Таблиғгари фарҳанг
Дар толори хониши хориҷӣ бо 42 забони олам китоб метавон мутолиа кард. Дар назди шуъбаи адабиёти хориҷӣ гӯшаи намоиши китоби 25 кишвари хориҷӣ ташкил гардидааст, ки ҳамасола меҳмонони зиёд аз дохил ва хориҷи мамлакат ба ин толор ташриф меоранд. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 25 гурўҳи хонандагони ватанӣ ва хориҷӣ ба шуъбаи адабиёти хориҷӣ ташриф оварданд.
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз масъалаи муҳими илму маорифи замони муосир мебошад. Бархӯрди тамаддунҳо ва иртибототи гуногунпаҳлӯи фаъолияти башарӣ ба донандагони забонҳои хориҷӣ ниёзмандиҳои зиёдро ба бор овардааст. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки барои омўзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои англисӣ ва русӣ, дар миёни тамоми қишрҳои аҳолӣ, ба хусус насли наврас, бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Бо мақсади амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи ҳукумати мамлакат ҷиҳати бо адабу фарҳанги мамолики хориҷӣ шиносонидани аҳолӣ шуъбаи адабиёти хориҷӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дорад. Шуъбаи адабиёти хориҷӣ аз соли 1938 ҳамчун бахш ба фаъолият оғоз карда, аз соли 1956 ба сифати шуъбаи алоҳида амал менамояд. Фонди китобии шуъба аз китобу маҷаллаҳо бо 42 забони хориҷӣ иборат буда, ба 4 қисм: 1) фонди умумӣ, 2) фонди Шарқ, 3) фонди Тоҷикистон, 4) мубодилаи байналмилиалии китоб ҷудо карда шудааст.
Фаъолияти шуъбаи адабиёти хориҷӣ дар 6 самти асосӣ ба роҳ монда шудааст:
- хизматрасонӣ ба хонандагон;
- мубодилаи байналмилалии китоб;
- коркарди адабиёти тозаворид;
- такмили адабиёти хориҷӣ;
- корҳои библиографӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи адабиёти хориҷӣ таҳияи дастурҳои библиографӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон дар адабиёти хориҷа” мебошад, ки шуъба дар ин росто корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Кормандон ба таври доимӣ паҳӯҳиш, мақола ва суҳбату гузоришҳое, ки оид ба таърих, фарҳанг, расму оин ва суннатҳои миллати тоҷик дар кишварҳои гуногуни олам ба нашр мерасанд, ҷамъоварӣ намуда, мавзӯъ дастурҳои мавзӯии библиографӣ таҳия менамоянд.
Хизматрасонӣ ба хонандагон аз дигар вазифаҳои шуъба буда, кормандон саъю кӯшиш менамоянд, ки талаботи муштариёнро ҷиҳати дастрас кардани китобу маҷалла ва дигар маводи таълимӣ қонеъ намоянд. Муштариёни асосии шуъбаро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни риштаҳои гуманитарӣ ташкил медиҳанд.
Дар назди шуъбаи адабиёти хориҷӣ гӯшаи намоиши китоби 25 кишвари хориҷӣ ташкил гардидааст, ки ҳамасола меҳмонони зиёд аз дохил ва хориҷи мамлакат ба ин толор ташриф меоранд. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 25 гурўҳи хонандагони ватанӣ ва хориҷӣ ба шуъбаи адабиёти хориҷӣ ташриф оварданд.
Инчунин шуъба барои таъмини хонандагон бо асарҳои олимони кишварҳои мухталиф яке аз маконҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, барои дастрасӣ ба китобҳои шоир ва нависандагони хориҷӣ аз тариқи мубодилаи байналмилалии китоб бо китобхонаҳои мамолики гуногун ҳамкориҳои мунтазам роҳандозӣ шудааст. Шарикони доимии мо Китобхонаи давлатии Русия, Китобхонаи миллии Беларус, Китобхонаи миллии Озарбойҷон ва Китобхонаи миллии Куриё мебошанд. Дар умум Китобхонаи миллии Точикистон бо 28 китобхонаҳои ҷаҳон аз 25 давлатҳои хориҷии дур ва наздик ҳамкорӣ дорад.
Масалан, Гӯшаи Олмон 22 июни соли 2012 аз тарафи Институти Гёте ва Сафорати Олмон дар Душанбе кушода шуд. Дар Гӯшаи Олмон барои омўзиши забони олмонӣ шароит фароҳам оварда шуда, бисёр хонандагон аз адабиёти он ҳамарўза истифода мебаранд.
Дар самти баргузор намудани чорабиниҳо соли ҷорӣ дастури библиографии таҳия ва нашркардаи шуъба – “Тоҷикистон дар адабиёти хориҷа солҳои1986-1990” бо коршиносони соҳаи китобдорӣ рӯнамоӣ карда шуд.
Толори васеъ ва зебову барҳавои шуъбаи адабиёти хориҷӣ барои баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” барои номинаи “Адабиёти ҷаҳон” интихоб гардидааст ва ду маротиба чорабинии мазкурро дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи адабиёти хориҷӣ ба васоити ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ ҳамкории зич дошта, ҷиҳати сабти барномаҳои гуногуни илмӣ-фарҳангӣ нақши арзанда дорад. Дар толори он шабакаҳои телевизионӣ мунтазам навор бардошта, дар барномаҳои маъруфи ҷумҳуриявӣ пешкаши тамошобинон менамоянд.
Шуъба ба ҳамаи ин дастовардҳо иктифо накарда, боз дар назди кормандон вазифагузорӣ намудааст, ки самтҳои фаъолияти худро васеъ ва пурмаҳсул созанд ва чун ҷузъи сохтории Китобхона саҳмгузори комёбиҳои он бошанд.
ИДИГУЛ Нусратуллозода,
муовини сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