Дарси “Психологияи муоширати касбӣ” бо иштироки директори Китобхонаи миллӣ

Файзализода Ҷумахон ХолДар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи курси такмили ихтисос барои сохторҳои кадрии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи барномаи “Татбиқи технологияҳои кадрӣ ва рақамикунонии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” лексия-мубоҳисаи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар мавзӯи “Психологияи муоширати касбӣ” доир гардид.

Бино ба гузориши сомонаи ин ниҳод “дар ҷараёни лексия-мубоҳиса Файзализода Ҷумахон Хол қайд намуд, ки ки барои ҳар як хизматчии давлатӣ дар ҷараёни фаъолияти касбӣ дуруст ба роҳ мондани муошират бо зердастон ва корафтодагон дараҷаи ниҳоии роҳбари комил ба шумор меравад.

Махсусан омӯзиши психологияи роҳбарӣ, истифодаи муоширати хуб, дарки масъулият дар назди зердастон ва муҳимтар аз ҳама омӯзиш ва татбиқи характеру хусусияти онҳо дар раванди фаъолияти меҳнатӣ барои ҳар як хизматчии давлатӣ бисёр муҳим ба шумор меравад.

курси такмили ихтисосДар идома директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон бо шунавандагони курси такмили ихтисос суҳбати озод гузаронида, ба саволҳои шунавандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуд”.

Гуфтанист, ки профессор Ҷумахон Файзализода муаллифи китоби дуҷилдаи “Психологияи идоракунӣ” мебошад, ки чун воситаи таълимӣ мутобиқ ба талаботи Стандарти  давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  омода намудани ихтисосҳои “Иқтисод ва идоракунӣ” таҳия гардида, барои донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод шудааст.