Ду нафар собиқадорони Китобхонаи миллӣ ба нафақа гусел шуданд

Маҳбуба-Раҷабова-ва-Адолат-ЗаҳуроваБоз ду нафар аз ҷумлаи собиқадорони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аввали ҳафта дар як ҷаласаи тантанавӣ бо иззату икром ба нафақа гусел шуданд. Инҳо Адолат Зуҳурова ва  Маҳбуба Раҷабова, ду корманде, ки бо заҳмати софдилона миёни ҳамкорон соҳиби обрӯ шуда буданд, ду зан, ду модари мушфиқ барои фарзандон.

Маҳбуба Раҷабова хатмкардаи факултаи баҳисобгирии буғалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аз соли 2014 инҷониб дар Китобхонаи миллӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Корро аз шуъбаи нигоҳдрии китоб оғоз намуда, тамоми паҳлуҳои кори ин шуъбаро аз худ мекунад ва ҳамчун мутахасиси хуби соҳа фаъолиятро идома медиҳад. Дар ин муддат ҳамчунин ба омӯзиши курси ТДУ (Таснифоти даҳгонаи универсалӣ) ҷалб мешавад. Баъди бо мувафақият хатм намудани ин давраи омӯзишӣ Маҳбуба Раҷабоваро ҳамчун мутахассис ба шуъбаи коркарди адабиёт интиқол медиҳанд. Аз соли  2017 дар ҳамин шуъба ба таснифоти китобҳо машғул буд.

Маҳбуба-Раҷабова-ва-Адолат-Заҳурова

– Ман ифтихор мекунам, ки дар Китобхонаи миллӣ кор мекунам. Ин ҷо макони илму маърифат ва донишу фарҳанг аст. Инсон худро ин ҷо аз ҳар ҷиҳат инкишоф медиҳад ва метавонад бо хазинаи бебаҳои китобҳо шинос шавад, – мегӯяд Маҳбуба Раҷабова.

Адолат Заҳурова – корманди дигари соҳибтаҷриба аст, ки то имрӯз аз таҷрибаҳо ва фаъолияти кориаш ба ҷавонон манфиати зиёд расондааст. Корро аз рӯзи аввали ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ дар шуъбаи нигоҳдории китоб оғоз карда, давоми 11 сол аст, дар ин макон кору фаъолият мекунад.

– Вақте дар Китобхона кор мекунӣ бароят бисёр фараҳбахш аст. Ҳар рӯз бо хонандагон рӯбарӯ мешавӣ, илмомӯзиии онҳо туро бетараф гузошта наметавонад,-мегӯяд ӯ ва илова мекунад:

– Ифтихор мекунам, ки дар ин макон кор кардаам ва Китобхонаи миллӣ яке аз камтарин ҷойҳоест, ки инсон оромиш меёбад. Макони илму дониш хазинаи бебаҳои миллату давлат. Ба ин даргоҳ эҳтироми хоса дорам.

Ҳамчунин дар ин рӯз Иттифоқи касабаи Китобхонаи миллӣ чун анъана ба собиқадорон туҳфаҳои хотирмон тақдим кард.

Наргис НАЗАРЗОДА