Дуюмин рӯзи Дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ. Соати аввал беш аз 300 нафар ба дидани Китобхона омаданд

Дархои-боз-1Рӯзи дуввуми Дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ шуруъ гардид, ки субҳ  зиёда аз 300 нафар ташриф оварданд. Инҳо аз муассисаҳои гуногун, аз ҷумла шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино-1, Сино-2, Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абўалӣ ибни Сино, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки дирўз бештар аз 3000 сокинону меҳмонон ба Китобхонаи миллӣ дар доираи Рўзи Дарҳои боз бо мақдамашон ин макони зебову пурганҷинаро нуронӣ карданд.

Дуюмин рӯзи Дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

Рӯзи Дарҳои боз василаест барои муаррифии ҳунарҳои дигар. Дирӯз ширкатҳои мобилӣ бо истифода аз ҷамъияти зиёд худро ҳам муаррифӣ карданд ва ҳам корт фурӯхтанд.

Маврид ба ёдоварист, ки оғози Дарҳои боз тибқи муқарароти қаблӣ соати 08:30 дақиқа эълон шуда буд. Вале ҳанӯз соат 8 нашуда буд, ки алакай дастаи бузурги донишҷӯён интизор оғоз буданд.

Нашриёти “Адиб”, ки як ниҳоди муътабари нашаротии кишвар аст, намоиши китобҳои тозанашри худро ташкил намуд ва ҳамзамон ба хоҳишмандон китоб фурӯхт.

Ҳамчун тӯли ин ду рӯз аст, ки донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъат ва дизайнери Тоҷикистон намоиши асарҳояшонро баргузор намуданд, ки миёни бинандагон харидорону ҳаводорони зиёд пайдо карданд.

Раҳима БОБОЕВА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.