Доғ шуста шуд

Айнӣ ва ЛоҳутӣЁ  роҷеъ ба як номаи устод Айнӣ ба устод Лоҳутӣ.

Ин матлаб 36 сол пеш дар зодрӯзи устод Абулқосим Лоҳутӣ дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” нашр шуда буд ва номаест, ки бо гузашти 49 сол пайдо шуда, як саҳифаи норӯшани рӯзгори Айнии бузург ва талошҳои Лоҳутии башардӯстро рӯшан мекард. То ин дам дар бораи як туҳмати сахт ба Айнӣ, ки қариб буд ҷонашро қурбон кунанд, сухан гуфта мешуд, вале хонанда баъди ним аср донист, ки устод Айнӣ ин туҳматномаро чӣ гуна қабул кард ва барои раҳоӣ аз банди туҳмат чӣ корҳое анҷом шуд.

Мо матлаби “Тоҷикистони Советӣ”-ро на ба он хотир меорем, ки барои имрӯзиён нав аст, балки хостем хонанда донад, ки Лоҳутӣ чӣ хидмати арзишманде ба нобиғаи нотакрор Садриддин Айнӣ анҷом додааст. Ин нома баъдҳо борҳо шояд чоп шуда бошад.

Дар газета аввал номаи устод Айнӣ ва баъдан мусоҳибаи Доро Наҷот бо Президенти Академияи фанҳо Муҳаммад Осимӣ чоп шудааст, ки ҳоло мехонед.

ИНАК, ОН МАТЛАБИ “ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ”:

Хонандагони азиз! Номае ёфт шуд, ки бегумон таваҷҷўҳӣ ҳамагонро  ба худ хоҳад кашид. Номаи устод Садриддин Айнӣ ба устод Лоҳутӣ, номае аз Самарқанд ба Москва. Ин номаи то кунун чопнашударо  Президенти Академияи илмҳо Муҳаммад Осимӣ чун дастовез ба ҷашни садаи устод Лоҳутӣ лутфан ба рўзномаи мо пешниҳод карданд. Инак, аввалан матни  мухтасари  нома  ва сониян сўҳбате перомуни  он, ки миёни устод Муҳаммад Осимӣ ва мухбирамон ба вуқўъ пайваст.

Фозили мўҳтарам рафиқ Лоҳутӣ !

Мактуби 4 апрел ба пўчта супурдаатон, дар вақташ расида буд, аммо дар ҷавоб мебахшед, ки бешармона хеле ва бисёр дер мондам. Сабаби ин бемориам буд. Рафиқҷон, ман хеле бемори дарунӣ шудаам, ки бо андак таъсири  хориҷӣ  масалан  бо ягон хўрокӣ андак нофорам ё  шамоли тундтар зуд бистарӣ мегардам.

Ман дар рўзҳои гирифтани мактуби Шумо бемор будам, он қадар сахт набуд. Ман фикр кардам, ки баъд аз беҳтар шудан ҷавоб хоҳам навишт. Аммо дишаб 17 апрел бо 39 дараҷа таб ба як қай ва исҳоли сахт гирифтор шудам ва ба чунин ҳол як ҳафта бештарин беҳуш будам. Шумо медонед, ки дар вақти бемории қай ва исҳол беҳўшӣ бошад, чи фалокатҳо рўй медиҳад, бар болои ин модари Холида, ки аслаш  бемор буд, дар ҳамин рўз  бемориаш сахттар шуда буд. Аз 24 апрел дардам рўй ба беҳбудӣ овард. (Албатта яке аз духтурони хуб маро муолиҷа кард). Дар Якуми Май ҳарчанд ба намоиш иштирок карда натавонистам, ба пеши дарвозаам баромада, намоишчиёнро тамошо кардам. Аз 7 май тавонистам қалам ба даст гирам, ин аст, ки дар 8 май ба шумо ҷавоб менависам.

Албатта, аз он ҳуҷумҳо, хусусан, ки ҳамааш дурўғ баромад, дар матбуот эълон карданд  ва  нависандагони мақолаҳо  айбашонро ба гардан гирифтанд, рўҳӣ ман наафтод, ҳатто аз аввалӣ зиёдтар қувват гирифт. Аммо чӣ кунам, ки бадан, хусусан ин бадани пири фарсўда, ба қуввати аввала  наомада  истодааст. Одам танҳо бо шавқ ва қувваи рўҳ кор карда наметавонад, бадани солим ҳам даркор аст, ки ба фармони рўҳ ва шавқ итоат кунад.

