Донишҷўёни филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии «МИСиС» дар Китобхонаи миллӣ

Имрўз донишҷўёни филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии «МИСиС» дар шаҳри Душанбе, аз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дидан намуданд.

Онҳоро кормандони шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳо пешвоз гирифта,ба сайри Китобхона бурда, бо хизматрасониҳову дастовардҳои ин макони илму маърифта ошно карданд.

Аз ҷумла, донишомўзон, толори феҳристхо, тарзи дархост намудани китоб,толорҳои асосии хониш, толори хониши электронӣ ва мусаввараи бузурги Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифро тамомшо намуда, таассуроти хуб бардоштанд.

 Умед аст сафи хонандагони Китобхона аз ҳисоби донишҷўён афзун хоҳад шуд.

Раҳима Аъзам,

шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