раҳимова