Чунон ки ба мактуби  худ ишора кардаед барои бартараф шудан ва дуруст шудани кори ман қисмати Шумо ба воситаи секретариот ва шахсан ба воситаи рафиқ Ставский ( В.П. Ставский-  баъд аз вафоти М.Горкий котиби Иттифоқи  нависандагони  СССР  буд. – М. О )  роли калон бозӣ кард.

Рафиқ Ставский  ба Тоҷикистон  ҳам  телеграф карда будаанд.

Корҳои дар замонҳои сонӣ дар Ўзбекистон  дар ҳаққи  ман шуда ин аст, ки дар  Тошканд дар ҳар маҷлисе, муносибате  бароварда  номи маро ба некӣ ёд карданд ва қайд карданд, ки ба ман ноҳақ  ҳуҷум  шудааст. Дар рўзҳои бемории ман аз Союзи Нависандаҳои  Ўзбекистон ба Самарқанд одами махсус  омада, дар  23 апрел  ба муносибати  шашсолагии Карори ЦК дар бораи адабиёт як маҷлиси калон  гузаронида  ҳуҷумкунандагони ба манро  фош  кардааст…

Рўзномаи «Ленин юлӣ»- и Самарқанд, ки ташкилотчии ҳуҷум буд, расман эълон  кард, ки ҳуҷумҳо нодуруст аст.

Инчунин дар 5 май ба муносибати Рўзи матбуот  дар Самарқанд  маҷлиси умумии шаҳрӣ гузарониданд ва дар он маҷлис маро ҳам  даъват карда, ба маҷлиси президиум гузарониданд. Дар он ҷоҳо мудири ҳозираи газета ва мудири ҳозираи култпробоблуси Самарқанд баромада  ноҳақ шудани ҳуҷумҳо  ба манро ва аз тарафи  киҳо шудани он ҳуҷумҳоро ба омма  гуфтанд ва таклиф карданд, ки нависандагони он мақолаҳо баромада гап зананд. Баъзе аз он нависандагони мақола, ки дар маҷлис буданд, аз он ҷумла  Валӣ Карим ном, ки дар Тошканд дар маҷлисе, ки Шумо будед, ба ман ҳуҷум карда будааст, баромада иқрор кард, ки ман ба фармони редактори собиқ, ки ҳоло дар ҳабс  аст, он мақоларо навишта  будам  ва боз редактор – баъзе чизҳоро худаш илова  кардааст. Ба  вай мудири култпроп гап парронд, ки «агар  редактор ба ту мегуфт, ки худатро аз бом парто, магар ту мепартофтӣ? ». (Албатта, соҳиби мақола ба ин сухан ҷавобе гуфта натавонист). Ва инчунин дар рўзи матбуот дар зовуд ва фабрикҳо, дар колхозҳои калони Самарқанд маҷлис гузаронида ноҳақ будани ҳуҷум ба манро эълон кардаанд.

Хулоса дар Ўзбекистон ва аз ин ҷумла дар Самарқанд, ки маркази ҳуҷум ба ман буд, гуфта метавонам, ки корҳо тамоми дуруст шуд. Зотан ҳам идораҳои расмӣ, аз ҷумла Союзи Нависандагони  Ўзбекистон мутлақо ба ман беҳурматӣ накардааст..

Дар ҳамин рўзҳо касе аз коркунони нашриёти Самарқанд  омад мегўяд, ки аз тарафи отдели печати ЦК  фармуданд, ки асарҳои  Айниро дар китобҳои мактаб дароред. Баъд аз даровардан, боз касе  намедонам  аз куҷо бо телефон гуфт, ки ҳозир асарҳои  Айниро нигоҳ дошта истед албатта, ин провакасия аст. Сиёсати партия дар Ўзбекистон дигару дар Тоҷикистон дигар намешавад, хусусан дар ҳаққи шахсҳо  ва асарҳо.

