Ду ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз Китобхонаи миллӣ аз ҷониби роҳбарият қадрдонӣ шуданд
Шаҳноза Дониёрова ва Назира Толибова – ду ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинои адабиёти кӯдакон субҳи имрӯз аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ қадрдонӣ шуданд. Ҷумахон Файзализода, Директори Китобхонаи миллӣ аз номи маъмурияти Китобхона онҳоро табрик намуд ва барояшон комёбиҳои беназир орзу кард.
Профессор Файзализода зимни тақдими гулдаста ва миқдори муайян маблағ иброз дошт, ки роҳбарияти муассиса ҳамеша дар талоши он аст, ки аз пӯяндагони роҳи илму дониш қадрдонӣ кунад ва онҳоро дар ҳар ҳолат дастгирӣ намояд.
Ҳадятуллои Амриддин, сардори шуъбаи котиботи Китобхона мегӯяд ҳам Шаҳноза ва ҳам Назираро чанд сол боз мешиносам, чун дар як Муассиса кор мекунем. Солҳост ки дар шуъбаи кӯдакон ва наврасон кор мекунанду ҳамарӯза корашон аз хидмат ба қишри хеле хурдсол – яъне кӯдакон иборат аст. Бояд қабул кунем, ки кор бо кӯдакон осон нест ва дар як рӯз садҳо хонандаро бо муомилаи хуб, модарвор навозиш кардану дархости онҳоро иҷро кардан садоқату пойдорӣ ва заҳмати зиёд талаб мекунад.
Ин ду бону дар баробари тамоми масъулияти идорӣ ва мушкилоти рӯзгор ҳеҷ гоҳ дил аз мутолиа наканданд ва худ намунаи ибрати кӯдакони хурдсол шуданд. Дар баробари хонандагони хурдсол онҳо низ китоб хонданду шеър ҳифз карданд. Ин талошу кӯшишҳо буд, ки ҳар ду имсол дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуданд ва хурсандиовар ин аст, ки ҳар ду дар як номино сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дониёрова Шаҳноза дар номинои адабиёти бачагона сазовори ҷойи II ва Толибова Назира сазовори ҷойи III гардиданд. Албатта, пирӯзии онҳо пирӯзии коллективи бисёрнафараи Китобхонаи миллӣ мебошад.