Дастоварди байналмилалии олимони тоҷик
Дар ҷаласаи навбатии шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ аз байни довталабон се нафар олимони тоҷик: Самардин Афғонов, Файзализода Ҷумахон Хол ва Абулҳай Комилӣ зимни овоздиҳии пўшида академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд.
Доктори илмҳои педагогика, профессор Самардин Афғонов феълан ба сифати профессори Донишгоҳи Калифорнияи Амрико фаъолият дошта, муаллифи беш аз 15 таълифот, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон муаллифи 15 таълифот ва беш аз 50 мақолаи илмӣ ва профессор Абулҳай Комилӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав фаъолият дорад, муаллифи беш аз 64 китоб, дастур ва васоити таълимӣ ва 360 мақолаи илмӣ мебошанд. Олимони мазкур бо дастовардҳои бунёдӣ дар ҷодаи илм ва маориф чун мутахассисони варзидаи соҳаҳои худ эътироф шудаанд.
Ҳамзамон, имрўз дар ҷаласаи васеи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими супоридани дипломи академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ ба роҳбари ин муассиса Файзализода Ҷумахон Хол баргузор гардид.
Аъзои Раёсати Академия Сатторов Тоҳирҷон ва Саидмуроди Хоҷазод дар бораи фаъолияти Академияи мазкур ибрози назар намуда, изҳор доштанд, ки минбаъд академикҳои нав барои таҳаввули низоми маориф ва илми Тоҷикистон ҳиссаи арзанда мегузоранд. Ба сифати Академики АИБ МО интихоб шудани онҳо барои амалӣ гардидани нуктаҳои меҳварии Паёми Сарвари давлат ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи маориф ва илм, муаррифӣ ва тарғиби бештари дастовардҳои илми тоҷик дар арсаи ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ соли 1992 бо мақсади мусоидат ба ҳалли мушкилоти муассисаҳои олии таълимӣ дар ҷодаи гузариш ба низоми нави таҳсилот, рушди илм, ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар низоми таҳсилоти касбӣ таъсис ёфта, беш аз 1200 нафоар олимони муътабари сатҳи ҷаҳониро аз 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон муттаҳид менамояд. Президенти АИБ МО ходими илм ва техникаи Федератсияи Россия Валентин Ефимович Шукшунов буда, марказаш дар шаҳри Маскав ҷойгир аст.
Номзадҳо ба Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ бояд докторони илм ва профессорони дар арсаи ҷаҳонӣ шинохташуда бошанд. Шахсоне, ки аъзои ҳақиқии Академия интихоб мешаванд ба унвони Академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ мушарраф мегарданд. Аъзои Академия бояд бобати рушди соҳаҳои маориф ва илм пайваста саҳми фаъол гузоранд, барои реформаи ин соҳаҳо пешниҳодҳои ҷолиб ироа доранд, ҷиҳати ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ва илм ва таҳаввулоти соҳа саҳмгузор бошанд.