Бадии аҳволи  Тоҷикистон  дар ҳаққи  нависандагон  дар он ҷост, ки дар Союзи Нависандагон каси дуруст нест.Танҳо Шанбезода раис  аст, ки вай танҳост. Нависандагони ҷавон ба пеши Шанбезода  омада таклиф  кардаанд, ки маҷлиси расмӣ  ҷеғ  зада,  Айниро фош  кардан  даркор аст. Шанбезода ҷавоб додааст, ки агар билети  партиягии маро  зи дастам гиранд ҳам, бе ягон ҳуҷҷати  расмие, ки исбот шуда  бошад ба дасти ман нарасад,  ман ин корро нахоҳам  кард.

Бо вуҷуди  беморӣ  ва бемадорӣ  бисёр гап зада, Шуморо  дарди сар додам, мебахшед. Аммо:

«Бе сўбҳ шабе хоҳам  бо ту ғами дил гўям,

Ман гиряму ту хандӣ, танҳо ману танҳо ту».

Чунончӣ аз ин пеш навишта будам, ман бачагонро аз мактаби тоҷикӣ гирифта, дар мактаби русӣ монда будам, зеро бе ҳамин  бачагонро олим кардан ва аз мактабҳои олӣ  баҳравар кардан мумкин  набуд. Зеро дар мактабҳои тоҷикӣ ва ўзбекӣ дарсҳо суст мерафт, хусусан дарси забони рўсӣ мисли бозӣ буд. Албатта, бачагон имсол дуруст фоида бурда тавонистанд. Як муаллими рўсӣ нигоҳ доштам, ки дар хона дарсҳои онҳоро  тайёр  карда  диҳад. Лекин дар вақтҳои охир  аз ҷиҳати  бепулӣ  маҷбур шудам, ки муаллимро рухсат диҳам. Хулоса имсол  истифодаи  бачагон аз мактаб  ноқис  аст, аммо умедворам, ки дар соли оянда дуруст фоида бурда тавонанд.

Қароре, ки ҳукумат ва партияи Ўзбекистон дар бораи дуруст таълим  додани забони рўсӣ дар мактабҳои  ўзбекӣ ва ғайрирўсӣ (аз он ҷумла мактабҳои тоҷикӣ ҳам) бароварданд, умуман  мувофиқи талаби  зиндагӣ аст.

Умедворам, ки баъд аз ин дар мактабҳои  тоҷикӣ  ва ўзбекӣ  забони рўсӣ дуруст таълим ёбад ва монанди  ман касе маҷбур  нашавад, ки фарзанди худро дар мактаби ғайри забони модариаш  гузошта  ҳам харҷи зиёд кашаду ҳам бачагон  азоб кашанд.

Ба рафиқ Бону аз худам ва аз оилаам салом. Бачагонро  мебўсам ва бачагон ҳатто Лутфия ҳам ба Шумо ва бачагон салом доранд. Ба рафиқ Ставский салом.

Бо эҳтиром Айнӣ 8/V – 38.

Адреси ман: Самарқанд, Ленинский  район, квартали  Қўрғонча, Дом  нумур 10 Айнӣ.

*****

Муҳаммад Сайфиддинович !  Аввало  донистан мехоҳем, ки ин нома чӣ тавр  дастраси Шумо шуд?

– Тақрибан 15 сол пеш ҳамсари устод Лоҳутӣ  Цецилия  Бону як  даста мактубҳои  устод  Айнӣ  ба устод Лоҳутӣ, бахусус ҳамин  номаро ба мо  супурд. Аксари он номаҳо  дар матбуот  ва дар китоби алоҳида ба табъ расидаанд. Ниҳоят вақти он аст, ки мардум аз розҳо, сўзҳо, дардхо, ташвишҳо ва ҷонфишониҳои саромадони  адабиёти  советии тоҷик  пурра огоҳ  бошанд. Ва ин нома, ки соли 1938 навишта шудааст, равшангари  боз як сафҳаи  рўзгору  муборизаи  устодон дар роҳи ҳақиқату тозакориҳо ва рушду камоли адабиёт аст.

Дар нома аз ҳуҷуме ба устод Айнӣ сухан меравад. Марҳамат карда мегуфтед, ки он чи  гуна ҳуҷум буду ҳуҷумкунандагон киҳо буданд.

