«Дунёи меҳр»нобиноёнро ба ҳам овард
Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии шахсони нобино ва қувваи босираашон заиф соли 2010 Қонуни ҳифзи иҷтимоии маъюбонро қабул намуд, ки аз дастгирии пайваставу ғамхоронаи давлат нисбати ин гурӯҳи аҳолӣ шаҳодат медиҳад. Дар ҳамин ҳол қонунҳои дигаре ҳам барои кӯмаку дастгирии маълулон ба тасвиб расид, ки бетарф набудани Сарвари давлат нисбати шахсони дорои имконоти маҳдудро нишон медиҳад. Соли 2016 “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қабул шуд, соли 2018 “Конвенсияи Созмони Миллали Мутаҳҳид доир ба ҳуқуқи маъюбон” ва соли 2018 “Шартномаи байналмилалии Марокаш оид ба баланд бардоштнаи вазъи иттилоотӣ ва маълумотнокии нобиноён” ба тасвиб расид.
Дар заминаи дастгириву ғамхориҳои мунтазами кишвар 3-юми декабри соли 2024 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии нобиноён “Асои сафед” дар кохи Суруш фестивали “Дунёи меҳр” доир гардид, ки сарпарастони он Кохи Суруш ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Вавилон-Мобайл” буд.
Дар Фестивал ҳамчунин хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.
Фестивалро Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон барпо намуд, ки дар он нобиноёну афроди босираашон суст, инчунин созмонҳои маъюбон аз гӯшаву канори кишвар, вилояти Суғд, Хатлон, Ҳисор, Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон гирди ҳам омаданд.
Маҳфилро директори Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон Жантемир Нормуродов оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳадафи ин маҳфил пайванд додани аҳли ҳунар миёни нобиноёну сустбинон ва муаррифии ҳунари онҳо барои мардум аст.
Сипас намояндаи ширкати Вавилон Холиқназар Ҷумъаев суханронӣ намуда, ҳозиринро ба фестивали “Дунёи меҳр”хушомадед гуфта, иброз дошт, “Вавилон-Мобайл” аз оғози фаъолияти худ ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамеша дастгирии маъюбонро дар маркази сиёсати иҷтимоии худ қарор медиҳад.
Фестивал бо суруди “Эй Пешво, эй раҳнамо” оғоз гардида, ба истиқболи гарму ҷғшони бинандагон рӯ ба рӯ шуд.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 15000 нафар одамони нобино ва қувваи босираашон суст зингдагӣ мекунанд. Ин фестивал идомаи дастгириву ҳавасмандградонии ҳукумати кишвар аст, ки ба ҳунармандону ҳаваскорони нобино барои дар саҳнаҳои бузург ҳунарнамоӣ намудани имкон медиҳад, то қобилияту маҳорати хешро ба намоиш бигузоранд.
Дар маҳфили ҳунарӣ суруду тарона ва рақсҳои дилнишини миллӣ дар иҷрои ҳаваскорону ҳунармандони нобино ва сустбин аз тамоми гушаву канори кишвар пешкаши бинандагон гардид. Ва на танҳо ҳунармандону ҳаваскорони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ маҳораташонро муаррифӣ намуданд, барои дастгирии онҳо ҳунармандони маъруфи эстрада Фирӯза Ҳафизова, ҳаҷвнигор Ташриф Халилов ва дигарон ширкат ва ҳунарнамоӣ намуданд.
Дар поёни маҳфили ҷашнӣ ширкатдорон бо ҷоизаву ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.