Маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” баргузор шуд  

Имрўз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  маҷлиси ҳисоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»  оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 доир гардид.

 

Ҷаласаро Директори муассиса Файзализода Ҷумъахон Хол ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки барои кормандони Китобхонаи миллӣ боиси ифтихор ва саодатмандист, ки аъзои ҳизбе мебошем, ки миёни мардуми кишвар маъруфият дорад ва роҳбарии онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зимма доранд.

Сипас аз фаъолиятҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сухан ронда, дар мавриди корҳои анҷомшуда дар давраи ҳисоботӣ итилло дод.

Дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” корҳои зиёдеро ба анҷом расонд. Аз ҷумла, рӯзи 8-уми июн соли 2021 бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон” баргузор гардид. Чорабинӣ дар тарабхонаи “Боми ҷаҳон” доир карда шуд, ки дар он Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” профессор Файзализода Ҷумахон Хол, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва намояндагони як қатор ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

3 сентябри соли 2021 бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рўзи китоб” чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ зери унвони “Китобу Истиқлол-ду боли як иқбол” баргузори гардид. Дар фарҷоми чорабинии мазкур  як нафар аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба ду нафари дигар бошад “Сипоснома”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Инчунин сардори шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба як қатор аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н. И. Сомониро тақдим намуд.

4 ноябри соли 2021 чорабинии сиёсӣ бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия-бахтномаи миллат” бо иштироки роҳбарият, меҳмонон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” баргузор гардид.  Ҳамчунин дар ҳамин моҳи соли 2021 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Бо Эмомалӣ Раҳмон-ба сўйи фардои дурахшон” дар Кохи Суруш баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” намоиши китоб аз ҳисоби китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ бо иштироки намояндагони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вазорату идораҳо, муассисаву корхона, бонкҳои давлатӣ, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Вобаста ба Рўзи Президент ҳамчунин дар Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Президент-ҳомии миллат” бо иштироки роҳбарият, меҳмонон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” баргузор гардид. Аз ҷумла, дар ин чорабинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода, директори Маркази омўзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Дилором Сайдаҳмадзода, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб иштирок ва суханронӣ намуданд.

22 ноябри соли гузашта мизи мудаввар бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ таҳти унвони “Парчами миллӣ-ифтихор ва иқтидори миллат”, инчунин дар ҳамкорӣ бо Шўрои бонувони Китобхонаи миллӣ санаи 22 декабри соли 2021 мизи мудаввар таҳти унвони “Бонувон дар сиёсат” баргузор намуданд.

Вобаста ба тарғйиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамчунин баромаду мусоҳибаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷиҳати ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхониву китобхона ва дигар омилҳои таъсирасон ба зеҳни ҷавонон, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор» дар чандин барномаҳои радиоӣ, телевизионӣ ва бо нашри чандин мақолаҳои илмиву оммавӣ нақши хешро гузоштанд. Аз ҷумла, дар барномаҳои «Фурўғ», «Махзани илм», «Ҷаҳони илм», «Асарҳои хонданӣ», «Салом ҷавонӣ» ва ғайра иштироки фаъоли аъзои ташкилот ба назар мерасад, ки ҳамагӣ барои таблиғи китобу китобхонӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои ҳукумати кишвар, ки имрўзҳо барои китобхоннамоии ҷавонон пайваста иқдомҳои нав ба навро роҳандозӣ менамояд, мусоидат хоҳад кард.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор» соатҳои сиёсӣ пайваста доир мешаванд. Дар яке аз ин соатҳои сиёсӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва шоири маъруф Хайрандеш суханронӣ намуданд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор» дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллӣ дар асоси Дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ниёзмандон, ятимону барҷомондагон ва бепарасторон дар арафаи иди Қурбон аз ҳисоби музди меҳнати директори Китобхона ва маблағҳои Кумитаи иттифоқи касабаи Китобхона маблағ ҷамъоварӣ гардида, ба Интернати давлатии назди мактаби Кангурти ноҳияи Темурмалик бурда расонида шуд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар панҷмоҳаи аввали соли 2022, 13 нафар аз кормандони Китобхонаи миллӣ ба узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд. Дар умум аъзои ташкилотро то ба имрўз 288 нафар ташкил медиҳад.

 

Раҳима Аъзам