Дуюмин китоби насрнависи ҷавон Бахтиёри Роҳат “Нафаси дубора”

Нафаси дубора“Нафаси дубора” дуюмин китоби адибу насрнависи ҷавон Бахтиёри Роҳат аст, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Муҳаррири китоб Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода буда, қиссаест хонданиву шуниданӣ ва таҳлилу баррасии адабии як моҷарои ҳаёти имрӯзи мост.

Дар сарсухан мехонем:  “Нафаси дубора “ асарест, ки аз забони қаҳрамони он моро бо андешаву ҳолати марди деҳотие, ки амри тақдир муддате чанд дар муҳити шаҳр побанд мондааст, шарик месозад.

Гарчанд дар аввали асар яъсу ноумедии Мирзои 71 –сола аз фавти зани дўстдоштааш Гулбону, сипас дар беморхона гирифтори ҷарроҳӣ гардидану ноилоҷ дар хонаи писару келини шаҳриаш иқомат кардани ў эҳсос мегардад, вале оҳиста – оҳиста хатти сужети асар оҳанги некбинона гирифта, зиндагии Мирзо ба сифати нав идома меёбад.

Баъзан вохўрӣ бо шахсияти нав ба сарнавишти инсон таъсири бузург мерасонад, хоҳ мусбат, хоҳ манфӣ. Акнун Мирзо гўё воқеияти синнусолӣ, ҷараёни ба нафақа баромадану пир шудан, дарди  ҷудоӣ аз наздиконро сарфи назар менамоянд. Ў марди оромтабиату меҳрубон ва зиндагидида аст. Аз чӣ бошад, ки дар ҳузури  Мирзо Маҳваши  43- сола худро бароҳату осуда эҳсос менамояд. Дар камгуфтории ин мард олами маънӣ ниҳон аст. Маҳваш, ки мушкилоти рўзгорро дидааст, ба ин марди дар синну сол аз худаш калон меҳр мебандад. Ишқу муҳаббати ҳар ду тавассути  дилбастагӣ ба шуғли дўстдоштаашон – варзиши сабук пурмазмуну мустаҳкам мегардад. Дарк намудани нозукиҳои дав ба масофаи дур ба онҳо болу пар мебахшад ва фазои  орзуҳо ҳидоят менамояд.

Муаллиф моҳирона моро бо мушкилоти давидан дар марофон ва ниммарафон шинос мекунад. Хонанда беихтиёр худро дар муҳити сабқати миллӣ ва байналмилалӣ бараъло эҳсос менамояд. Дар якҷоягӣ бо қаҳрамонони асар тавассути иродаву қудрат ба натиҷаҳои баланди варзиш ноил мегардад.

Муаллиф моро ба ноумед нашудан, пайваста баҳри зиндагии фаъолу солим ҷаҳду талош намудан, ошиқи олами рангини табиати кишвар шудану аз зебоиву ҷаззобии он сидқан ҳаловат бурдан, бо вуҷуди мушкилоти гуногун ҳуқуқи нафаси дубора бахшидан ба зиндагии хешро дар мисоли  қаҳрамони асар ҳидоят менамояд.

Таҳияи Саодат НАБИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар
.