Дастури нави таълимӣ-методии «Муқаддимаи этнопсихология ва таҳқиқоти этнопсихологӣ»
Дар дастури таълимӣ-методии мазкур тавзеҳоти умумӣ дар бораи мафҳуми этнопсихология, мақсад ва вазифаҳои он ҳамчун соҳаи илми психология, натиҷаҳои таҳқиқоти этнопсихологӣ, этнофарҳангӣ ва кросс-фарҳангӣ, таҳлилҳои муқоисавии онҳо, хусусиятҳои ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти этнопсихологӣ, ақидаҳои олимон оид ба таъсири фарҳанг ва унсурҳои ташкилкунандаи он ба рушди шахс, инчунин методҳои ташхисии ҳувияти миллӣ ва этникӣ дар шакли намуна оварда шудаанд.
Вобаста ба хусусиятҳои маҳалли зист ва рушди таърихӣ намояндагони халқҳои гуногун расму оин, одат, анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ-этникии ба худ хосеро касб кардаанд. Маҳз риояи ин унсурҳои фарҳангӣ минбаъд ба таври ҷузъӣ ба сифати заминаи рушд ва пешбурди аломатҳои хоси миллӣ, ба таври умумӣ бошад, ҳамчун инъикоскунандаи тавсифдиҳандаҳои халқият ҳамчун намояндаи миллат ва давлати муайян баромад мекунанд.
Нишондиҳандаҳои мазкур муаррифгари давлати миллӣ буда, аз зумраи сабабҳое ба шумор меравад, ки боиси аз ҷониби дигарон эътироф гардидани он мешавад. Халқи тоҷик низ дар ин маврид истисно набуда, соҳиби таърихи қадим, фарҳанги ғанӣ, урфу одат, расму оин, анъанаҳои хоса ва тамаддуни барҷастае мебошад, ки боиси ифтихори ҳар як фарди ҷомеаи мост. Мавриди қайд аст, ки мавҷудияти идеяи миллии ягона ва устувор барои пешрафти ҷомеа ва давлати миллӣ омили меҳварӣ ба шумор меравад. Ташаккул додан ва мустаҳкам сохтани идеяи миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ҳисобида мешавад. Зимнан, қайд намудан лозим аст, ки фаҳмиши идеяи миллӣ унсурҳои фарҳанги аққалиятҳои миллии маскуни кишварро инкор накарда, балки онро ҳамчун ғановат ва гуногунрангии фарҳанги миллӣ баҳо медиҳад.
Яке аз қисмҳои ташкилкунандаи идеяи миллӣ ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Он ҷузъи муҳими омили фарҳангии пойдории давлат мебошад ва моро зарур аст, ки онро ташаккул дода, насли ояндаро низ дар ин руҳия тарбия намоем. Барои ин лозим меояд, то ҳувияти миллӣ ва унсурҳои ташкилдиҳандаи он ҳамаҷиҳата таҳқиқу тадқиқ гардида, дар ин замина усул ва воситаҳои ташаккули он коркард шаванд…
Хонандагон китоби «Муқаддимаи этнопсихология ва таҳқиқоти этнопсихологӣ»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.