Дасти хайри саховатпешагон ба хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ низ расид
Дар моҳи шарифи Рамазон чанд нафар саховатмандон фитри рўзаву закоти амволашонро ба шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷумлаи хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ супориданд. Аз ҷумла як хайрхоҳ, ки нахост номаш зикр гардад, 1000 сомониро аз номи худ ва писараш ба ду нафар шахси дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ-Ҳасан Абдуллозода ва Сайфулло Назаров хайр кард.
Як шаҳрванди дигари кишвар, ки гуфт хайр худнамоиро дўст намедорад ва бинобар ин аз зикри номаш худдорӣ кард, низ гуфт намедонистам, ки дар Китобхонаи миллӣ шуъбае барои маълулон фаъолият мекунад, ки мешавад ба онҳо кўмак намуд. Ин шахс 600 сомонӣ ба 3 узви шуъбаи мазкур Рустам Эмомов, Носир Саидов ва Хушбахт Одинаев ба сифати хайри моҳи шарифи Рамазон дод.
Ҳамин тавр ба Рухшона Назарова, Мавзунҷони Ғафурзод, Султон Сафаров, Мусаввара Амонова ва Муҳаммадҷон Абдуллоев ба маблағи 100 сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷониби саховатпеши дигаре хайру садақа гардид.
Бонуи соҳибкор Хосият Зайналова, ки дар бозори «Корвон» тиҷорат мекунад, ба 8 нафар шахси ниёзманди аъзои ҳамин шуъба, аз ҷумла Абдулло Тўраев, Суҳробҷон Маҳмадёров, Ҳусайн Муродзода, Шаҳноза Давлатмирова, Файзалӣ Ғаффоров, Барно Рустамова ва дигарон бастаҳои беҳдоштӣ ҳадя намуд.
Чанд рўз пеш як бонуи накўкор бо номи Назокат Ашўрова низ эълон кард, ки аз ин ба баъд бо ин шуъбаи Китобхонаи миллӣ дар бобати дастгирии маъюбон ҳамкорӣ хоҳад кард. Ў барои 50 нафар аъзоёни шуъбаи зикршуда дар ошхонаи Китобхонаи миллӣ суфраи шом боз намуд, ки дар ин кори хайр ўро Наим ном ҷавонмарди дилсўзу дастбахайр кўмак намуд.
Ҳар сол дар арафаи иду ҷашнҳо барои ин қишри ҷомеа кўмакҳои моливу ғизоӣ ва беҳдоштӣ аз тарафи шахсони хайрхоҳ ирсол мегардад, ки ин нишони ғамхориву муҳаббат нисабти онҳост.
Бо ташаббуси ширкатҳои хайриявии ватанӣ ва байналхалқӣ, барои мисол ширкати Rukh agansy ва ташкилотҳои дигари ватанӣ барои маълулон дар арафаи Наврўзи байналмиллалӣ дар Сирки давлатӣ барномаи идона таҳия гардид, ки аз Хонаи пиронсолон, Хонаи маъбон, шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имкоияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ низ ҳузур доштанд. Ин барнома ройгон ба онҳо пешниҳод гардид.
Китобхонаи миллӣ аз ҳамаи ташкилоту ширкатҳо ва шахсони хайрхоҳу некдил, ки ба ин гурўҳи ҷомеа кўмак мекунанд в адар ҳақашон ғамхорӣ зоҳир менамоянд, изҳори сипос мекунад.
Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.