Донистаниҳо. Искандария чӣ шаҳре буд ва кай таназзул ёфт?

iskandariyaИскандария, яке аз марказҳои бархўрди афкори илмӣ ва фалсафию ирфонии Шарқу Ғарб дар давраи ҳелинизм. Ин шаҳрро Искандари Мақдунӣ ба унвони подош ва амали нек ба мисриён соли 332 то м. бунёд гузошт, зеро мардумаш бидуни ҷанг барои аз асорати Ҳахоманишиён озод шудан ба пешвозаш баромада, ўро «Писари Омун» (худои миллии мисриён) номида буданд.

Искандарияро бо дастури Искандар меъмори юнонӣ Дейнократ таҳрезӣ ва бино кард, ки баъдтар ба маркази муҳимми тамаддуни юнонӣ ва эронию  сурёнӣ табдил ёфт. Олимони соҳаҳои гуногун дар ин шаҳр ҷамъ мешуданд. Пас аз даргузашти Искандар, Батламиюси II (Птоломей; 285-246) барои васеъ кардани шаҳр соли 290 то м. китобхона ва осорхонаи бузург бо толори қироат сохта, сипас ба он расадхона, мадраса  ва дигар сохтмонҳои  ёрирасонро  ҳамроҳ кард. Дар натиҷа Искандария дар аҳди Батламиюси II ба ҳайси пойтахти илмию адабии ҳавзаи  илмии баҳри Миёназамин ном баровард.

Фарҳангшиноси машҳури Ғарб У.Ҷ.Дюрант гуфтаҳои муаррихони Юнонро дар бораи Искандария шарҳ дода, аз қавли Диодор навиштааст: «Страбон, ки дар асри авали милодӣ мезист, ин шаҳрро дорои 5 км тўл ва 1,5 км арз муаррифӣ кардааст. Плиний дарозии девори онро 25 км медонад. Қисми ҷанубу шарқии шаҳр ё Брухум шомили қасри салтанатӣ, осорхона, китобхона, мақбараҳои батламиюсиён, зарродхона, донишгоҳ  ва ҳазорон дукону мағоза буда, берун аз дарвозаи шаҳр як майдони варзишӣ, майдони аспсаворӣ ва амфитеатр ҷой гирифтааст. Ҳеродот роҷеъ ба ин шаҳр навиштааст: «Искандария шаҳри Афродит аст ва ҳама чиз, аз сарвату варзишгоҳу артиши бузург ва осмони софу намоишгоҳҳои умумӣ, файласуфон, зуруфи қиммат, ҷавонони хубрўй, қасри салтанатӣ, академияи улум, шароби олӣ ва занҳои хушгил дар он ёфт мешаванд».

Искандария ҳамчун маркази илмӣ бисёр олимони аҳли қадимро дар соҳаҳои гуногуни илм ба камол расондааст. Яке аз донишмандони ин марказ Евклид (325-265) буд. Ў ҳамзамони Батламиюси II буда, муаллими мадрасаи Искандария ва яке аз бунёдгузорони илми ҳандаса ба шумор мерафт. Риёзидони машҳур Архимеди Сиракузӣ (287-212 то м.), ки чандин кашфиёти риёзиро ба ў нисбат медиҳанд, аз тарбиятёфтагони ҳавзаи илмии Искандария мебошад. Риёзидонони дигари ин марказ Аполлоний Пергӣ (262-190 то м.) ва Ератостенеси Куренагӣ (276-196 то м.) буданд. Ду нафар мунаҷҷими аҳди қадим низ дар ин марказ ба камол расидаанд: Ҳиппархус Никейӣ (190-120 то м.), соҳиби назарияҳои хос дар масъалаҳои гардиши афлок ва Батлимуси Қалузӣ (100-170), ки дар пайравӣ аз Ҳиппархус китоби маъруфи худ «ал-Маҷистӣ» («аl- Mageste»)-ро навишта, расадбандии ситораҳоро вобаста ба мавқеъ ва равшаноии онҳо муайян кардааст. Ў ҳамчунин маҷмааи  донишҳои астрономияи қадимро тартиб дода буд.

Шуҳрати маркази илмии Искандария дар илми тиб ва шарҳу таъбири он низ ниҳоят бузург  буд. Дар он роҳу равиши табиби юнонӣ Буқрот (460-370 то м.), ки ўро падари илми тиб мешумориданд, мавриди баҳсу мунозира қарор дода шуда, ба осори ў тавзеҳу тафсирҳои гуногун навишта мешуданд. Табибони Искандария ба таълифу таҳқиқи тиббу дорушиносӣ ва мутарҷимон ба тарҷумаи осори Буқрот машғул буданд. Яке аз табибони машҳури он давра Эрасистрат (Erasistratus, 304-250 то м.) – набераи Арасту мадрасаи маъруфи худро дар Азмирак бунёд карда, дар шарҳу таъбири тибби умумӣ алломаи замон будааст. Табиб ва олими бузурги дигар Ҳерофилос (Herophilos, 335-280 то м.) мебошад, ки бо фармони Батламиюс дар пайравӣ аз равиши ҳеллиниёни пеш аз ислом баъзе таҷрибаҳои тиббиро дар маҳбусон амалӣ мекард. Ў дар эҷоду ташкили ҳавзаи илмии Искандария саҳми назаррас гузоштааст. Яке аз табибони машҳури дунё Ҷолинус низ дастпарвари Искандария мебошад.

Искандария ҳамчун маркази илмӣ тақрибан то зуҳури ислом вуҷуд дошт. Бино ба маълумоти муҳақиқон, дар асрҳои 6-7 низ фаъолиятҳои таҳқиқотӣ бар зидди донишмандони Искандария камубеш идома дошт. Баъд аз Мисрро тасхир кардани ислом, Искандария таназзул ёфт ва олимони ҳавзаи мазкур дар шарқи Эрон пароканда шуданд.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 418.

Муаллиф:  М. Ҳазратқулов.
Таҳияи:  Шаҳноза САДИРЗОДА
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.