Дирафши Ковиёнӣ дар маъхазҳои таърихӣ
Арзи вуҷуди Дирафши Ковиёнӣ дар осори асотирӣ ва таърихӣ ба қиёми Коваи Оҳангар бар зидди зулму ситами Аждаҳок – Заҳҳок иртибот мегирад. Кова бо ёрии мардум кохи фармонравоии Заҳҳокро дарҳам мекӯбад ва Фаридунро бар тахти шоҳӣ менишонад.
Фаридун низ пас аз ин ки ба шоҳӣ расид, фармон медиҳад, то чарми пешбанди Коваро бо дебоҳои зарду сурх ва бунафш биёроянд ва зарру гавҳар ба он бияфзоянд. Фаридун онро расман чун дирафши шоҳаншоҳӣ пазируфт. Муҳаммад Авфӣ менависад: «Пас (Фаридун) фармон дод, ки он чармпора, ки он рӯз Кова бар сари чӯб карда буд, биёваранд ва аз он ҷавоҳири нафис дар вай тарсеъ фармуд ва онро ба фол гирифт ва аламе бузург ва рояте шигарф сохт ва онро Дирафши Ковиён хондан. Ва мулук онро азиз доштандӣ ва юмну хуҷастагӣ ва фатҳу пирӯзӣ аз он доштандӣ. Ва ҳар подшоҳ, ки ба ҷойи вай биншаст, дар он зиёдат такаллуф фармуд (яъне ба ин дирафш гавҳарҳои бештар насб кард), то ба ҳадде расид, ки ҷумла муқаввимон (касоне, ки чизеро рост боло мебардоранд) аз тақвими ӯ оҷиз омаданд. То дар фатҳи Қодисия, ки ҳангоми кусуфи офтоби давлати акосира буд, марде аз лашкари Саъди Ваққос онро бигирифт ва дар ҷумлаи ғаноим ба ҳазрати амиралмуъминин Умар оварданд ва онро бикушоданд ва бар мусалмонон қисмат карданд…
Муҳаммад Авфӣ. Ҷавомеъу – л – ҳикоёт ва лавомеъу – р – ривоёт.
Ба кӯшиши Ҷ. Шиор. Теҳрон, 1363.ҳ.ш.
Балозурӣ ривоят мекунад, ки гурӯҳе аз размандагони сипоҳи Сосониён, ки Рустами Фаррухзод ҳифозати Дирафши Ковиёнро ба онон эътимод карда буд, то дами марг аз ин намоди давлатдории шоҳаншоҳӣ дифоъ карданд: «Гӯянд ҷамоате аз Аҷам парчами хешро дар ҳуфрае (сӯрохе) кӯбиданд ва гуфтанд: «мо мавзеи худро то дами марг тарк нахоҳем гуфт». Пас Салмон ибни Рабеаи Боҳилӣ бар онон тохт ва ҳамагиро бикушт ва парчамашонро бигирифт».
Аҳмад ибни Яҳё Балозурӣ,
Футӯҳу – л – булдон. Теҳрон, 1337 ҳ.ҳ.
«Ин дирафш, менависад Саолибӣ, – то ҳангоми вожгунии подшоҳии Яздигурд – пасин шаҳриёри Сосониён дар ҷанги Қодисия бар ҷо буд, дар он ҷанг ба дасти марди нахаъӣ афтод, ки онро ба Саъди Ваққос дод. Саъд Дирафши Ковиёниро бо дигар баҳраҳои ҷангӣ,… бо ганҷинаҳои Яздгирд чун гавҳарҳову тоҷҳо ва камарбандҳои гавҳарнишон, ҳамаро ба амирулмуъминин Умари Хаттоб супурд. Умар фармон дод, ки Дирафши Ковиёниро пора – пора буридаанд ва бар мусулмонон бахш карданд».
Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммади Саолибии Нишопурӣ. Таърихи ғурару – с – сияр маъруф ба «Шоҳнома» – и Саолибӣ. Тарҷума аз арабӣ ба форсӣ. С.Рӯҳонӣ. Душанбе, 2014.
**** ****
Ин чанд иқтибос аз китобест, ки соли 2025 бо талоши Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик бо номи “Ганҷе аз ниҳонхонаи таърих” чоп кардааст. Китоб, ки онроо донишманди тоҷик Ҳамза Камол гирдоварӣ ва вироиш кардааст, матолиберо пиромуни зандагӣ ва рӯзгори нодирмардони адабу ҳунар, риҷоли сиёсиву сипоҳӣ ва мазҳабии миллатамон, ки чун ганҷи шойгон дар осорхонаи тамаддуни башарӣ мақоми волоеро эҳроз кардаанд, дар бар мегирад.
Китоби «Ганҷе аз ниҳонхонаи таърих» ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қообили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд