Китоби нав. Мурод Эшонқўлов: Танбўр ва сато

Танбўр ва сатоМурод Эшонқулов, мураттиби китоби “Танбӯр ва сато” ахиран як нусха аз ин китобро ба Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ тақдим намуд. Ин китоб соли ҷорӣ чоп шудааст ва Фирӯз Улмасов, Алишер Аминӣ муҳаррирони он мебошанд. Ба китоб номзади илмҳои таърих Раҳимҷон Аминҷонов ва мудири кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқӣ Саидмаҳмуд Саидҳомидов тақриз навиштаанд.

Тавре аз муқаддима мехонем, танбўр яке аз созҳои мусиқии қадимии мардуми эронинажод аст, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ борҳо аз он ёд шудааст. Сози  танбўр таърихи хеле тўлонӣ дорад. Ҷараёни пайдоиш ва такмили ин созро пеш аз ҳама, донишмандони мусиқишиноси кишварҳои Моваҳуннаҳру Хуросон аз  нигоҳи илмӣ дар навиштаҳои хеш баён кардаанд. Аз ҷумла, файласуфи риёзидон ва мусиқидони машҳур Абунасри Форобӣ, адиб ва мусиқишиноси номӣ Котибии Хоразмӣ, олиму шоири бузурги тоҷик Абуали Ибни Сино, мусиқишинос Ибни Зайлаи Исфаҳонӣ ва дигарон дар асарҳояшон роҷеъ ба танбўр маълумоти муфидеро ҷой додаанд.

Истилоҳи танбўр ва ваҷҳи тасмияи он дар осори хаттӣ ба таври гуногун шарҳ ёфтааст. Аз ҷумла, мутриб, мусиқишинос, оҳангсоз ва шоири асрҳои  ХVI –ХVII Дарвешалии Ҷангии Самарқандӣ дар рисолаи “ Туҳфауссурур” , “танбўр”- ро чун луфзи румӣ щарҳ дода , мураккаб аз “тан” ва “бур” донистааст, яъне “танбўр” – ба ҷунбиш овардани торҳои дил ё худ харошидани дилро ифода мекардааст.

Доктор Муҳаммад Муин калимаи “танбўр” – ро  паҳлавӣ ва муштак аз “танбўр”шарҳ додааст.

Дар такмили ин соз ва вусъати анъанаҳои шифоҳию классикии ромишгарии он хидмати навозандагону олимони мусиқӣ, монанди Аҳмади Дониш, Қорӣ Кароматуллоҳ, Камол Хоразмӣ Бобо Ҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдуғанизода, Содирхони Ҳофиз, Бобо Шариф ва дигарон басо калон аст. Дар байни сарчашмаҳое, ки оид ба пайдоиш ва такомули сози танбур ва навъҳои он (танбўри Хуросон ва танбўри Боғдод) шаҳри ҷомеъ ва муфассале додаанд. Махсусан мақолаҳои мусиқишиносони номии Эрон доктор Маҳдии Баркашлӣ ҷолиби диққат мебошанд.

Бори нахуст синфи махсуси таълими танбўр соли 1925 дар Бухоро ва солҳои 1928-1930 дар Самарқанд таъсис ёфт. Он солҳо дар Бухоророву Самарқанд тарзи омўзиши кулли созҳои мусиқӣ, аз ҷумла танбўр хоси гурўҳҳои миллии анъанавӣ буд. Аввалин хатмкунандагони чунин омўзишгоҳҳои Бухоро ва Самарқанд Маъруфҷон Тошпулотов, Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, Матюсуф Харротов ва дигарон буданд.

Ин китоб чун дастураммали таълимӣ тавсия шудааст.

Хонандагони азиз метавонандбо муҳтавои ин асари пажӯҳишиву  омӯзишӣ дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ошно шаванд.

Саодат НАБИЕВА
сармухассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.