Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 21-уми декабр

Як-рузи-таърих-21-12-2022Соли 1375 дар Черталдо, дар наздикии Флоренсия,  нависандаи итолиёвӣ, яке аз аввалин намояндагони адабиёти башардӯстии замони Эҳё, Ҷованни Боккаччо, дар синни 62-солагӣ даргузашт. Ӯро канори Данте яке аз ислоҳгарони забони итолёвӣ медонанд. Бокаччо муаллифи достонҳо дар мавзуъҳои асотири антиқӣ мебошад.

Асарҳои аввалини Боккаччо (давраи Неаполитан) аз достонҳои «Филострато» (тақрибан 1335), “Декамерон”, “Рисолае дар сурдҳои Данте”, «Тезеида» (тақрибан 1339-1341), “Руъёи ошиқона”, “Дар бораи занони номӣ”, “Таронаҳои шубонӣ”,  ва романи «Филоколо» (тақрибан 1336-38) мебошанд, ки дар асоси сужаҳои романҳои асримиёнагӣ эҷод шудаанд.

Соли 1639 дар Ла-Ферте-Милон намоишноманависи фаронсавӣ ЖанБатист Расин, ба дунё омадааст. Ў яке аз се намоишноманависи барҷастаи асри XVII-и Фаронса дар баробари Корнел ва Молйер ба ҳисоб меравад.

Ҳамчун пайрави анъанаи классикӣ, эҷодиёти Расин аз мавзӯъҳои таърихӣ ва асотири антиқӣ иборат аст. Сужаҳои намоишномаҳои ў дар бораи ошиқи оҷиз ва ишқи боэҳтирос нақл мекунанд. Намоишномаҳои ӯ одатан ҳамчун фоҷиаи неоклассикӣ тасниф карда мешаванд; дар онҳо қоидаҳои анъанавии жанр: панҷ амал, макони доимӣ ва замон (яъне вақти  вокеаҳои тасвиршуда ба як рўз рост меояд ва онҳо дар як макон рўй медиҳанд) риоя мешаванд. Хусусиятҳои асосии назми Расин содагии амал ва намоишнома аст, ки комилан дар асоси шиддати дохилӣ сохта шудааст.

Песаҳои «Андромаха», «Британик», «Ифигения», «Федра» мансуби ўянд.

Соли 1796 дар деҳаи Мясотаи ноҳияи Ошмяний шоири лаҳистонӣ Томаш Зан ба дунё омадааст. Томаш аз соли 1816 муноҷот, манзума, сегона, шеър, асарҳои ҳаҷвӣ навиштааст, ки миёни онҳо достони мазҳакавии «Марги тамокудон» машҳур аст.

Соли 1900 нависандаи рус ва шӯравӣ, филмноманавис ва намоишноманавис, рўзноманигор, хабарнигори ҳарбӣ, барандаи мукофоти сталинӣ (1949), Всеволод Виталиевич Вишневский таваллуд шудааст.

Генрих-БёлльСоли 1903 дар Ню Йорк нависандаи амрикоӣ, яке аз муваффақтарин адибони нависанда дар жанри пулисӣ Лоренс Трит ба дунё омадааст.

Соли 1917 дар Кёлн  нависандаи олмонӣ ҲенрихБёлл  барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1972 ба дунё омадааст.

Бёлл шояд аввалин ва машҳуртарин нависандаи Олмони ғарбии насли  баъдиҷангӣ буд, ки китобҳояш ба тарҷумаи русӣ нашр шудаанд. Аз соли 1952 то соли 1973 зиёда аз 80 ҳикоя, повест, роман ва мақолаҳои нависанда ба забони русӣ ба табъ расидааанд,  ки дар муқоиса ба ватанаш Олмон бо тиражи хеле зиёд чоп шудаанд. Дар Иттиҳоди Шўравӣ чандин миллион нусха асарҳои ў фурухта шудаанд.

Нависанда борҳо ба Иттиҳоди Шӯравӣ сафар доштааст, ў ҳамчун мунаққиди ҳукумати шӯравӣ низ маъруф буд.

Асарҳои Ҳенрих Бёлл ба 48 забони ҷаҳон тарҷума шудаанд.

Қатор ба мавқеъ расид”, “Гӯсфандони сиёҳ”, “Одам, куҷо будӣ?”, “Ва ҳатто як калима ҳам нагуфт”, “Хонае бе сарпараст”, “Нони солҳои ҷавонӣ”, “Ҷудоӣ аз гурӯҳ” аз ҷумлаи асарҳои ӯянд.

Фрэнсис-Скотт-ФицджеральдСоли 1940 дар Ҳолливуд, нависандаи амрикоӣ, бузургтарин намояндаи ба истилоҳ “насли гумшуда” дар адабиёт, Фрэнсис Скотт Фитзҷералд дар синни 44-солагӣ аз сактаи қалб даргузашт. Вай аз ҷумлаи нависандагони муваффақи роман ва достонҳои кутоҳ буд ва чун як нависандаи бузурги асри бистум мешиносанд.

Фитзҷералд бо асари “Гэтсбии бузург” (1925) ва як қатор романҳо ва ҳикояҳои кӯтоҳе, ки дар бораи «асри ҷаз»-и амрикоии солҳои 1920 эҷод кардааст, маъруф аст. Истилоҳи “даврони ҷаз” ё “асри ҷаз” аз ҷониби худи Фитсҷералд таҳия шудааст ва давраи таърихи Амрикоро аз охири Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ то таназзули бузурги солҳои 1930 ифода мекунад.

Аз Фрэнсис Скотт Фитзҷералд панҷ роман ва маҷмуаи достонҳои кутоҳи ӯ ба форсӣ тарҷума ва дар Эрон чоп шудааст. “Ин сӯи Биҳишт”, “Зебо ва малъун”, “Гэтсӣии бузург”, “Латиф аст шаб”, “Охирин Қорун”, “Руъёҳои зимистон” низ асарҳои ӯянд.

Лион-ФейхтвангерСоли 1949 дар Черноветс шоир ва мутарҷими исроилии рус Игор Бялский ба дунё омадааст. Ў муҳаррири маҷаллаи “Байтулмуқаддас” ва вебсайти “Антологияи Иерусалим” мебошад.

Соли 1958 нависандаи яҳудтабори олмонӣ Лион Фейхтвангер (Lion Feuchtwanger)  вафот кард. Ў яке аз муаллифони серхонандатарини ҳикояву романҳо ба забони олмонӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.  Бо асарҳои зиддифашистӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрат ёфт ва бо даъвати Ҳукумати Шӯравӣ  соли 1937 ду моҳ дар СССР буд ва ҳатто И. Сталин ўро ба ҳузури худ пазируфт. Китоби «Москва. 1937 ”, ки дар бораи зиндагии Иттиҳоди Шӯравӣ, Сталин ва мурофиаҳои намоишӣ дар СССР нақл мекунад, дар Маскав ба теъдоди зиёд чоп шуд. Ҳатто бо супориши Иосиф Сталин В.С.Молодсов бо   дар як рӯз чопи китобро ташкил кард.

Таҳияи
Сафаргул ҲУСАЙНОВА