Дирӯзу имрӯзи шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто хеле корҳоро ба сомон расонид. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакати мо як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки ин дар рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ нақши бузург гузошт.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба соҳаи китобдорӣ таваҷҷӯҳи хос аз оҳир гардида, бо азму талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобу китобдории тоҷик такони бузург бахшида шуд. Аз ҷумла, таҳия ва ба тасвиб расидани силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурӯшӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баргузории намоишҳои байналмилалии китоб, таҷлили ҳамасолаи «Рӯзи китоб» дар мамлакат ва бунёди бинои нави Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ метавон кард.

Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ яке аз шуъбаҳои хидматрасон маҳсуб ёфта, ҳамарӯза ба гурӯҳи хонандагони хурдсол хидмат мерасонад. Мавриди зикр аст, ки теъдоди китобҳои шуъба қариб, ки ҳар моҳ тағйир меёбад, зеро бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи хидматрасонӣ ба истифодабарандагон ва ғанӣ гардондани фонди шӯъба бо ибтикори роҳбарияти Китобхона тайи солҳои охир аз муассисаҳои нашриявии кишвар, ташкилоту муассисаҳо ва ҳамчунин шахсони алоҳида  бештар аз 2228 нусха китоби тозанашр харидорӣ ва мавриди истифодаи хонандагон қарор дода шудааст. Агар дар соли 2024 теъдоди китобҳои харидоришудаи тозанашр 461 нусхаро ташкил дода бошад, пас теъдоди ҳамин гуна китобҳо фақат дар моҳи январи соли 2025  215 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби роҳбари Муассиса аз ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида харидорӣ гаштааст.

Дар натиҷаи санҷиш ва муайян намудани фонди китобҳои шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон маълум шуд, ки нишондоди теъдоди китобҳои шуъба то моҳи марти соли ҷорӣ 6386 нусхаро ташкил дода, аз ин 4148 нусха бо забони тоҷикӣ, 1694 нусха бо забони русӣ, 116 нусха бо забони англисӣ,  26 нусха бо забони олмонӣ ва 4 нусха бо забони фаронсавӣ мебошанд.

Рӯзномаву маҷаллаҳои кӯдаконаи шуъба: “Машъал”, “Мурзилка”, “Пайрав”, ”Ворисони Сомониён”, ”Чашма”, ”Парвин”, “Офтобак”, “Навниҳол”, “Ахтарон”, “Танаффус”, “Пешоҳангон”, “Канзи дониш”, ”Гулистони дониш”, ”Сканворд”, ”Чигӯяк” ва ”Детское чтение для сердца и разума”  мавриди истифода қарор доранд.

Фонди шуъба асосан дар шакли намоиш гузошта шуда, хонандагон  метавонанд барои худ мустақилона китоб интихоб намоянд. Ногуфта намонад, ки дар баробари мутолиаи китоб ҳар хонанда давоми 30-дақиқа аз барномаҳои электронии тавассути компютерҳо насб гардида истифода мекунад. Дар ин барномаҳо асосан омӯзиши забонҳо, рангу бор кардани расмҳо, ҳисобу китоб ва филми “Сандуқчаи зулбиё”, ки барои сайқал додани савияи дониши ҳар мактаббача нақши бузург дорад, таҳия гардидааст.

Ҳаёти рӯзмарраи шуъба хеле шавқовару ғанӣ аст. Дар баробари хидматрасонӣ ба хонанадагон мувофиқи нақшаи корӣ барномаҳои адабию фарҳангӣ, маҳфилҳо ва намоиши китоб барои ҷалби хонандагон гузаронида мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо ТВ Баҳористон ва ТВ Тоҷикистон ҷараён доранд. Яке аз маҳфилҳои бисёр шавқовари шуъба “Панҷаи ҳунар буда, ҳафтае як маротиба баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории ин маҳфил бедор намудани завқи зебоипарастии кӯдакон ва роҳнамоии онҳо ба олами зебои ҳунару ҳунармандӣ мебошад.  Маҳфили дигаре таҳти унвони “Дар суҳбати адиб” арзи вуҷуд дорад, ки ба он хонандагони навраси шуъба ҷалб карда мешаванд, то аз фаъолияту эҷодиёти ин ё он адиби даъватшуда бархурдор гарданд. Ин ҷо бачаҳо доир ба асарҳои меҳмони маҳфил сӯҳбатҳои боманфиат мекунанд. Ин маҳфил моҳе як маротиба бо нақшаи пешакӣ таҳрезӣ шуда, якҷо бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ҳамзамон дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, барномаи телевизионии “Фуруғ” бо иштироки Азизи Азиз – нависандаи бачаҳо ва ширкати довталабони озмуни мазкур низ аз маҳфилҳои ҷолиби шуъба аст. Барномаи “Фурӯғ”, ки дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳия мегардад, дар он иштирокдорон таҳти роҳнамоии ровии барнома Азизи Азиз асарҳои дар низомномаи озмун дохилшударо баррасӣ мекунанд.

Бояд қайд кард, ки ҳамарӯза меҳмонҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз толори хониши шуъба дидан менамоянд ва ба онҳо аз фаъолият ва бойгонии шуъба маълумоти шифоҳӣ – библиографӣ дода мешавад.

Дар баробари хидматрасонии анъанавӣ инчунин дар 14 адад компютер, ки бо барномаҳои таълимию тарбиявӣ насб гардидаанд, хонандагони хурдсол истифода мебаранд. Дар ин барномаҳо асосан омӯзиши забонҳо, рангубор кардани расмҳо, ҳисобу китоб, ки барои сайқал додани савияи дониши ҳар мактаббача нақши бузург дорад, таҳия гардидааст. Ҳамзамон, барои аксбардорӣ (сканер) намудани китобҳои якрақамаи шуъба, ки мавриди истифода қарор доранд ва дар наминатсияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тавсия шудаанд, бо теъдоди 63 нусха ба шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-итилоотӣ супорида шуда, пас аз аксбардорӣ намудан ба шуъба баргардонида шуданд.

Дар самти тарғиби китобҳои тозашри бачагона дар сомонаи Китобхона аз ҷониби кормандони шуъба, китоби “Афсонаи симурғи М. Раҳимӣ, “Бобо”-и Бахром Фируз, Галабаи ситора”, “Дуои модар”, “Наврӯз”, “Афсонаҳои молиявӣ”, “Бозёфтҳо аз Шоҳнома”-и Зафари Мирзоён, идомаи “Афсонаи молиявӣ”, “Рубоёт”–и Умари Хайём, Афсонаҳои халқи тоҷик”, “Тазкираи адабиёти бачаҳо” қисми 1 аз Юсуфҷон Аҳмадзода барои бачаҳо тарғиб карда шуд ва баҳри мутолиаи хонандагон дар толори хониши шуъба ба намоиш гузошта шудааст.

Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа