Дидори ҳайати синамогарони Ҷумҳурии Узбекистон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Рўзҳои кинои Узбекистон дар Тоҷикистон (19-22 майи 2021) идома дорад. Ба муносибати ин чорабинии муҳим ҳайати ҳунармандони Ҷумҳурии Узбекистон бо сарварии Фирдавс Абдухолиқов директори генералии Агентии кинематографияи кишвари ба мо дўст дар Тоҷикистон қарор доранд. 19уми май ҳайати номбурда аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуда ва бо дастовардҳои кишвари мо дар соҳаи китобу китобдорӣ аз наздик ошно гардиданд.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол ҳайати мазкурро истиқбол гирифтанд. Ў ба меҳмонони узбекистонӣ дар бораи фаъолияти Китобхона, дастовардҳои соҳаи китобдорӣ, ҳамчунин роҷеъ ба чашмандози рушди ин соҳа маълумот доданд. Файзализода Ҷ.Х. бар аҳамияти боздиди ҳайатҳои ду кишвар, ба вижа намояндагони фарҳанг барои рушду шукуфоии минбаъдаи муносибатҳои ду кишвари бародар ва рушди фарҳангии халқҳои ба ҳам дўст, ки сарнавишти онҳо дар дарозои садаҳо бо ҳам гиреҳ хурда аст, таъкид кард.

Раиси ҳайати киноматографистони Узбекистон зимни изҳори сипос аз пазироии гарму самимона, китоби даҳҷилдаеро аз силсилаи «Мероси фарҳангии Узбекистон» ба унвони ҳадя ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим карданд. Ин китобҳо намоёнгари намунаҳои барҷастаи фарҳанги маънавии Узбекистон аст, ки дар дохили он кишвар ва ҳамчунин дар осорхонаҳову коллексияҳои пуршумори чанде аз кишвархои Шарқ ва Ғарб бо эҳтиёт нигоҳдорӣ мешавад.

             Хотирнишон менамоем, ки дар доираи «Рўзҳои кинои Узбекистон дар Тоҷикистон» дар кинотеатрҳои «Ватан», «Зебуннисо» ба номи Тоҳир Собиров ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат намоиши се филми ҳунарӣ, се филми мустанад ва як филми тасвирӣ – таҳияи устодони санъати Ҷумҳурии Узбекистон роҳандозӣ хоҳад шуд.