Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 11-уми апрел

Антиох Дмитриевич КантемирСоли 1744 шоири ҳаҷвнигори рус Антиох Дмитриевич Кантемир аз олам гузашт. Вай як дипломати молдавитабор буд. Аз бузургтарин шоирони руси замони худ маҳсуб мешуд. Гуфта мешавад, ки эҷодиёти вай дар рушди забони адабии русӣ нақши муҳим бозид.

Аввалин намунаҳои ашъораш миёнаи солҳои 1720 чоп шуда ва дар қадами аввал шеърҳои ишқӣ менавишта. Гоҳе аз фаросавӣ тарҷума мекард. Маҳз дар ҳамон солҳо ба навиштани шеърҳои ҳаҷвӣ ҳам худро санҷид ва ба муваффақияти оянда дар ин жанр умед баст.

Аввалин китобаш соли 1727 чоп шудааст ва он ҳоло ҳам барои касоне, ки мехоҳанд забони славянии калисоиро омӯзанд, муфид дониста мешавад.

Соли 1920 нависанда ва намоишноманависи англис Питер О’Доннелл ба дунё омад. Вай бо силсилакитобҳои худ дар бораи Модести Блэйз машҳур аст. Дар тасвири муаллиф Модести Блэйз як зани қаҳрамон аз зумраи агентҳои пинҳонкорест.

Нарвал”, “Модести Блейз”, “Тамъи марг”, ”Охирин рӯз дар Лимбо”, “Чанголҳои аждаҳо”, “Дом барои кубро” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1951 дар Минеол нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Ҷеймс Патрик Келли таваллуд шуд. Вай барандаи ҷоизаҳои “Небюлло” ва “Ҳюго” буд. Романҳои “Соҳили Озодӣ”, “Ба Хуршед бинигар”, “Табиати зинда”, “Инқилоби Офтоб” маҳсули қалами ӯ мебошанд.

Жак ПреверСоли 1977 шоир ва филмноманависи фаронсавӣ Жак Превер аз олам рафт. Шеърҳои ӯ дар ҷаҳони фаронсизабонон биёр роиҷ аст ва дар китобҳои дарсии ин забон бисёр нақл шудааст.

Филмномаҳои “Ҷиноёти ҷаноби Ланжа”, “Драмаи ғалатӣ”, “Гумшудае аз Сент-Ажил”, “Танобҳо”, “Оғози рӯз”, “Сарбози хурдакак”, “Шоҳ ва паранда” аз ӯст.

Ҳамчунин вай муаллифи китобҳои “Сухан”, “Таърих”, “Афсонаҳо”, “Манзара”, “Борон ва сатил”, “Сирки Изис”, “Рӯйдод”, “Найза дар замин” ва ғайра мебошад.

Соли 1980 дар Борисов нависандабонуи белорус Татяна Замировская ба дунё омад. Алҳол сокини шаҳри Ню-Йорки ИМА мебошад.

Соли 1987 дар Пэрадайз-Вэлли, иёлати Аризон дар синни 83-солагӣ навиисандаи амрикоӣ Эрскин Колдуэлл тарки олам кард. Вай 17 декабри соли 1903 ба дунё омада буд. Дар ҷавонӣ ба шуғлҳои мутафовите даст зада, вале муваффақ нашуда, то ин ки оқибат нависанда нашавад.

Осори муҳими вай дар китобҳои “Ҳаромзода”, “Сарзамини Амрико”, “Ҷодаи танбоку”, “Як ваҷаб хоки Худо”, “Таъзим ба хуршеди фурӯзон”, “Роҳҳои ҷануб”, “Хонае дар кӯҳистон” ва ғайра ба нашр расидааст.

Қувват ДавлатСоли 2004 шоири тоҷик Қувват Давлат аз олам рафт. Вай  26 апрели соли 1952 дар деҳаи Табушни ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ таваллуд шуда буд.

Соли 1970, баъди хатми мактаби миёна, ба хизмати низомӣ рафта, соли 1973 вориди факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе гардидааст.

Соли 1977, баъди хатми донишгоҳ, дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба кор пардохтааст.

Ширкатвари фестивали ХI шоирони ҷавони шӯравӣ дар шаҳри Қизил (1982) будааст.

Аз даврони мактабхонӣ шеър менавиштааст.

Соли 1977 силсилаи ашъораш бо сарсухани Бозор Собир дар «Садои Шарқ» ба чоп расидааст.

Соли 1983 аввалин маҷмӯаи ашъораш бо номи «Пайрави дил» мунташир гаштааст.

Баъдан офаридаҳояш дар авроқи китобҳои «Боли самандар» (1988) ва «Шаҳри ишқ» (2002) ба чоп расидаанд.

Ҳамчунин, муаллифи гулчини «Хуршедҳои гумшуда» (Теҳрон, 1999) мебошад.

Доир ба таърихи диёр ва шахсиятҳои шоистаи Масчоҳ чанд китоб, монанди «Шерони Масчоҳ» (2003), «Родмардони Палдорак» (2001), «Олиҳиммат» (2002) ва ғайра таълифу мунташир намудааст.

Ҳамчунин, муассиси рӯзномаи шахсии «Гулбонг» будааст.

Маҷмӯаи нисбатан мукаммали назму публитсистикааш соли 2012 таҳти унвони «Ҷароҳати шафақ» интишор ёфтааст.

Ҳамон сол дар Хуҷанд маҷмӯаи ашъораш бо номи «Паёми фардо» бо ҳуруфи кириллӣ ва алифбои ниёкон аз чоп баромадааст.

Соли 2005 ашъори Устод Қувват Давлат сазовори ҷоизаи адабии ба номи Қутбӣ Киром гаштааст.

Эҷодиёташ аз ҷониби адабиётшиносон ва мунаққидони варзида, аз ҷумла профессор Абдунабӣ Сатторзода, Юсуф Акбаров ва Абдуманнон Насриддинов баҳои баланд гирифта, ҳамчун адиби тозагӯ ва рангинхаёл эътироф гардидааст.

Оромгоҳи шоир дар мазористони деҳааш, дар минтақаи сеюми Масчои Нав мавҷуд буда, дар лавҳи мазораш мисраъҳои зерини ӯ ҳаккокӣ шудаанд:

Ин ҷаҳони гузарон аз мо нест,
Вақт эй ҳамсафарон аз мо нест,

Омаданро ҳама рафтан зи пай аст,
Ғами тан чист,ки ҷон аз мо нест.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Курт ВоннегутСоли 2007 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар синни 84-солагӣ аз зарби шадид ба сар нависандаи амрикоии асарҳои тахайюлӣ Курт Воннегут аз олам рафт. Вай аз маъруфтарин насрнависони амрикоӣ буд.

Воннегут муаллифи романҳои “Шаби модар”, “Худо шуморо ҳифз кунад, ҷаноби Розуотер”, “Силоҳхонаи шумораи панҷ”, “Субҳонаи қаҳрамонон”, “Маҳбус”, “Риши обӣ”, “Замони ларза”, маҷмуаи мақолоти “Марде бидуни Ватан”, достонҳои “Қанорӣ дар хонаи гурба”, “Ба хонаи маймун хуш омадед” ва ғайра мебошад.

Таҳияи Б.Шафеъ