– «Ҳуҷум» гуфта  дар ҳаққи устод тўҳматеро дар назар доштанд. Он вақтҳо, яъне  солҳои 1937-38 ман дар университети Самарқанд таҳсил мекардам. Ба хонаи устод Айнӣ  равуо доштам. Он солҳо  баъзан селоби туҳмату хусумат одамони покро ба гирдоби худ фурў мебурд. Ба устод Айнӣ  низ чунин хатар таҳдид кард. Соли 1937 дар газетаи вилоятии Самарқанд мақолае ба номи «Садои акка аз лонаи душман» чоп шуд, ки он саропо тўҳмати касношуниде  буд дар ҳаққи устод. Мақолае буд пур аз кинаву адоват. Дар он эҷодиёти  устодро тамоман  нодуруст, ба таври дигар маънидод кардаву чаппа шарҳ дода, асарҳояшонро асарҳои ба Ҳокимияти Советӣ душманона, худи устодро душмани синфӣ эълон карданд. Туҳмати ногаҳон хотири устод  Айниро  мушаваш кард, он касро ба ғазаб овард.

Дар чунин вазъияти ногувор  устод  ба Лоҳўтӣ номаи пурсўзу гудозе навишта буданд, ки мутаассифона, он нома ҳанўз ба  мо дастрас  нашудааст. Устод  Айнӣ  ба унвони  роҳбарони  партия ва ҳукумати  мамлакат  ариза низ навишта, ба рўи  об баромадани ҳақиқатро талаб карда буданд. Ариза бо ҳамин мактуб ба котиби правленияи  Иттифоқи  нависандагон  СССР  Абулқосим Лоҳутӣ  фиристода шуд.

Устод Лоҳутӣ  аризаро бе таъхир  дар тарҷумаи  Бону ба камитети  Комитети  Марказии  ВКП (б)  пешниҳод  намуда, ҳамчунин роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти Айнӣ дар правленияи Иттифоқи нависандагони  СССР маърўза  кардаанд. Мактуби устод Айнӣ  ва тадбирҳои  устод Лоҳутӣ бори дигар шаҳодатест аз муҳаббати беандозаи ин саромадони бузурги  адабиётамон  ба ҳамдигар.

– Ин тадбирҳо чӣ натиҷа доданд?

– Чи тавре аз нома бармеояд, натиҷаи хуб. Ҳақиқат ҷои худро ёфт. Доғ шуста шуд. Устод Айниро ба Тошканд  даъват  карданд, ки аз он ҷо бо рўҳияи тоза ва табъи хуш баргаштанд.

Сипас, дар Самарқанд бо  устод  Айнӣ вохўриҳо баргузор шуд, ки дар яке аз он ман иштирок доштам. Баногоҳ ҷавоне ба минбар  баромада рўй ба устод Айнӣ оварду илтиҷо кард, ки гуноҳашро  бубахшанд. Гуфт, ки ба гапи душманони халқ  даромадам, ба шумо тўҳмат кардам, носазо гуфтам, сафедро сиёҳ нишон додам.

Устод ба ў чунин ҷавоб гардонданд:

– Ман гуноҳи туро фақат ба хотири он мебахшам, ки ҷавон ҳастӣ, вагарна  ин гуна гуноҳро ҳаргиз  бахшидан  мумкин нест. Ин гуноҳ на фақат дар назди ман, балки гуноҳест дар назди партия ва халқ. Минбаъд  коратро дониста кун,  қадаматро дониста мон, ки пешпо нахўрӣ.

Ана ҳамин тавр хоки хушк ба доман начаспид.

– Воқеан, устод Айниву Лоҳўтӣ бо газетаи мо пайваста мукотиба ва робитаи  ногусастанӣ доштанд. Бисёр асарҳои онон маҳз дар ҳамин газета ба табъ рсидаанд. Бахусус, соли 1937- соли хурўҷи ин туҳмат ду мақолаи калони устод Айнӣ: «Вазифаи шарафноки  муқаддас» ва «Омўзиши ман аз Максим Горкий» дар «Тоҷикистони Сурх»  чоп шудаанд. Мо гуфтанием, ки дар идомаи  чунин мукотиба ё робита Шумо, Муҳаммад Сайфиддинович, дар ин рузҳои ҷашни устод Лоҳутӣ хидмати арзанда кардед. Ба гуфти шоир: Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд… Ташаккур, устоди арҷманд!

Мусоҳиб  Доро  Наҷот.
“Тоҷикистони Советӣ”, 4 декабри соли 1987.

Таҳияи
Ниримеҳан МАҲМАДБЕКОВА,
мутахасиси шуъбаи матбуоти даврӣ.